Главная / Илм / ДОНИШНОМАИ МАЙСАРи

ДОНИШНОМАИ МАЙСАРи

donishnomai-maysari«ДОНИШНОМАИ МАЙСАРи», асари манзуми панду ахлоки буда, ба мавзуи тиб бахшида шудааст. Муаллифи он шоир ва табиби маъруфи форсу точик Хаким Майсари мебошад. «Д. М.» кариб ба пурраги то ба замони мо омада расидааст. Нусхаи хаттии он дар Китобхонаи миллии Париж зери шумораи R-7799-310 махфуз аст. Ин нусха бо хати настаълики хоно аз тарафи Махмуди Табрезии Шохномахон дар таърихи чахоршанбеи севуми мохи рабеъу-л-охири с. 852 х. мутобик ба с. 1448 м. навишта шудааст. «Д. М.» дорои 4481 байт буда, яке аз бехтарин намунаи шеъри давраи Сомониён махсуб мешавад, ки аз соддаги ва равонии забони даврони худ бархурдор аст. Дар бораи сабаби ба забони дари навишта шудани он худи Майсари чунин мегуяд:

Чу бар пайвастанаш бар дил ниходам,
Фаровон ройхо бар дил кушодам,
Ки чун гуям-ш ман то дер монад
Ва хар кас дониши уро бидонад.
В-агар този кунам, неку набошад,
Ки хар касро аз у неру набошад.
Дари гуям-ш, то хар кас бидонад
Ва хар кас бар забонам бар биронад.

«Д. М.» с-хои 980/981 таълиф гардидааст. Рочеъ ба огози эчоди он ки ба с. 978 м. рост меояд, Хаким Майсари мегуяд:

Ман инро гуфтам андар мохи шаввол,
Ба шасту сесаду хафт омада сол.

Хамчунин Хаким Майсари нисбати ба анчом расонидани таълифи китоб менависад:

Биянчомид «Донишнома»-и ман,
Баромад з-у муроду комаи ман.
Ба соли сесаду хафтод будем,
К-аз ин нома хаме пурдухта шудем.
Ман аз ду бисту ду се баргузаштам
Ва девони чавони барнавиштам.

Аз ин маълум мегардад, ки «Д. М.» байни солхои 367 – 370 х. дар Хуросон дар замони хукмронии хокими маъруфи давр Абулхасан Мухаммад Иброхими Симчур эчод гардидааст.
«Д, М.» намунаи олии асари манзуми панду ахлоки ва илмии адабиёти форсу точик ба хисоб меравад. Он мисли дигар асархои давр бо кисми анъанавии маснависарои – хамду наът шуруъ шуда, 376 мавзуи хурду калони хам тиббиву хам панду ахлокиро дарбар мегирад.
Майсари аз бар намудани чор намуди дониш – дониши ситорашиноси, дониши хандаса, дониши пизишки ва дониши диниро талкин намуда, дониши диниро сутуни донишхо медонад ва мегуяд, ки бо ин ки ситорашиноси дониши хубе аст, ин вучуд агар касе онро надонад, газанде надорад ва хамчунин агар касе риёзиётро ёд нагирифт ва тахсил накард, зиёне надорад. Аммо агар пизишкиро ва динро надонад, ин дунё ва хам он дунё зарар хохад бурд.
Вай ба бартарии дониши тибби ишора карда мегуяд, ки агар касе бемор шавад, бемори уро аз касби дониши дин боз хохад дошт, зеро инсон то тандуруст набошад, наметавонад дониши диниро фаро гирад. Ва аз ин чо ахамияти илми пизишки дар миёни хар чахор илм ошкор мегардад. Майсари аз хамин сабаб пизишкиро мухимтар аз улуми дигар медонад ва ба ибораи дигар мехохад бигуяд: донистани тиб сабаби саломатии тан аст ва саломатии тан барои ёд гирифтани дониш зарур мебошад:

Сутуни харчи аз дониш чахор аст,
Ду з-он хамвора мардумро ба кор аст,
Нахустин з-у ситора, к-аш бидони,
Хама ойинхои у бихони.
Бидони сар ба сар рафтори уро,
Зи некиву бади кирдори уро.
Дигар дониш туро гуям кадом аст,
Мар уро хандаса зи Рум ном аст.
Шумурдан гар на паймудан-ш бунёд,
Чахон аз дониши у хаст обод.
Севум донишпизишки дониши тан,
Ки танро доштан бехтар зи чавшан.
Чахорум дониши дини худои,
К-аз у ёбад тан аз дузах рахои.
Пизишкидонишаш танро панох аст,
Ва дин донистанаш чонро сипох аст.

Майсарии Хаким ба масъалахои тибби дахл намуда, мисли таълимоти тибби кадими Шарк оид ба чор навъ – гарм (гармиовар), хунук (хунукиовар), тар (тариовар) ва хушк (хушкиовар) таксим шудани тамоми моддахо ва дар ин замина ба чор гурух чудо шудани мизочи инсонхо (гарм, хунук, тар ва хушк) сухан меронад. «Д. М.» мавзуъхои таркиби инсон, андом ва бофтахо, мизочхо, куввахо, бодхо, набз ва анвои он, сабаб ва нишонаи аввалини беморихо, руйхати давохо, табиат ва таъсири он, беморихои захми бадан, варам ва омосхо, мохият ва зарари хунгири, тоза кардани меъда, тадбир ва манфиати кай ва диг. намуди маризихо ва роххои давои онхоро фаро гирифтааст. Дар «Д. М.» инчунин чихати пешгирии беморихо, аз кабили тадбири фарбехи, мохияти пархез, коидахо барои сайёхон ва мусофирон, захрхои мухталиф ва пешгири аз онхо, газидани мору каждум ва диг. хашароти захдор ва шинохти онхо сухан рафта, муаллиф коидахои ахлок ва одобу рафтори табибонро нишон додаст.
Майсари дар асари худ дар мавриди номи доруворихо кушидааст, ки онхоро бо номе, ки дар китобхои тибби кадим омадаанд, ёд кунад, саъй ба он кардааст, ки китобаш макоми илми дошта бошаду мутобик ба равиши китобхои устодони фан чой гирад. Зеро дорухо дар навохии мухталиф бо номхои гуногун истифода мешаванд:

Хар он дору, ки маъруф аст бешак,
Хама бингорамаш пеши ту як-як.
Бидон, номи табибонаш бихонам,
Нагардонамаш чуз кутах наронам.

Хамчунин, дар холати шинохт ва пархез аз захрхо ишора менамояд, ки шояд баъзе инсонхои нопок барои нест кардани инсонхои дигар аз ин захрхо истифода намоянд, ки дар натича домани у хам ба гунох олуда мешавад. Ба нафрини ин кабил одамон мегуяд:

Касе, к-аз номаи ман захр гирад,
Касеро бардамад, то з-у бимирад.
Бар у бар лаънати Чаббор бодо
Ва чояш дузахи пурнор бодо.

Инъикоси масъалахои тиб дар колиби шеър барои шоир як навъ мушкилиро пеш овардааст. Бинобар ин дар назми маснави баъзан нохамворихо дар вазну кофия ва дигар чихатхои шакли ба назар мерасанд.
«Д. М.» нафакат дар омузиши таърихи тибби Шарк, балки дар омухтани назария ва амалияи таърихи назми классикии форсу точик мавкеи хоса дорад. Ин асари нодир ахамияти таърихиро низ сохиб мебошад, зеро он ягона асари мукаммали шеъри форси-точики дар тиб буда, аз ахди Сомониён ба таври комил то замони мо омада расидааст.

Б.Сайфиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …