Главная / Маданият ва санъат / ДИН ЧУН ХОДИСАИ ТАЪРИХИ- МАДАНИ

ДИН ЧУН ХОДИСАИ ТАЪРИХИ- МАДАНИ

Дар ибтидои таърихи башарият даврае буд, ки одамон дар чахолат зиндаги карда, шуури онхо инкишоф наёфта буд ва чи будани динро намедонистанд, дар ин давра унсурхои эътикод ба диёнат вучуд надошт ва ин давраро давраи бедини мегуянд. Агар аз руи хисоби олимои пайдоиши инсон дар руи замин бештар аз 1 миллион сол таърих дошта бошад, пахншавии унсурхои эътикод ва диёнат такрибан ба асри кадими санг, 35-40 хазор сол пеш рост меояд.

Албатта, ин нуктаи назар ба акидаю таълимоти дин дар ин бора мувофикат надорад. Вале олимони чи шарки ва чи гарби доир ба давраи бедини далоили зиёди этнографи, забоншиносию таърихи ва археологи гирд овардаанд.

din-jahonАз руи далелхои таърихи аввалин унсурхои эътикоду диёнат дар давраи ибтидои чомеаи авлоди ба вучуд меоянд. Мадраки асосии пайдоиши эътикод микдори муаяни ёдгорихои бостоншиносии давраи санги: гур кардани часадхо, накшхои дараю горхо, тимсолхо ва боки мондани осори динхои ибтидои дар кабилахои акибмонда ва гайра мебошад. Равияхои гуногуни гояви /материализм, идеализм, дин/ ва мактабхои гуногуни илми /мифологи, ё худ асотири, эволюциони ё худ тахаввули, психоаналитики, социологи ва гайра/ ба таври худ пайдоиши динро шарх, додаанд.

Масалан, тарафдорони мактаби асотири /Я.Гримм, М.Мюллер ва гайра/ пайдоиши эътикоди динро ба тачассуми ходисахои осмони мисоли офтоб, мохтоб, раъду барк, маънидод мекарданд. Пайравони мактаби эволюциони /тахаввули/ бошанд, мисли Э.Тейлор, Г.Спенсер, Ю.Липперт ва дигарон дар асоси материалхои этнографи /мардумшиноси/ назарияи ананмистии пайдоиши динро ба вучуд оварданд.

Манбаъхои дини эътикодро абади дониста, онро ба масъалаи офариниши оламу одам пайваст сохтаанд.

Хамчунин назарияти марксисти пайдоиши динро бо нотавонии одами ибтидои дар низди куввахои саркаши табиат, ки хусусияти фавкуттабии доранд, вобаста кардааст. Хар яке аз ин назарияхоро хар кас мутобики саликаю дониш ва эътикод метавонад кабул дошта бошад. 

Супориш ва саволхо.

  1. Сабаби пайдоиши эътикодхои дини дар чист?
  2. Одамон чаро ба ходисахои табии эътикод доштанд?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …