Главная / Илм / ДОГИ КУНЧИДАК

ДОГИ КУНЧИДАК

dogi-kunchidakДОГИ КУНЧИДАК (Ephelides), як навъ холхои хурди кахваранги зардтоб, ки дар чойхои кушодаи бадан (бештар дар руй) пайдо мешаванд. Д. к. зухуроти хоси ирсии пигментатсия (ранг гирифтан)-и пуст аст. Д. к. бахору тобистон аз таъсири нури офтоб зиёд мегардад.
Барои пешгирии Д. к. аз мохи феврал сар карда, то охирхои тирамох пеш аз ба куча баромадан, ба руй кремхои махсус молида, упои гулоби (ба 50 г упо як кошукча салол, уротропин ё хинин илова карда) задан чоиз аст. Хангоми аз ду соат зиёд дар офтобруя гаштан, такроран крем молида, упо мезананд. Дар рузхои офтоб кулохи лапарпахн мепушанд ё чатр мегиранд. Д. к.-ро дар натичаи ба пуст молидани оби лиму (ба як истакон оби хунук чанд порча лиму) ё обе, ки решаи куфтаи чаъфари дорад, нопадид мегардонанд. Обро бегохи тайёр карда, пагохи баъди полудан истифода мебаранд. Дар мавриди муътадил ё равганин будани пуст махлули 3%-и пероксиди гидроген мемоланд. Тобистон бо афшураи бодиринг ё коти сиёх пок кардани руй муфид аст. Бо шири турш, чургот, кефири 2 – 3-руза шустани руй низ тавсия мешавад. Пешаки руйро тоза шуста крем мемоланд ва баъди дуним соат бакияи онро бо пахта ё сачок пок мекунанд. Чунин кремхоро рузона молидан норавост, чунки аз таъсири нури офтоб пуст ба ангезиш омада, пигментатсияи он зиёдтар мешавад. Крем ва зимодхои симобдорро факат бо таъиноти духтур истифода мебаранд. Пеш аз табобат бо духтури косметолог маслихат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …