Главная / Илм / ДОНОВАНОЗ

ДОНОВАНОЗ

granuloma_inguinaleДОНОВАНОЗ, гранулёмаи зухрави (Granuloma venereum), бемории сироятии музмин. Асосан дар мамолики гармсер дучор меояд. Д.-ро бактерияхои Донован меангезанд. Бемори бештар бо рохи алокаи чинси интикол меёбад. Давраи нихонии он аз чанд руз то 3 мох аст. Дар мавриди сироят ёфтан, дар пусти аъзои таносул гирехчахо, обилачахо, пустула, карха (эрозия) ё ярачахо пайдо мешаванд. Дар чои захмхои шифоёфта мумкин аст хадшахо ба вучуд оянд. Д. одатан дуру дароз идома меёбад (1 – 2 сол).
Барои муоличаи Д. аз дорухои сулфаниламиди ва антибиотикхо истифода мекунанд. Бемории некфарчом аст. Бо максади пешгирии Д. ошкор ва табобат намудани беморон, ба рох мондани корхои маърифатию санитари дар байни ахоли ахамияти калон дорад. Ниг. низ Беморихои зухрави.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …