Главная / Илм / ДОРУХОИ МУСХИЛ

ДОРУХОИ МУСХИЛ

phenolphthaleinДОРУХОИ МУСХИЛ, моддахое, ки дорухое, ки кашиши мушаки девораи руда (перисталтика)-ро таквият дода, ба хамин восита барои зуд холи шудани он кумак мерасонанд. Д. м.-ро хангоми кабзият, захролуди, инчунин дар аснои тайёри ба муоина ва чаррохии меъдаю руда таъин мекунанд.
Д. м. ба тамоми рудахо таъсир мерасонанд. Дар мавриди кабзияти музмин он Д. м.-е таъин карда мешаванд, ки ба рудаи гафс асар меоранд. Чунин беморон Д. м.-ро бояд мунтазам ва тулони истеъмол кунанд. Азбаски моддахои гизои асосан дар рудаи борик чаббида мешаванд, агар Д. м.-и ба тамоми рудахо таъсир доштаро таъин кунанд, хазми моддахои гизои халал ёфта, организм заиф мегардад. Камбудии Д. м.-и наботи (ревоч, унноб, санои Макка) дар он аст, ки хассосият нисбати онхо суст мешавад; хангоми кам-кам ва дуру дароз истеъмол кардани ревоч, он, баръакс, мумкин аст боиси кабзият гардад. Истеъмоли тулонии дорухои сунъи (мас. фенолфталеин ва изафенин) мумкин аст фаъолияти баъзе узвхои дарунро халалдор созад. Бисёр Д. м. ретсепторхо (нугхои асаб)-и луобпардаи рударо ба ангезиш меоранд. Ба ин гурух Д. м. намакхо (сулфати магний, сулфати натрий) ва равгани канадона мансубанд. Намакхои мусхил дар об зуд хал мешаванд. Ионхои дар ин маврид хосилшударо меъдаю руда нагз намечаббанд. Гилзати баланди онхо дар руда фишори таровишро меафзоянд, дар натича чаббиши об дар руда душвор мегардад. Мухтавии руда зиёд шуда, он каме меёзад. Ретсепторхои девораи руда ба ангезиш меоянд, суръати кашиши мавчмонанди он тез мешавад. Намакхои мухсил чаббиши обро дар руда ба таъхир андохта, чаббиши моддахои дигарро суст менамоянд. Бинобар ин онхоро аксар вакт барои рафъи захролуди (агар моддаи захрнок ба меъдаю руда ворид шуда бошад) таъин мекунанд. Таъсири исхоловари равгани канадона ба тачзия шудани он вобаста аст. Равган дар рудаи дувоздахангушта тачзия гашта, моддахое хосил мешаванд, ки ретсепторхои луобпардаи рудахоро ба ангезиш меоваранд. Дар ин маврид харакати мавчмонанди онхо пурзур мешавад.
Д. м.-ро факат бо таъиноти духтур истеъмол бояд кард. Зеро дар мавриди кабзияте, ки бо баъзе беморихо, мас., аппендитсит вобаста аст, худсарона истифода бурдани Д. м. мумкин аст боиси оризахои чидди гардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …