Главная / Илм / ДОРУГУЗАРОНи

ДОРУГУЗАРОНи

inekciyaДОРУГУЗАРОНи, инъексия, яке аз усулхои ба организм фиристодани дору ё маводи ташхис. Д. тавассути шпритс ва сузандору ба амал бароварда мешавад. Доруро асосан ба зери пуст, дохили пуст, дохили мушак ва вена мефиристанд. Хангоми Д. самараи муолича зудтар фаро мерасад. Д. хусусан дар мавриди имконият надоштани истеъмоли дору муфид аст.
Барои Д.-и зерипусти ва дохилимушаки дар бадан чойхои махсус вучуд доранд. Аз ин чойхо рагхои хунгард ва торхои асаб намегузаранд, мас., пусти зери шона, шикам, бозу, сурин ва г. Дар вакти Д. риояи коидахои асептика ва антисептика хатмист. Кабл аз Д. дастро бо собун шустан лозим аст.
Дорухои обакиро аз ампула ба шпритс тавассути сузан кашида мегиранд; дорухои равгани ва гафс бе сузан гирифта мешаванд. Баъди гирифтани дору шпритсро бо сузанаш рост нигох дошта, дастакро андак зер мекунанд ва хавои дохили онро мебароранд. Чунки хатто хубобчаи хурди хаво низ метавонад дар зери пуст боиси пайдоиши зардоб шавад ё дар вена судда (эмболия) ба вучуд орад. Чоеро, ки дору мегузаронанд, бо спирт ё йод нагз тоза мекунанд. Баъди Д. ба чои сузанхалида махлули йод мемоланд ё пахтаро дар спирт тар карда, 2 – 3 дак. нигох медоранд.
Хангоми Д.-и дохилипусти сузани борикро ба кабати пуст мехалонанд. Дар сурати дуруст ичро кардани он баъди фиристодани дору дамидагии хурди шабех ба пусти лиму пайдо мешавад.
Дар мавриди Д.-и зерипусти пустро бо ангушт кабза карда сузанро ба чукурии 2 – 3 см медароранд. Доруе, ки дар махлули изотонии натрий хлор тайёр карда шудааст, нисбат ба доруи дар равган омодашуда зудтар чаббиш меёбад.
Хангоми Д.-и дохилимушаки сузандору чукур халонда мешавад. Ин навъи Д.-ро дар чойхои махсуси бадан, мас., кисми беруни рон (сурин) ба амал меоранд. Барои ба рагхои хунгард осеб нарасондан суринро фикран ба чор хиссаи баробар таксим мекунанд. Сузан ба хиссаи берунии болои халонда мешавад. Бо ин максад шпритсро байни ангуштони I, II ва III-и дасти рост гирифта, бо харакати чолокона ба 4 – 6 см равон месозанд. Сипас поршенро андак боло кашида бовар хосил мекунанд, ки сузан ба раги хун наафтодааст (агар сузан ба раг афтода бошад дар шпритс хун пайдо мешавад). Поршенро зер карда доруро мефиристанд. Эхтиёт шудан лозим аст, ки сузан то гулу ба пуст надарояд (дар ин маврид он мумкин аст шиканад).
Хангоми дуруст ичро кардани Д. ягон хел ориза ба вучуд намеояд. Дар сурати риоя накардан ба коидахои Д. мумкин шоки анафилакси, некрози бофтахо (мас., хангоми ба зери пуст афтодани хлориди калтсий, ки ба вена фиристода шуда буд), сироятхои мавзеи ва г. пайдо шаванд.
Кабл аз ба шпритс гирифтани дору ба ном, воя ва таркиби он шинос шудан лозим аст. Риояи коидахои асептика хатмист.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …