Главная / Илм / ДОФАМИН

ДОФАМИН

dofaminДОФАМИН, медиатор, яке аз интиколдихандагони чунбаи асаб ба синапсхои силсилаи асаби маркази. Дар танзими тарашшухи адреналин ва норадреналин ширкат меварзад. Д. дар хучайрахои хромафиннии сохторхои махсуси магзи сар хосил мешавад. Нейронхое, ки Д.-ро ба сифати медиатор хангоми интиколи чунбаи асаб истифода мебаранд, дар майнаи мобайн ва гипоталамус чандин хаста ба вучуд меоранд. Д. хунфиристии дилро таквият дода, рагхои гурдаро васеъ менамояд, бахри бо пешоб хорич шудани калий ва натрий заминаи мусоид фарохам меорад. Д. харакати хунро дар рагхоро масорика ва рагхои иклилии дил бехтар месозад, вале он метавонад рагхои танг низ кунад. Д. хосилшавии гормони сабзиш (гормони соматотропи)-ро метезонад, аммо хосил шудани пролактинро ба таъхир мегузорад. Д.-е, ки ба организм аз хорич мефиристанд, аз садди гематоэнсефали гузашта наметавонад, бинобар ин дар тиб ба сифати дору аминокислотаи аз чихати сохти химияви ба он наздик – ДОФА истифода мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …