Главная / Илм / ДОРУХОИ ДАРДБАР

ДОРУХОИ ДАРДБАР

obezbolivaushhie_preparatyДОРУХОИ ДАРДБАР, дорухои рафъи дард, моддахое, ки бо максади фуру нишондани дору истифода мешаванд. Дар байни онхо ба истилох дорухои камкунандаи дард (аналгетикхо) мавкеи мухим доранд.
Аналгетикхо наркози ва гайринаркози мешаванд. Ба аналгетикхои наркози морфин, омнопон, промедол, фентанил ва г. мансубанд. Онхо хисси дард, аз чумла дарди шадидеро, ки хангоми зарбулат, сухтаги, сактаи дил ва г. пайдо мешавад, рафъ мекунанд. Дардро рафъ кардани аналгетикхои наркози дар он зохир мегардад, ки онхо ба интиколи импулсхои дард дар кисмхои гуногуни хароммагз ва майна монеъ мешаванд. Ин гурухи дорухо таассуроти нохуш (тарсу вахм, хаячон, рухафтодаги)-и марбут бо дардро рафъ карда, хисси халовати чисмони ва рухи (ба истилох эйфория)-ро ба вучуд меоранд. Дар сурати чандин бор тазрик намудани микдори муайяни аналгетикхои наркози организм ба он одат мекунад ва таъсири дардбари суст мегардад. Дар натичаи истифодаи тулонии Д. д. шахс мумкин аст гирифтори нашъаманди шавад. Аз ин ру, аналгетикхои наркози зери назорати катъи буда, истеъмоли онхо махдуд аст. Бе таъиноти духтур истифода бурдани онхо чиноят махсуб мешавад.
Ба аналгетикхои гайринаркози дорухои синтезии сохти химиявиашон гуногун (кислотаи атсетилсалитсилат, амидопирин, аналгин, бутадион, парасетамол ва г.) мансубанд. Таъсири ин аналгетикхо нисбат ба аналгетикхои наркози суст буда, асосан зимни дарде, ки дар натичаи газаки узву бофтахои гуногун (дарди дандон, дарди газаки бандхо, мушакхои скелет, неврит ва г.) пайдо мешаванд, самарабахш аст. Чунин дорухо табшикан хам мебошанд (ниг. Дорухои табшикан); аксарияти онхо хосияти зидди газак хам доранд (ниг. Дорухои зидди газак). Ин дорухоро бе таъиноти духтур истифода бурдан чоиз нест. Дар натичаи муддати зиёд истеъмол кардани аналгин, амидопирин ва бутадион мумкин аст чараёни хунофари халал ёбад. Мунтазам ва бе назорати духтур истифода бурдани дорухои кислотаи салитсилат (мас., кислотаи атсетилсалитсилат ва салитсилати натрий) луобпардаи меъдаро ангехта, боиси хунравии он (махсусан агар доруро майда накарда, истеъмол кунанд) мегардад, мучиби садо додани гуш, заъфи сомеа, вазнин чараён гирифтани баъзе беморихо (мас., зики нафас ва г.) мешавад.
Дорухои гуногуне низ, ки ба гурухи аналгетикхо мансуб нестанд, метавонанд дардро рафъ кунанд. Чунончи, хисси дарде, ки бо ташаннучи мушакхои суфтаи узвхои даруни алокаманд аст, аз таъсири дорухои ташаннучшикан – атропин, дорухои шобезак (белладонна), папаверин, но-шпа ва г. кам мешавад. Барои рафъи дарде, ки дар натичаи ташаннучи рагхо пайдо шуда, пайваста бо ихтилоли таъмини хуни узвхои чудогона чараён мегирад, дорухои васеъкунандаи раг бештар манфиат мебахшанд. Аз чумла дарди аз зики дил пайдошударо бо дорухое, ки гардиши хунро дар дил бехтар мегардонанд (нитроглитсерин) паст карда, дарди сарро, ки ба баланд шудани фишор вобаста аст, бо дорухои фишоршикан рафъ мекунанд. Дар аснои дарди шикаме, ки аз сабаби гун гаштани бод дар руда пайдо шудааст, дорухои бодрон (мас., оби шибит; ба ихрочи газ аз руда мусоидат мекунанд) ё карболен (доруе, ки бодро ба худ мекашад) манфиат меоранд. Ин дорухо ба сабаби хисси дард таъсир мерасонанд. Барои истифодаи босамари Д. д. ва муайян кардани сабабу хусусияти дард ба духтур мурочиат кардан лозим аст.
Бе таъиноти духтур ва то аник муайян намудани сабаби хисси дард истеъмол кардани Д. д. мумкин аст окибати бемориро вазнин гардонад. Чунки бартараф намудани дарде, ки нишонаи бисёр беморихо мебошад, барои сари вакт муайян кардани сабаби бемори душвори пеш меорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …