Главная / Илм / ДИСФАГИЯ

ДИСФАГИЯ

disfagiyaДИСФАГИЯ (Dysphagia), халал ёфтани кобилияти фуру бурдани лукма. Сабабхои Д. гуногун мебошанд, мас., баста будани рохи болои хозима (балъум, сурхруда), осеб доштани девораи он, ихтилоли асабгири, ташаннучи сурхруда ва г. Д. хангоми беморихои илтихоби ва омосхои забон, балъум, сурхруда ё бофтаю укдахои лимфавии онхо, яра шудани девораи рохи болои хозима, фалачи майнаи дарозруя, баъзан дар вакти неврозхо, невралгияи асабхои сетора, забону балъум ва болои халк пайдо мешавад. Д.-и бардавом боиси логари ва пайдоиши беморихои дигари аъзои хозима мегардад.
Барои муоличаи Д. сабабхои онро бартараф кардан лозим аст. Баъзан аз эзофагостома ва гастростома низ истифода мекунанд. Беморон бояд лукмаро хуб майда карда, кам-кам фуру диханд. Гизо бояд чуш ва тунд набошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …