Главная / Илм / ДИСПЛАЗИЯ

ДИСПЛАЗИЯ

displaziyaДИСПЛАЗИЯ (Dysplasia; аз дис… – халал ёфтан ва plaseo – хосил мекунам, ба вучуд меорам), нодуруст инкишоф ёфтани бофтахо, узвхо ё кисмхои бадан. Д., одатан, модарзоди аст, вале он метавонад дар давраи баъди таваллуд ва хатто дар калонсоли низ ба мушохида расад. Д. шаклхои гуногун дорад, мас., Д.-и банди косу рон, Д.-и бофтахои пайванди, Д.-и фибрози, Д.-и гарданаи бачадон ва г.
Истилохи Д. дар амалияи омосшиноси барои ишора кардани холати каблиомосии бофтахо низ истифода мешавад.
Дар хаёт бештар Д.-и банди косу рон ва гарданаи бачадон дучор меояд. Дар мавриди Д.-и банди косу рон сараки устухони рон аз чукурчаи устухони кос берун мебарояд. Сабаби пайдоиши он нодуруст сабзидани устухонхо, бандхо ва мушакхо дар давраи хаёти батнимодарии кудак аст. Ба пайдоиши Д.-и банди косу рон калон будани синну соли волидон, беморихои гуногуни модар дар давраи хомилаги (мас., амрози сирояти, токсикозхои хомилаги, ихтилоли фаъолияти гадудхои эндокрини ва г.), вазъияти бади экологи, зиёнхои касби, тагзияи нодуруст (нарасидани сафеда, ангиштоб, витамин, минералхо) мусоидат менамоянд.
Д.-и банди косу рон бештар дар духтаракон пайдо мешавад. Аломатхои бемори хусусан дар навзодон возеху рушан ба чашм мехуранд. Барои табобат аз шинахои махсус, масх, варзиши шифои, физиотерапия, парафин, озокерит, лойхои шифобахш ва г. истифода мебаранд. Дар сурати ба таъхир афтодани табобат зарурати чаррохи ба миён меояд. Пас аз чаррохи фаъолияти узв баркарор шавад хам, харакат тагйир меёбад (бемор лангида рох меравад). Хангоми сари вакт ва дуруст ташхису муолича намудан, фаъолияти банди осебёфта комилан баркарор мегардад.
Д.-и гарданаи бачадон аз вазъи каблиомоси дарак медихад. Хангоми он бофтахо дучори тагйирот шуда, луобпардаи гарданаи бачадон ва махбал илтихоб пайдо мекунад. Д.-и гарданаи бачадон ба таври ноаён сурат мегирад. Муоличаи бемори ба сабаби он вобаста аст. Агар иллат бар асари илтихоб пайдо шуда бошад, пас он табобат меёбад. Дар мавриди зарурат аз усули чаррохи истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …