Главная / Гуногун / ДИНИ НАСРОНИ

ДИНИ НАСРОНИ

НАСРОНИЯТ яке аз динхои сернуфузи чахони буда, пайравони зиёде дар хама гушаю канори дунё дорад. Пайдоишу пахншавии он хоси давраи муайяни таърихи буда, ба фаъолияти гуруххои мухталифи ичтимои алокаманд аст.

Макони пайдоиши он музофотхои шаркии Империяи Рим аст. Империяи Рим аз Мисру Байнанахрайн сар карда, то сохилхои Испания ва Британияро дар итоати худ дошт. Ин давлати азим халкхои гуногунро бо хам омехта карда, аз бисёр чихат рохи таърихии канори Бахри Миёназаминро барои бисер асрхо дар ихтиёр дошт. Яке аз чихатхои мухими он синкретизм, омехташави ва пайвастшавии унсурхои гуногуни кисми Шарки бо чахони Юнону Рим мебошад. Шаклхои гуногун, дарачахои мувофики инкшофи маданият, сохторхои ичтимои-иктисоди, низомхои сиёси, динхои гуногун дар давлати бузург дар муносибати мураккаби бо хам алокаманд, ба худ кабул кардани чихатхои гуногуни якдигар ва хам инкори якдигар карор доштанд.

nasroni

Пайдоиши дини насрони дар Империяи Рим ба хамин давраи таърихи алокаманд аст, дучори табаддулотхои бузурги таърихи гаштааст. Дар ин давра чумхурии Рим ба Империяи Рим табдил меёбад. Римро муборизахои Гуногуни сиёси-ичтимои, шуриши дехконон бо сардории Спартак, диктатурахои Юлий Цезар, Антоний фаро мегирад ва зинаи нави инкишофи давлат ба вучуд меояд, ки дар он муносибатхои нави чамъияти пайдо шудаинкишоф меёбанд. Пайдоиши империя бештар ба давраи хукмронии Гай Юилй Цезар Октавиан ё худ император Август, ки ба Цезар сенат ин номро дода буд, рост меояд. Гай Юилй Цезар, дар соли 29 то мелодба чангхои граждани хотима дода, ба сари хкимияти меояд ва сулх дар Рим бар карор мегардад.

Август тамоми хокимияти давлатиро ба худ тобеъ сохта дар идоракунии давлат тагйироти чидди ба амал меовард. Ба кавли муаррихи Рими кадим Тацит асоси таргиботи давлати ба тагйироти амик дучор гашта, аз карорхои дасточамъии пештара чизе боки намемонад. Аз давраи Август сар карда, сохти чумхуриявии давлат аз байн меравад. Ба ин тагйирот дигаргунихои ичтимои сабабгор мешаванд. Куввахое, ки чумхуриро ба вучуд оварда буданд, нуфузу таъсири худро гум карда, мавкеашонро ба кувахои нав медиханд.

Зиддияти байни гуломдорон ва гуломон, байни сарватмандон ва шахрвандони озоди бечиз.ю байни шахрвандони баробархукуки Рим ва шахрвандони бехукуки гирду атроф, зиддияти байни табакахои гуногун дар сенат ба шикасти тарзи хукмронии чумхурияви сабаб гаштанд. Дар рохи инкишофи давлати ва шакли хукмрони Август ин зиддиятхоро ба назар мегирифт ва ба ташкили як тарзи хокимияти мутлак асос гузошт. Таърихшиносии имруза империяро ба ду давра таксим мекунад-принципат ва доминат. Давраи аввал, ки ахди Август низ ба он

дохил мешавад ва се аср тул мекашад, даврае буд, ки хокимияти император хамчун хокими мутлак бо либоси хукмронии чумхурияви пушонида шуда буд ва минбаъд он ба доминат, шакли ошкорои хукмронии мутлак меовард, як катор тагйиротхо дар муносибатхои гуногуни хукуки, дар хаёти ичтимои, дар афкори мардум вобаста ба шакли нави хукмрони ба вучуд меояд. Аз чумла метавон як андоза зиёд шудани хукуки шахрвандони гушаю атрофро номбар кард. Азбаски император хокими мутлак гашт, муносибати омма низ ба вай дигар шуда, ба у кувваи махсуси фавкуттабиатро нисбат медоданд. Уро дар катори худоён мепарастиданд.

Аз чумла дар асархои худ Вергилий Августро дар байни бурчхои осмон чой медихад ва мегуяд, ки Акраб /номи бурч/ бояд он тарафтар равад, то ба бурчи нав чой дихад. Хукуки нохияхои гушаю атроф меафзояд, мавкеи лашкар хамчун кувваи ичтимои-сиёси хеле мустахкам мешавад.

Ба зиддиятхою муборизахою сиёсию дохили нигох накарда, сиёсати забткории империя давом мекунад, мамлакату сарзаминхои нав ба империя тобеъ карда мешаванд ва худуди он хеле васеъ мегардад. Дар давраи нисбат ба давраи чумхурият ба гуломон диккати бештар дода мешавад, масъалаи гуломон масъалаи асосии империя мегардад. Харчанд дар давраи авали империя шуришхои калони гуломон ба вучуд наомада бошад хам, зиддияти гуломон хеле тезу тунд мегардад.

Истисмор ва бехукукии гуломон дучанд мешаванд. Агар пеш ба масъалаи гурехтан ва ё озодшавии онхо давлат дахолат намекард, холо баръакс, давлат бо тамоми кудрати худ манфиати гуломдоронро химоя карда, дар истисмор ва баргардондани онхо ба гуломдорон ёри мерасонд. Масалан, конун бароварда шуда буд, ки агар гуломдор аз тарафи гуломон кушта мешуд, дар хакки тамоми гуломони ин гуломдор, хох ба ба ин кор шари к бошад, хох набошанд, хукми катл содир мегадид. Барои мисол метавон гуфт, ки 400 гуломи Педания Секунд /зану бачахояшон хам/ бо хамин чиноят кушта шуда буданд. Ин гуна ходисахо хеле зиёданд. Бисёр дигар карорхои давраи империя хам бар зидди гуломон бо чазодихи онхо дахл доштанд. Нигох доштани лашкари зиёд, дастгохи васеи давлат бар души халки мехнати афтода буд. Андозхо руз аз рузафзун мегаштанд. Дигаргунихо ва тагиротхо дар хаёти ичтимои инъикоси худро дар хаёти маънавии мардум, чахонбини, афкори онхо низ ёфтанд.

Зиддиятхои гуногуни ичтимои, душворихо, кулфату азобе, ки ба души халки мехнаткаш, гуломон афтода буд, зулм ва истибдоди бехад нотавонию ноумеди оммаро побанди хар гунна хуруфот месохт, хатто намояндагони синфхои дороро хам гирифтори худ мекардам.

Шакли нави давлат-мутлакият, чихатхо ва масъалахои нави вобаста ба гуломон акидахо ва муносибати наверо дар масъалаи муносибати чамъият бо шахс ва шахс бо чамъият ба вучуд оварданд ва алокаи пештараро аз байн бурданд. Меъёрхои ахлокии чамъияти, ки пеш буданд, меъёрхои кадимаи ахлокии неку бад ва гайра, агарчи тамоман аз байн нарафта хам, ба тагйироти кадъи дучор гаштанд. Гуруххои наве, ки дар идоракунии давлат иштирок мекарданд, дар сенат аз мухофизакории пештара озод буданд. Ва гайра аз ин чизпарасти, мочарочуи ва гайра ба чузъи амали ин гурухи одамон табдил ёфта буданд.

Тагйироти фикри, ахлоки на танхо дар байни аъзоёни сенат, балки дар дигар гуруххои чамъияти низ ба амал омад. Дар табакахои боло як навъ камбуди маънави, холиги ва махдудият хис карда мешуд. Дар байни табакахои поёнии чамъият-хунармандон, аз гуломи озодшудагон меъёрхои дигари баходихии арзишхои ахлоки, дини ташаккул меёбад. Хамин тавр дар байни ин гуруххои акидае пайдо мешавад, ки боигари, нажод, мансаб наметавонад сабаби саодати он чахони гардад, балки некукори ва камбагали, рахмдили соддаги ва гайра дар он чахон хаёти хушбахтонаро таъмин месозад.

Камбуди маънави /холигии маънави/ на танхо дар ахлок, балки дар ин хам мушохида мегардад. Динхои пештараи Рим тамоман бекурб шуда буданд. Дар натича нуфузи таълимотхо ва равияхои нави гояви, фаслафи дар Рим бештар гардиданд. Аз чумлаи онхо таълимоти Сенека /стоисизм-равокия/ ва Филони Алексадри буд.

Ба гайр аз ин нуфузи худохои дину эътикоди Эрон-Митраизм, ва гайра, ки дар империя хеле зиёд мешавад, гояи тавхид низ дар Рим маъмул мегардад. Хамин тавр дар империя Рим заминахои ичтимои, гояви барои дини тавхид насрони пайдо шуд.

Минтакаи пайдоиши дини насрони музофоти Рим-Яхудия дониста мешавад, ки дар арафаи солшумории мелоди маркази зиддиятхои ичтимои ва сиёси гардидааст. Аз соли 63 то мелод сарлашкар Комней Байтулмукаддасро ишгол намуда, Яхудияро тобеи Рим гардонид. Дар Яхудия муборизахои сиёси, гояви дар дохил авч мегиранд. Нависанда Иосиф Флавий се гурухи асоси: саддукиён, фарисиён, эссениёнро ном бурдааст. Саддукиён аз табакаи рухониён, ашрофони заминдор иборат буданд. Ва дар байни мардум таъсири зиёд надоштанд.

Фарисиён, ки аз табакахои гуногун иборат буданд, кувваи бузурги сиёсиро ташкил медоданд. Гурухи сеюм эссенхо аз руи аз руи эътикоди худ аз дини маъмули яхуди фарк мекарданд. Онхо рохи инкишофи манбахои таърихиро ба омадани Масехо вобаста медонистанд. Баъзе эссенхо ба биёбон руй оварда, зиндагии дарвешонаро пеш гирифта буданд. Хамин тавр баъд аз он ки Яхудия ба Рим тобеъ карда мешавад, вазъияти мураккаби ичтимои-сиёси боз хам мураккабтар мегардад.

Куллаи ин муборизахои сиёси шурише буд, ки барои пахш кардани он барои империяи Рим 7 сол лозим шудХодисаи дар ин чо рух дода, ки дар назари мардум гуё, ки аз охири Дуне хабар медод, интизори ба Масехо, ки бо ёрии он кувваи Римро шикаст додан мумкин аст, акидахои гуногуни бо хам ракобаткунандаро ба вучуд меоварданд. Як гурух дар назди кухи мукаддаси Горизия чамъ мешаванд.

Ба назди кух баъзехо бо силох меоянд. Прокарутари Яхудия Понтий Пилат аскар фиристода дар он чо чамъшудагонро кисман катл ва кисман пароканда месозад. Соли 1947 подабони чавон дар шимоли гарби Бахри Майит дастхатхои кадимаро пайдо намуд. Дуртар аз он дар 10 гори дигар низ дастхатхо ёфт шуданд. Аз мухтавои ин дастхатхо чунин чиз бармеояд, ки барои эссенхо умумияти мехнат, умумияти мол хос аст. Онхо нисбат ба молу мулк танаффур доштанд. Расму оинхои дини насрои – аз кабили гуслу таъмид дар чамоати Курмон дучор мегарданд. Ин бозёфтхо гувохи медиханд, ки акидахои ба дини насрони наздик дар ин махал вучуд доштааст.

Таъсири яхудият ба насроният ва умумияти онхо хеле зиёд аст. Китобхои мукаддаси пайгамбарон, бисер расму оинхо, унсурхои таълимот барои хар ду дин умуми мебошанд. Насроният дар асри охир то мелод ва дар ибтидои солшумории мелоди дар Рим пахн мешавад.

Солшумории мелоди ибтидои худро аз таваллуди Исои Масех мегирад. Аввалин насронихо гуломон ва камбагалон буданд. Дар чамъияти нассронихо хаввориён – шогирдони Исои Масех рохбари мекарданд, баъдтар аз дигар табакахои ичтимои хам а афроде ба ин чамъият дохил мешаванд.

Минбаъд рухонихои касби кашишхо, ускуфхо ба чамоатхои насрони  рохбари менамоянд. Дар ибтидои асри IV хукумати императори ба насроният таваччух зохир мекунад. Император Константин бо фармони худ дини насрониро дар аввал яке аз динхои империя ва баъдтар дини расмии он эълон мекунад.

Соли 325 анчумани умумии насронихо дар Никей даъват мешавад, ки шурои умумичахониро эълон менамояд. Насроният ба дигар кишвархо, берун аз худуди империям Рим низ пахн гардида, нуфузи бузурге пайдо мекунад ва ба яке аз динхои умумичахони табдил меёбад.

Аслхои насроният дар эътикодномае, ки дар соли 381 эълон шуда аз 12 асл иборат аст, муккадас шумурда мешаванд. 8 асли аввал ба ъэтикод ба худои ягона даъват мекунад, худое, ки дар се махсар-худо-падар, худо-писар ва худо-рух /рух-л-кудс/ /таслис/ зохир мешавад. Падар – худо холики оламу одам, олами сувари ва гайрисувари ва худо-писар-Исои Масех аст. Рухи муккадас чизест, ки аз Худо – падар сар мезанад. Таълимоти мухим эътикод ба сурати дигар зохир шудани Худост, мувофики он Исои Масех аз Мариям мукаддас таваллуд мешавад. Мавкеи мухимро таълимот дар бораи омурзиш /омурзиши гуноххо/ ишгол мекунад. Исои Масех худро барои омурзиши гунохи одамон курбон карда, рохи растакориро ба хар як фард нишон медихад.

Супориш ва саволхо.

  1. Оид ба дини Насрони ва Исо-пайгамбар чи хел маълумот доштед
  2. Маънои «Кодир»-ро чи тавр дарк мекунед?
  3. Чаро дини Насрони аввал дар байии гуломону камбагалон пахн гашт?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …