Главная / Илм / ДИСПЕПСИЯ

ДИСПЕПСИЯ

dispepsiaДИСПЕПСИЯ (аз дис… ва юн. pepsis – хозима), бо сабабхои гуногун номураттаб гардидани хазми хурок. Ихтилоли таносуби байни гуруххои гуногуни микроби кисмхои руда аксар боиси Д. мегардад. Д. ду хел (туршкунанда ва пусонанда) мешавад.
Асоси Д. – и туршкунандаро афзоиши харакат (моторика)-и рудаи борик, ки дар натичаи он кисми карбогидратхои хурок хазм ва чаббида намешавад, ташкил медихад. Аломати зохирии он бод, дамовари, халаи шикам, исхол ва г. мебошад. Д.-и пусонанда натичаи пурзур гаштани протсессхои пусиш дар рудаи гафс ва кисман дар рудаи борик аст. Хангоми вайрон шудани тарашшухи хозимаи меъдаю руда ва суст гаштани таъсири бактерисидии шираи меъда аз кисми поёнии рудаи борик ба кисми болоии он микрофлора маскун мешавад. Афзудани ихрочи шираи руда, ки микдори зиёди сафеда дошта, чавхари пусиш мегардад, манбаи асосии Д.-и пусонанда мебошад. Д. аксар вакт хангоми беморихои сирояти ва захролуди, инчунин якбора ба микдори зиёд истеъмол намудани гизохои бадхазм ва дурушт руй медихад.
Барои муоличаи Д.пархез, истифодаи витаминхои С, РР, В1 ва В2, моддахои адсорбсияви ва зиддиилтихоби нафъ доранд.
Ниг. низ Диспепсия дар кудакон.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …