Главная / Илм / ДИВЕРТИКУЛ

ДИВЕРТИКУЛ

divertikulДИВЕРТИКУЛ (лот. diverticulum – инхилоф, майл ба суе), модарзоди ё гайримодарзоди часта баромадани девораи узвхои ковок (сурхруда, шошадон, руда ва г.). Д.-и модарзоди ба нукси узв вобаста аст. Д.-и гайримодарзоди хангоми тазъики сатхи узв ба девора, ки дар натичаи осебхо(мас., илтихоб ва г.) суст шудааст, ба вучуд меояд. Мухтавои дар даруни узв ба сатхи Д. воридгашта муддате дар он чо боки мемонад, баъд Д. холи мешавад. Д. тадричан калон ва бо душвори холи мегардад. Дар натича мухтаво ба луобпардаи Д. таъсир карда, боиси пайдоиши илтихоб, яъне дивертикулит (назлави, захми, фелегмонози) мешавад. Д.-и сурхруда аз суст гаштани гузариши хурок, кай ва Д.-и шошадон бинобар суст гаштани пешоброни зохир мегардад. Д.-ро бо усули рентгенологи ва эндоскопи тадкик мекунанд. Муоличаи Д. ба вазъи бемори вобаста буда, баъзан чаррохи мехохад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …