Главная / Илм / ДОДХОЕВ Юна Исроилович

ДОДХОЕВ Юна Исроилович

dodhoev-yuna-isroilovichДОДХОЕВ Юна Исроилович (5. 11. 1917, ш. Бухоро – 06. 12. 2002, ш. Болдери ИМА; дар ш. Ню-Йорк дафн шудааст), чаррох, доктори илмхои тиб (1966), проф. (1967), Арбоби хизматнишондодаи илми ЧШС Точ. (1978). Иштирокчии чанги Финляндия (1939). Баъди захм бардоштан аз хидмат дар сафхои Артиши Шурави озод шудааст. Хатмкардаи Техникуми тиббии Бухоро (1935) ва факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1945). Ассистенти кафедраи анатомияи топографи ва амалиёти чаррохии хамин донишгох (1945 – 47). Директори Омузишгохи тиббии Сталинобод (1947 – 50), ассистент (1950 – 54), дотсент (1954 – 67) ва проф. кафедраи чаррохии умуми (1967 – 70), мудири кафедраи чаррохии госпиталии №2 (1970 – 75), мудири кафедраи чаррохии факултавии ДДТТ (1975 – 86). Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илмист, ки ба масъалахои ташхису табобати беморихои шадиди чаррохиталаби узвхои чавфи шикам, анестезиология ва усулхои такмили таълим дар донишгохи тибби бахшида шудаанд. Д. дар ИЧШС аввалин шуда хусусият ва хавфи наркозро дар шароити нохияхои баландкух илман асоснок кард. у дар амалияи тиб усули нави ташхиси бехавфи перфоративии захми меъда – пневмогастрографияро кашф ва истифода кардааст. Зери рохбарии Д. 17 наф. рисолахои номзади ва 1 наф. рисолаи доктори дифоъ намудаанд. Бо ордени Байраки Сурхи Мехнат ва медали «Барои мехнати шоён» сарфароз гардонда шудааст.
Ос.: Наркоз в условиях высокогорья, Д., 1967; Хирургические осложнения абдоминального туберкулёза, Д., 1977; Заживление переломов в условиях высокогорья, Д., 1980; Курс лекций по неотложной хирургии, Д., 1982; О Бухарских евреях, Нью-Йорк-Денвер, 1995.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …