Главная / Илм / ДИСТРОФИЯ ДАР КуДАКОН

ДИСТРОФИЯ ДАР КуДАКОН

distrofiya-dar-kudakonДИСТРОФИЯ ДАР КуДАКОН (Dystrophia; аз дис .. ва юн. trophe – гизо), ихтилоли музмини гизогири, ки хангоми он организм хурокро нагз хазм намекунад, мубодилаи моддахо ва сабзишу инкишофи он халал меёбад. Ба Д. бештар кудакони хурдсол гирифтор мешаванд.
Гуруснагии дарозмуддат, хуроки бисёр додан, истеъмоли гизои серангиштоб, хар гуна беморихои сирояти (мас., исхоли хунин, газаки шуш), нигохубини бади кудак, инчунин гизоро пурра хазм накардани меъдаю руда боиси пайдоиши Д. мегарданд. Хангоми нукси инкишофи меъдаю руда (мас., дар аснои танг шудани чои гузариши сурхруда ба меъда) низ дистрофия ба вучуд меояд. Тагйир ёфтани каду вазн, суст шудани мукобилати организм ба таъсири ангезаи беморихо ва ихтилоли фаъолияти меъдаю руда аломатхои асосии Д. мебошанд.
Дистрофияе, ки ба кам шудани вазни кудак оварда мерасонад, гипотрофия ном дорад; дар ин хол дарачаи кам гаштани вазн гуногун буда, хатто мумкин аст кудак аз сабзиш монад. Навъи дигари дистрофия низ вучуд дорад, ки онро паратрофия меноманд. Дар аснои он вазни кудак муътадил ё аз меъёр зиёд аст. Ин навъ дистрофия кам вомехурад ва бинобар ба кудак хурондани гизохои якхела (асосан хамири ё шири) пайдо мешавад. Чунин кудакон бехол ва камхаракат буда, ба беморихои гуногун (маддахонаи пуст, назла ва г.) тез гирифтор мешаванд. Кудакон зохиран фарбех бошанд хам, бофтахояшон пук ва мулоиму хамиртабиатанд, пусти онхо одатан рангпарида аст. Истеъмоли хуроки якхелаи шири ва надодани гизои иловаги боиси кабзият мегардад. Начосат зарди хокистари, хушк ва бадбуй мешавад. Мавриди истеъмоли гизохои якхелаи хамири начосат сиёхтоб, суюку часпак буда, буи турш дорад.
Духтур сабабхои пайдоиши Д.-ро ба назар гирифта, онро табобат мекунад. Мас., дар холати дистрофияи марбут ба камхуроки, барои табобат таъин кардани микдори зарурии хурок кифоя аст, ки кудак шифо ёбад. Агар дистрофия дар натичаи нукси инкишофи меъдаю руда ба вучуд омада бошад, пас сабаби онро ба тарзи чаррохи рафъ мекунанд.
Дистрофияро бояд то таваллуди кудак пешгири намуд. Зани хомила бояд тартиби хурду хурокро риоя карда, гизохои гуногун истеъмол намояд (ниг. Хомилаги, Тагзия). Баъди таваллуди кудак оид ба тарзи хурондани у, микдор ва таркиби гизо, хуроки иловаги, нигохубини дурусти кудак ва пешгирии беморихо аз духтур маслихат пурсидан зарур аст. Тарбияи дурусти чисмони омили мухими пешгирии Д. мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …