Главная / Илм / ДИСПАНСЕРИЗАТСИЯ

ДИСПАНСЕРИЗАТСИЯ

ДИСПАНСЕРИЗАТСИЯ (Dispensarisatio), усули муоинаи фаъолона ва мунтазами гуруххои алохидаи ахолии тансихат, ки нишонахои умумии физиологи доранд (мас., бачагон, наврасхо, занон ва г.) ё шароити умумии касбу истехсолот муттахидашон кардааст, инчунин шахсоне, ки ба бемории муайян (мас., тарбод, захми меъда) гирифторанд. Хифзу тахкими саломатии ахоли, дароз кардани умри одамон ва баланд бардоштани самараи мехнати онхо (дар натичаи кам шудани бемори ва мачрухи бинобар сари вакт ва фаъолона ошкору табобат кардани он; омухтан ва рафъи сабабхое, ки ба пайдоишу пахн гаштани бемори мусоидат мекунанд; андешидани тадбирхои пешгири ва табобативу бехдошти) максади асосии Д. мебошад. Усули диспансерии пешгирию табобат барои бартараф намудани беморихо, кам гаштани беморшави, нигох доштани кобилияти кор пешомади калон дорад. Чунки Д. ба ташхиси аломатхои аввалини бемори имкон медихад, алокамандии байни пайдоиши нишонахои ибтидоии бемори ва шароити мехнату маишат, инчунин ахлоки одамро муайян месозад, тамоми воситаи заруриро барои шифо ёфтани беморон ба кор мебарад, тарзхои таъсирбахши пешгирии бемориро дарёфт менамояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …