Главная / Илм / ДОДХОЕВА Мунаввара Файзуллоевна

ДОДХОЕВА Мунаввара Файзуллоевна

dodhoeva-munavvaraДОДХОЕВА Мунаввара Файзуллоевна (тав. 2. 06. 1946, ш. Хучанд), акушер-гинеколог, доктори илмхои тиб (1998), проф. (1999), узви пайвасти АИТТ (2010; узви вобаста аз 2001). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1970). Духтури акушер-гинекологи Таваллудхонаи чумхурияви (1970 – 72), ординатори клиники (1972 – 74), аспирант (1974 – 77), ассистент (1977 – 80)-и кафедраи акушери ва гинекологияи факултаи муоличавии ДДТТ. Корманди калони илмии Пажухишгохи хифзи модару кудак (1980 – 83). Ассистент (1983 – 89) ва дотсент (1989 – 93)-и кафедраи акушери ва гинекологияи ДДТТ. Аз с. 1993 мудири кафедраи акушери ва гинекологияи №1-и хамин донишгох.
Д. муаллифи зиёда аз 200 асару маколахои илми, аз чумла 3 монография, 10 дастурамал, 10 тавсияхои навовари мебошад. Мавзуи тадкикоти Д. масъалахои вазъи саломатии занони чумхури ва пешгирии фавти модару кудакро дарбар мегирад. Доир ба момои ва беморихои занона конфронсхо ташкил кардааст. Иштирокчии Семинархои байналхалки оид ба «Насловарии солим ва технологияи контрасептиви». Раиси Ассотсиатсияи «Модарии бехатар» (аз 2000). Бо ифтихорномахо ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гаштааст.
Ос.: Беременность и роды женщин с дефицитом массы тела, Санкт-Петербург, 1999; Быстрая оценка текущего состояния репродуктивного здравоохранения в Республике Таджикистан, Копенгаген, 2000; Современные методы профилактики, диагностики и лечения климактерических растройств в перименопаузе, Д., 2007; Некоторые региональные особенности плацент женщин в Республике Таджикистан, Санкт-Петербург, 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …