Главная / Илм / ДИЛЗАНи

ДИЛЗАНи

dilzaniДИЛЗАНи, дилбози, эхсоси задани дил. Одамони солим, одатан, кори дили худро хис намекунанд. Бо вучуди ин таппиши дилро метавон хангоми кори вазнини чисмони, асабони шудан, баъди истеъмоли чои талх, кахва, гизои бисёр эхсос кард. Беморон Д.-ро мудом хис менамоянд. Сабаби ин мумкин аст паст гаштани хадди эхсос бинобар ихтилоли фаъолияти асаб (дар вакти неврозхо ва холатхои неврозмонанд) ё тагйир ёфтани басомад, низом (ритм) ё кувваи кашиши дил бар асари беморихои дил ё ихтилоли хунгардиш бошад; бисёр вакт аломатхои мазкур хамрох сурат мегиранд (мас., хангоми тиреотоксикоз, климакс ва г.).
Дар баъзе мавридхо Д. ахамияти ташхиси дорад. Таппиши бараълои дилро мавриди хама гуна беморихое, ки бо тахикардия ва нукси дил чараён меёбанд, метавон хис кард. Дар давраи анчоми грипп, ангина ва диг. беморихои сироятии шадид пайдо шудани Д. метавонад нишонаи миокардит бошад. Хуручи Д. якчоя бо галаёни хун хоси аритмияи дил аст. Зарбаи сахти дил дар одамони гирифтори гипертрофияи меъдачахо (мас., хангоми бемории гипертония, нукси дил, «шушдили» ва г.) ва брадикардия эхсос мешавад.
Барои табобати Д. кабл аз хама сабаби онро ошкор сохтан лозим аст. Агар Д. бинобар асабоният ба вучуд омада бошад, пас маризро ором кардан лозим аст (давохои нардсунбул, валокордин ё диазенам медиханд). Дар сурати баъди истифодаи дорухо, мас., кофеин, эуфиллин, теофедрин ва г. рух намудани Д. бояд ба духтур хабар расонд. Хангоми ба мушохида расидани ихтилоли хуручмонанди низоми дил беморро бетаъхир дар бемористон хобондан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …