Главная / Илм / ДОМАНА

ДОМАНА

tifДОМАНА (Typhus abdominalis), тифи шиками, бемориест сироятии шадид. Ангезандаи Д. салмонеллахо буда, бо табларза, аломатхои захролуди, бактериемия, бузург шудани чигар ва сипурз, энтерит ва тагйироти махсуси системаи лимфави падид меояд.
Ангезандаи Д. мансуби салмонеллахои гурухи D аст. Вай аз чихати морфологи аз салмонеллахои дигар фарк намекунад. Дар мухити гизоии мукаррари нагз рушду инкишоф меёбад. Салмонелларо с. 1876 Н. И. Соколов тавсиф ва с. 1880 К. Эберт (аз сипурзи шахси аз бемории Д. фавтида) чудо кардааст. Салмонелла камчинак дорад ва хеле серхаракат аст; эндотоксин хосил карда, дар мухити гизоии иборат аз талха нагз нашъунамо меёбад.
Салмонеллахо дар оби равон ва меваву сабзавот то 10 руз, либоси таг то 2 хафта, начосат то 25 руз ва дар оби истода бошад, то 1 мох махфуз мемонанд. Хангоми чушонидан зуд махв мешаванд. Зери таъсири махлули хлоргексидин (4 – 5%), гипохлориди калтсий (0,5%), хокаи хлорнок (25%), махлули сулема (1:1000) ва хлорамин (3%) баъди 2 – 3 дак. нобуд мегарданд. Онхо ба таъсири гентамитсин, ампитсиллин, левомитсетин ва бисептол, дорухои гурухи нитрофуран (фуразолидон, фурагин, фуродонин, фуразолин), дорухои гурухи сефалоспорини (сифлокс, сипролет, сипрофлоксатсин) хассос мебошанд.
Манбаи сирояти ангезандахои Д. шахси бемор аст. у ба тавассути начосат, пешоб, оби дахон ва кай микроб (салмонелла)-хоро чудо мекунад. Бактерияхо бештар дар айни авчи бемори ихроч мегарданд. Дар сурати саривакт дар беморхона бистари кардани беморон, хавфи пахн гаштани маризи кам хохад шуд. Хусусан он бемороне, ки мубталои шаклхои нисбатан сабуки Д. гаштаанд, хавфнок мебошанд. Онхо маризии худро пайхас накарда, дар вакташ муолича намегиранд ва хамин тавр, ангезандаи бемориро муддати зиёд пахн менамоянд. Чунин ашхос то 3 мох ва хатто то 10 сол метавонанд ангезандахои Д.-ро пахн бикунанд. Дар китобхои тибби мисолхое мавчуданд, ки одам то 82 сол ангезандаи Д. – ро дар организм нигох дошта, онро пахн кардааст. Чунин ашхосро бактерияхомилони музмин меноманд. Бахусус он одамоне, ки дар муассисахои хуроки умуми ва кудакистонхо кор мекунанд, хавфи бештар доранд. Роххои интиколи сироят гуногун мебошанд. Бактерияхо ба одамони солим ба воситаи об, гизо, дасти ношуста, асбобу анчоми рузгор ва магасхо мегузаранд. С.-хои 1996 – 1997 дар Чумхурии Точикистон бинобар бад гаштани вазъи санитариву эпидемиологи бемории Д. ру ба афзоиш ниход (ниг. чадвалхо).
Як кисми ангезандахои Д. баъди ба меъда ворид шудан, зери таъсири кислотаи хлорид махв мегарданд. Бактерияхои зиндамонда ба рудаи борик мегузаранд (мухити ишкории он барои афзоиши салмонеллахо мусоид аст). Онхо аз он чо тавассути ахлот бароварда мешаванд. Бактерияхои дигар ба ташкилахои лимфавии девораи рудаи борик рох меёбанд. Чунин акидае хам вучуд дорад, ки ангезандахои Д. ба бофтахои лимфави на аз рудаи борик, балки аз мавзеи бодомакхои гулу ворид мешаванд. Дар аснои ба гуддахои лимфави дохил шудани ангезандахо ду раванд ба вукуъ мепайвандад: а) фагоситоз – микробхоро чаббида махв сохтани фагоситхо; б) эндоситобиоз – андаруни хучайрахо афзоиш ёфтани микробхо ва махв шудани хучайрахо.
Дар сурати фаъолона чараён гирифтани фагоситоз бемори ба вучуд намеояд. Аломатхои аввалини Д. баъди ба хун гузаштани микробхо (бактериемия) мушохида мешаванд. Зери таъсири бактерисидии хун як кисми микробхо махв шуда, эндотоксин хорич мекунанд. Чунин холат дар гуддахои лимфави низ рух менамояд. Эндотоксин бо хун харакат карда, боиси захролудии организм мегардад. Дар хун захира шудани эндотоксин ба захролудии силсилаи асабхои маркази оварда мерасонад (ин хусусияти бемории мазкур буда, «вазъи доманави» ном дорад). Аломатхои он баланд шудани харорат, ихтилоли силсилаи асабхои маркази ва наботи (вагетативи), халал ёфтани фаъолияти дилу рагхо мебошанд. Ангезандахои Д. ба воситаи хун ба тамоми организм пахн шуда, дар узвхои гуногун (чигар, сипурз, гурда, гуддахои лимфа, магзи устухон ва г.) чой мегиранд.
Баъди чанд муддат давраи аз организм хорич шудани ангезандахо фаро мерасад. Дар ин кор ахамияти гурда, гадудхои хозимаи рудахо гадудхои оби дахон, арак ва чигар калон мебошад. Кисми зиёди микробхо бо талха бароварда мешаванд. Такр. 80 фоизи ангезандахо, ки ба тавассути хун аз чигар мегузаранд, дар он махв ё ба воситаи талха ихроч мегарданд. Бо пешоб такрибан 25 фоиз микробхо хорич карда мешаванд.
Хангоми ба чавфи руда фаромадан, як кисми микробхо бо начосат берун баромада, кисми дигар аз сари нав ба системаи лимфавии рудаи борик мегузаранд. Ва ин холат солхои зиёд мавзуи бахси олимон карор дорад. Як гурух олимон бар он акидаанд, ки захми руда дар натичаи аксуламалхои аллерги хини такроран аз ташкилахои лимфавии рудаи борик гузаштани микробхои Д. ба вучуд меояд. Вале акидаи мазкур чандон эътимоднок нест, зеро Д. аксуламалхои аллергии возех надорад ва захми руда мумкин аз таъсири захрогини эндотоксин ба гуддахову нуги асабхои наботи ва ташкилахои лимфавии руда пайдо шавад.
Раванди Д. аз 5 давра иборат аст: якум (хафтаи якум) – варам кардани ташкилахои лимфавии рудаи борик (гирехчахои Пейер ва фоликуллахои чудогона); дуввум (хафтаи дуввум) – мавт (некроз) шудани ташкилахои мазкур; минбаъд давраи ташаккул (пайдоиш) – и захм фаро мерасад; чахорум (хафтахои 3 – 4) – давраи захмдори; панчум (хафтахои 5 – 6) – давраи шифо ёфтани захмхо. Баъди аз сар гузаронидани Д. масуният (иммунитет)-и бардавом (15 – 20 сол) боки мемонад. Вале холатхои пас аз 1 – 5 сол дубора мариз шудан низ ба назар мерасанд. Эхтимол, сабаби ин ихтилоли иммуногенез бинобар муолича бо антибиотикхо бошад.
Давраи нихонии Д., ки 1 – 3 (бештар такр. 2) хафта идома меёбад, ба микдори микробхои сирояткарда вобаста аст. Дар сурати аз хурок сироят ёфтан, давраи нихони кутох буда, бемори нисбат ба сироятёби аз об вазнинтар мегузарад.
Дар холатхои мукаррари бемори тадричан огоз меёбад, ки гохо мукаррар кардани рузи аввали он душвор аст. Беморон аз сустиву бехоли, хастаги, бемадори ва сардард шикоят мекунанд, хол он ки онхо боз чанд муддат метавонанд ба кор бароянд. Баъдтар ин аломатхо пурзур ва харорати бадан батадрич баланд мегардад (рузхои 4 – 5 ба 39 – 400С мерасад); иштихо кам, хоб номураттаб (бемор руз хоболуд шуда, шаб бехоби мекашад) хохад шуд, казои хочат ба таъхир меафтад, шикам дамиш мекунад. Дар рузхои 7 – 9 бемори ба авчи пурраи худ мерасад. Хусусан, карахтии мариз чолиби диккат аст. у, одатан, бо чашмони пушида дароз мекашад, гуё ганаб дорад. Ба суолхо посух намедихад, киёфааш ором, чехрааш рангпарида ё каме сурхча, пусташ хушк, тафсон аст. Дар ибтидои бемори брадикардияи нисби рух менамояд. Фишори артерия паст ва шуш хирроси (садои хушки пароканда) гашта, баъзан пневмония ба вучуд меояд.
Бахри саривакт ташхис кардани Д. тагйироти узвхои хозима ахамияти калон дорад. Забон хушки буртоб (нуг ва канорхояш сурхча) ва гафс мешавад (инро аз изи дандонхо дидан мумкин аст). Баъзан луобпардаи халкум сурх (гиперемия) хохад гашт. Дар вакти ламс (палпатсия) кардани шикам курруда садо медихад, ки аломати аз рудаи борик бисёр омадани обият аст. Дар охири хафтаи якум нишонахои калон шудани чигар низ ба назар мерасанд. Аз рузхои 3 – 5 – уми бемори сипурз калон мешавад. Аввалхои хафтаи дуввум баъзе аломатхое ба вучуд меоянд, ки ташхиси Д.-ро осон менамоянд. Захролуди авч мегирад ва акли мариз тира гашта гохо у хазён мегуяд. Дар пуст бусурот (экзантема) – и хос ба вучуд меоянд; онхо аз холхои майда (диаметрашон 2 – 3 мм) – и сурхтоб иборат мебошанд. Холхо аз чанд соат то 3 – 5 руз боки монда, сипас нест мешаванд ва дар чои онхо мумкин аст холхои нав ба вучуд оянд.
Брадикардияи нисби боки мемонад, фишори артерия боз хам пасттар ва оханги кори дил кунд мешавад. Дар баъзе холатхо мумкин миокардити сирояти инкишоф ёбад. Аломатхои пештараи бемори боки мемонанд. Аз рузхои 11 – 14 – и маризи ва баъдтар рух намудани оризаи вазнини рудахо (хунрави ё кушода шудани захми руда) аз эхтимол дур нест. Дар хадди болои бемори дар хун микдори лейкоситхо, хусусан нейтрофилхо ва эозинофилхо кам мешавад. СОЭ, одатан, муътадил ё кадре баланд (то 15 – 20 мм/соат) аст.
Пас аз чахор хафта вазъи мариз ру ба бехбуди меорад. Харорати бадан паст, захролуди кам, хоб муътадил, дарди сар суст, иштихо хуб мешавад. Аммо бемадори хануз боки мемонад. Давраи офиятёби 2 – 3 хафта тул мекашад. Аз 3 то 5%-и одамоне, ки Д.-ро аз сар гузаронидаанд, муддати зиёд бактерияхои онро чудо мекунанд.
Авдат (ретсидив) бештар дар хафтахои 2 – 3-юми муътадил будани харорат ба вучуд меояд (дертар низ пайдо шуданаш мумкин). Ретсидив метавонад як маротиба ё борхо такрор ёбад. Давомоти таб аз 1 – 3 руз то 2 – 3 хафта тул кашиданаш мумкин аст. Нишонахои болинии авдати Д. ба хуручи аввалаи он монанд мебошанд (факат бо якбора баланд шудани харорати бадан, бармахал рух намудани бусурот, кам давом кардани таб ва нисбатан сабук будани чараёни он фарк мекунанд).
Оризахои Д.-ро метавон шартан ба махсус ва номахсус чудо кард. Оризахои махсус аз таъсири ангезандахо ва захри онхо, оризахои номахсус бар асари микрофлораи хамрох рух менамоянд. Ба оризахои махсуси Д. хуншории руда, перитонити перфоративи, шоки сироятиву захри, ба оризахои номахсус бошанд, пневмония, сарсом, пиелитхо, паротитхо, стоматитхо тааллук доранд.
Хуншории руда, одатан, дар хафтаи сеюми бемори мушохида мешавад. Сабаби он осеб (эрозия)-и рагхо дар каъри захми доманави мебошад. Каме хун рафтан бисёр вакт ба вазъи бемор таъсир намерасонад. Хуншории рударо хангоми казои хочат ё ба тавассути вокуниши (реаксияи) Грегерсен мукаррар мекунанд. Дар мавриди бисёр рафтани хун харорати бадан ногахон паст (то хадди муътадил ё поёнтар) ва набз тез шуда, фишори шараён мефарояд. Хуншории андакро дар натичаи муоличаи бармахал метавон рафъ сохт. Вале хуншории фаровон метавонад боиси инкишофи шоки хунрез гардад, ки окибаташ чидди аст.
Перитонити шикофанда оризаи хавфноки Д. буда, баъди 2 – 4 хафтаи бемори инкишоф меёбад. Он натичаи сурох шудани захми руда аст. Метавонад чи дар мавриди вазнин ва чи дар аснои сабук будани бемори дучор ояд. Захм бештар дар рудаи тихигох, 25 – 30 см дуртар аз чои ба курруда гузаштани он, сурох мешавад. Ба сурох гаштани руда дамиши шикам (метеоризм), харакати тез, сурфаи сахт, зер кардани шикам ва г. мусоидат мекунанд. Аломати асосии сурох шудан, яъне дарди сахти ногахони, бисёр вакт ба мушохида намерасад. Бинобар ин, андаке дард кардани шикам низ бояд диккати духтурро ба худ кашад. Аломати дигари инкишофи перитонит, яъне кашиш хурдани мушакхои девораи шикам, дар беморони аклашон тирагашта мумкин нишонаи ягона бошад. Сурох гаштани руда гохо боиси коллапси вазнин мешавад. Баъди чанд соати сурох шудани руда падидахои перитонит возехтар хоханд шуд; кай, хиккаки беист, дамиши шикам, дарди токатфарсо ба вучуд меояд. Аломатхои мазкур хеле дер пайдо мешаванд. Бинобар ин, беморро дар сурате аз марг рахондан мумкин аст, ки агар чаррохи дар 6 соати аввали баъди сурох гаштани руда ба ичро расад.
Шоки сироятиву захри дар айни хуручи бемори пайдо мешавад. Сабаби он ба хун бисёр ворид шудани захру бактерияхо мебошад. Харорати бадан якбора паст шуда, мариз араки бисёр мекунад, тахикардия, паст фаромадани фишори шараён, кампешоби (олигурия), минбаъд бепешоби (анурия) инкишоф меёбанд. Дар сурати вазнин нашудани бемори окибати он нек аст. Хангоми ба вучуд омадани оризахо (хусусан, дар вакти перитонити шикофанда) фарчоми нохуш доштани бемори аз эхтимол дур нест. Холатхои фавт 0,1 – 0,3 фоизро ташкил медиханд.
Дар хафтаи якум ташхис кардани бемори ахамияти калон дорад. Барои мукаррар намудани Д. аз маълумоти клиники, эпидемиологи ва лаборатори истифода мекунанд. Бахри ташхиси лаборатори усулхои тахкики бактериологи ва серологи кор фармуда мешаванд. Хафтахои 1 – 2 ангезандаи бемориро аз хун, хафтахои 2 – 3 аз ахлот ва пешоб, дар тамоми муддати бемори бошад, аз маводи рудаи дувоздахангушта пайдо кардан осонтар аст. Ангезандаи Д.-ро дар натичаи кишти зудудаи (соскоб) гулгуна (розеолла), магзи устухон, тарашшухот ва балгам низ метавон пайдо кард.
Дар хун пайдо кардани микробхо нишонаи бемории шадид, шарти асосии ташхиси Д. аст. Дар начосат мавчуд будани онхо мумкин натичаи бемори ё хомилии бактерия бошад. Дар чунин мавридхо, агар аломатхои болини ба назар расанд, сухан аз боби Д.-и шадид ва агар ба назар нарасанд, пас сухан аз боби бактерияхомили меравад.
Бо максади чудо намудани гемокултура хунро аз рузи якуми маризи то охири давраи табу тасфи бемор кишт кардан мумкин аст. Хунро аз вена (5 – 10 мл) гирифта, дар шишачахое, ки 50 – 100 мл булйони 10 – 20 % талха дорад, ё дар мухити Раппопорт кишт менамоянд. Хангоми дар мухити гизои кишт бинмудани хун, бояд байни хун ва мухит таносуби 1 : 10 боки монад; дар сурати нокифоя будани хачми мухити гизои хун ба ангезандаи касали таъсири марговар мерасонад.
Бо максади чудо намудани гемокултура метавон хамчунин 10 мл хунро дар шишачахои гунчоишашон 20 – 30 мл, ки 1 мл махлули 40%-и натрийи турш дорад, кишт кард. Дахони шишачаро бо пуки резини махкам мекунанд. Усули мазкур нисбатан сода буда, имкон медихад, ки маводи кишта аз як чо ба чои дигар кашонда шавад. Гайр аз ин, усули номбурда камхарч мебошад ва барои истифодаи мухити гизоии камёфту гаронбахо эхтиёч намемонад. Самараи он аз диг. усулхои маъмули дар мухити гизоии талха чудо кардани гемокултура кам нест.
Барои кишт магзи устухон (миелокултура) – ро бо рохи пунксия мегиранд. Бо максади аз хун ва магзи устухон чудо кардани бактерияхои L – шакл мухити махсуси иборат аз пенисиллину зардоб истифода мегардад. Кишти талха, начосат ва пешобро дар мухити Плоскирев мегузаронанд. Барои ташхиси серологии Д. аз аксуламали гемагглютинатсияи эритросити O-,H- Vi- истифода мебаранд. Усули мазкурро метавон аз рузхои 5 – 7 бемори кор фармуд. Аксуламали титри 1:200 ва болотар аз он, мусбат хисоб мешавад. Барои мукаррар кардани хомилони бактерия РНГА бо Vi – антиген мувофик аст.
Ташхиси тафрикавии тифу паратифхо нисбат ба хасба, варача, брутселлёз, листериоз, пневмония, сепсис, сил, лимфогранулематоз гузаронда мешавад.
Фарчоми Д. ба нигохубини дуруст, пархез, саривакт таъйин кардани дорухои зарури вобаста аст. Бемор бояд ором, рахти хоб ва утоки у тозаву озода бошад. Тозагии чавфи дахон ва пуст низ аз ахамият холи нест. Баъди муътадил гаштани харорати бадан, бемор бояд 6 – 7 руз аз бистар нахезад. Рузхои 7 – 8-ум ба у ичозат дода мешавад, ки бишинад; гаштугузор баъди 10 – 11 руз ва вучуд надоштани аломатхои номатлуб раво аст.
Гизои бемор асосан аз таомхои сабук, мас. ширчой, хомшурбо, мургшурбо, мастоба, сметана, кефир, чургот, картошкаи пюре, ширбиринч ва г. иборат аст. Бо максади пешгирии дамиши шикам аз истеъмоли нони гарм ва нони обаш напарида худдори бояд кард. Аз нушокихо чой ва оби минералии хушсифат додан мумкин (вале гази обро хатман баровардан лозим аст).
Дар мавриди барои организми бемор бадпазир будани левомисетин (хлорамфеникол) аз амписиллин истифода мекунанд.
Бо максади муоличаи Д. метавон аз гентамитсин, фуразолидон ва дорухои гурухи сефалоспорин истифода бурд. Тачрибаи с. 1996 дар ш.-хои Кулоб ва Душанбе гузаронида исбот кард, ки барои муоличаи Д. гентамитсин ё фуразолидон нафъ доранд. Дар мавриди сабук будани бемори фуразолидонро метавон ба вояи кам – 0,1 г ( рузе 4 маротиба) таъин кард. Дорухои гурухи сефалоспорин (сефазолин, сифлокс, сипролет, ситрофлоксасин) – ро бо вояи 500 хаз. (рузе 2 маротиба) 10 руз истифода бурдан лозим аст. Фуразолидонро баъди муътадил шудани харорати бадан боз 15 руз ва дорухои гурухи сефалоспоринро боз 7 – 10 рузи дигар додан даркор.
Хангоми хуншории руда бемор бояд 12 – 24 соат ба пушт хобида аз чой нахезад. Ба шиками у ях ё ягон чизи хунуки дигар мегузоранд. Истеъмоли хурок 10 – 12 соат манъ аст, микдори нушоки низ то 500 мл кам карда мешавад. Минбаъд каме шарбат, мургшурбо ё мохишурбо таъйин кардан мумкин аст. Дар аснои хунравии кам хлориди калсий, витаминхои С ва К, махлули гипертонии хлориди натрий (500 – 1000 мл), желатинол, плазма ва г.-ро истифода мекунанд.
Барои пешгирии Д., безарар кунонидани манбаъхои сироят, бартараф сохтани роххои сироятёби, баланд бардоштани масунияти организм мухим аст. Риояи коидахои гигиенаи шахси, ташхиси бармахали бемори, аз дигарон чудо нигох доштани мариз ахамияти калон дорад. Дар давраи офият ёфтани бемор ахлот, пешоб ва талха се маротиба (баъди хар 5 руз) аз санчиши бактериологи гузаронда мешаванд. Дар мавриди пайдо кардани ангезандаи бемори, бемори офиятёфтаро дар шифохона нигох медоранд ва табобат мекунанд.
Шахсони хомили бактерия аз беморхона факат бо рухсати эпидемиолог чавоб дода хоханд шуд. Беморони офиятёфта то 2 сол тахти назорати духтури беморихои сироятии дармонгох карор гирифта, дар кайди СЭС меистанд. Хамаи одамон баъди аз бемористон чавоб шудан, бояд 3 мох зери мушохидаи диспансери карор гиранд. Мохи аввал харорати бадани онхоро хафтае як маротиба, минбаъд дар ду хафта як маротиба чен менамоянд. Дар сурати баланд шудани харорати бадан, зуд онхоро аз муоинаи лаборатори (санчиши бактериологии хун, начосат, пешоб) мегузаронанд ва хини ошкор гаштани авдат (ретсидив) боз дар беморхона мехобонанд. Мохи сеюм баъди хар 10 руз ду маротиба начосат ва пешоб санчида мешавад, хамчунин ба фосилаи 1 – 2 руз талхаро (як маротиба) тахлил мекунанд. Агар натичаи санчиш манфи бошад, пас бемор аз кайд бароварда мешавад. Дар сурати мусбат будани маълумот начосат ва пешобро 5 маротибаи дигар месанчанд ва агар натичахо манфи бароянд, пас шахс 1 сол зери мушохида карор хохад гирифт. Соли дуввуми аз беморхона чавоб шудан, ахлот ва пешобро боз як маротиба месанчанд. Хангоми мусбат будани маълумот ахлот ва пешоб боз 5 маротиба, талха як маротиба санчида мешавад. Агар натичаи санчишхо манфи бошанд, шахс аз кайд бароварда мешавад.
Манзили бемор ё хомили бактерия то давраи дар шифохона бистари кардан ва баъди он гандзудои (дизенфексия) карда мешавад. Ашхоси бо бемор алокадошта низ мавриди муоина (ахлот, пешоб) карор мегиранд.
Чадвали 1. Хуручи бемории домана дар Чамохири Осиёи Маркази

Чумхурихо 1990 1991 1992 1993 1994 1995 1996
Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф.
Точикистон 1800 33,9 1323 24 926 17 1581 28,4 1338 24 1558 27 1266 213,2
узбекистон 1564 7,7 1220 5,9 803 3,8 739 3,4 588 2,6 486 2,1 348 1,5
Туркманистон 668 18,2 479 1,3 351 8,7 249 5,8 261 5,8 148 3,3 272 5,9
Киргизистон 471 10,7 357 8,1 183 4 150 3,4 180 4 114 2,5 206 4,6
Казокистон 356 2,14 356 2,1 175 1 135 0,8 143 0,9 181 1,1 90 0,6

Чадвали 2. Хуручи бемории домана дар Чумхурии Точикистон

Шахру вилоятхо 1990 1991 1992 1993 1994 1995 1996 1997
Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф. Хамаги Ба 100 хаз. наф.

ш. Душанбе 58 9,3 56 8,7 49 7,6 98 18,6 86 16 160 30,7 1376 257,6 8168
Навохии тобеи марказ 491 40,6 347 26,2 295 22,3 302 22,8 475 38,9 605 45,7 3330 246 3643 247,3
Вилояти Хатлон 957 69,4 779 56,5 390 28,2 721 52,3 488 354 299 21,6 7364 534 2570 146,7
Аз чумла минт. Кулоб 335 37,3 232 35 152 22,1 185 25,3 69 8,8 53 6,8 4774 599 1529 199,6
Аз чумла минт. Кургонтеппа 622 65,1 547 52,9 238 23 536 48,5 419 37,8 246 22,2 2587 219,2 1041 93,9
ВМКБ 37 22 8 4,6 9 5,2 59 27,3 37 24 44 22,3 44 21,8 50 22
Вилояти Сугд 260 16,5 133 8,2 183 10,7 402 23,6 252 13,8 450 24,5 555 29,7 173 9,8
Дар чумхури 1803 33,9 1323 24,4 926 16,9 1582 28,4 1338 24,1 1558 26,6 12666 213,9 14604 235

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …