Главная / Илм / ДОГХОИ РАНГДОНАГи

ДОГХОИ РАНГДОНАГи

pigmentniye-pyatnaДОГХОИ РАНГДОНАГи, догхои пигменти, модарзоди ва гайримодарзоди мешаванд. Д. р.-и гайримодарзоди дар натичаи тагйироти гуногуни организм ё таъсири омилхои беруна (баъди сухтан, сармозани ва г.) ба вучуд меоянд. Онхо аз иллати гадудхои зери гурда, норасоии кислотаи никотинат ва витаминхои гурухи В низ пайдо шуда метавонанд. Хлоазма (догхои зардтоби гуногун) як навъ ихтилоли рангдонанокии пуст буда, одатан, дар ду тарафи пешони, бини, гардан, рухсора пайдо мешавад. Сабаби хлоазма ихтилоли фаъолияти гадудхои усораи дохили (асосан тухмдонхо), беморихои чигар, рохи меъдаю руда, камхуни, тагзияи номураттаб, кичча ва г. аст. Хлоазма аксар хангоми хомилаги пайдо шуда, гохо баъди таваллуд хам нест намешавад.
Аз норасоии витамини А дар оринч ва зону мумкин аст догхои кахваранги карахшнок пайдо шаванд. Ин гуна догхо дар баъзе одамон бинобар сахт бастани тасмаи миён ба вучуд меоянд. Хангоми кор бо фенол, нафас гирифтани баъзе карбогидридхо ё истеъмоли дорухои арсенийдор пуст догхои хокистарранги баланд пайдо мекунад. Дар пусти одамони ба нурхои ултрабунафш хассос бахорон аз таъсири офтоб доги кунчидак ба вучуд меояд. Догхое, ки аз таъсири омилхои беруна пайдо шудаанд, бо мурури замон метавонанд бархам хуранд.
Д. р.-и баъзе чойхои баданро дар муассисахои тибии косметологи муолича мекунанд. Дар шароити хона бо максади ноаён кардани догхо ба пуст чурготи ду-серуза, ё махлули 3%-и пероксиди гидроген молидан мумкин аст.
Д. р.-ро бо кремхои махсус («Мелан», «Ахромин», «Молочай») ноаён метавон кард. Пеш аз молидани крем, руйро шустан ё бо лосйон пок кардан лозим аст. Кремро факат ба руи дог молида, баъди як-ду соат бо пахтаи тар тоза бояд кард. Кремро рузона молидан чоиз нест, чунки зери таъсири нурхои офтоб пустро озурда ва догхоро зиёд мекунад.
Барои рафъи дог худи одам низ дар хона метавонад мавод тайёр кунад. Бо ин максад як кошук оби лиму ва як кошук сиркои хурокиро омехта, баъд 2 кошукча оби чуш меандозанд. Бо ин махлул хар руз руйро тоза кардан лозим аст. Агар пуст хушк бошад, ба махлул 1 кошукча равгани растани илова мекунанд. Ба руй молидани пораи лиму, бодиринг ва чургот низ муфид аст (баъд руйро шуста ё бо лосйон тоза карда, упо молидан лозим).
Д. р.-ро пурра нест кардан хамеша муяссар намегардад, вале мунтазам (дар хар 1,5 – 2 мох) истифода намудани васоити рафъи догхо натичаи хуб медихад.
Аз сабаби он ки баъзе догхо аз таъсири офтоб зиёд мешаванд, бахор ва тобистон ба пуст кремхои махсус молидан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …