Главная / Илм / ДОРУХОИ АНТИГИСТАМИНи

ДОРУХОИ АНТИГИСТАМИНи

tavegilДОРУХОИ АНТИГИСТАМИНи, дорухои зиддигистамини, моддахое, ки таъсири гистаминро кисман ё пурра фуру менишонанд. Ретсепторхои нисбати гистамин хассос ду намуд мебошанд: H1-ретсепторхо ва H2-ретсепторхо. Хангоми ба H1-ретсепторхо таъсир расондани гистамин мушакхои суфтаи руда, бронххо ва бачадон кашиш мехуранд; дар мавриди ба H2-ретсепторхо таъсир кардани он бошад, тарашшухи гадуди меъда меафзояд. Дар рагхои хунгард хар ду намуди ретсепторхои гистамини вучуд доранд. Зери таъсири гистамин ангезиш ёфтани онхо боиси паст гаштани фишори шараён мешавад.
Ба дорухое, ки H1-ретсепторхоро интихобан мухосира мекунанд, димедрол, дипразин, диазолин, супрастин, тавигел ва фенкарол мансубанд. Ба дорухое, ки H2-ретсепторхоро мухосира менамоянд, симетидин ва ранитидин тааллук доранд.
Блокаторхои H1-ретсепторхо амалан кариб хама гуна таъсироти гистаминро суст мекунанд (гайр аз таъсири ангезишовари он ба тарашшухи меъда). Мас., Д. а.-и гурухи мазкур ташаннучи мушакхои суфтан бронххо, руда ва бачадонро, ки зери таъсири гистамин ба вучуд меояд, пешгири ё суст мекунанд; нуфузпазирии мурагхоро заиф сохта, бо хамин инкишофи варами бофтахоро, ки бар асари гистамин зухур меёбад, пешгири менамоянд.
Давомоти таъсири бисёр Д. а. 3 – 6, тавегил 8 – 12, диазолин то 46 соат аст. Блокаторхои H1-ретсепторхоро асосан хангоми беморихои аллергии гуногун таъин мекунанд (саглес, варами ангионеврози, табларзаи хасбедаи, конъюнктивити аллерги, аллергияи доруи ва г.). Д. а. зимни зики нафас ва шоки анафилакси самараи кам доранд.
Блокаторхои H2-ретсепторхо тарашшухи кислотаи хлоридро, ки зери таъсири гистамин, пентагастрин, инсулин, кофеин ва гизо ба вучуд меояд, суст менамоянд. Онхо бо хамин рох туршии шираи меъдаро кам мекунанд. Дорухои мазкур барои муоличаи бемории захми меъда ва рудаи дувоздахангушта, инчунин дигар ночурихое, ки хангоми онхо туршии шираи меъдаро кам кардан лозим аст, кор фармуда мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …