Главная / Гуногун / ДИЛСУЗ – хикоя

ДИЛСУЗ – хикоя

Сорохон – ходими калони шуъбаи вазорат, ки аз дар базур медарояду ба наклиёт дарояд, чои се касро бемалол банд мекунад, як соат дер ба кор омада, «уф-ф!» – гуён чусаашро ба руи курси партофт. Ва бо хазор сузу гудози андухомез ба таассуфхури даромад.

– Ох, дилу чигарам сухт-е!.. Ох, вучудам об шуда рехт-е!..

– Ба шумо чи шуд, апа? – бо тахайюр пурсид ходими хурд ва хамутокаш Манижахон. – Ягон каси наздикатон аз олам гузашт-чи?

– Э, кошки мегузашт, – ду дасти таассуф ба харду зону зад Сорохон.

– Набошад, чи шуд?

– Э, ту хафтафахм барин. Дунё чаппа шавад хам, дарак намеёбх.

– Охир аз кучо донам, кор…

– Кор, кор! Кор гуфта, аз одамгари баромадаи-ку! – тамасхуромез ва хашмолуд гуфт Сорохон. – Одам шудан даркор, одам! Шахр пури гуреза. Ба холи гурезахои бечора месузам. Хаёлам, ки дилу чигарам лахт-лахт об шуда мерезад…

Дар хамин вакт дари уток охиста кушода шуда, духтараки зебое даромад. Духтар бо Сорохону Манижахон гарму нарм вохури кард. Сони аввал ба Манижахон баъд ба Сорохон нигариста, пурсид:

– Кадоматон Сорохон?

– Ман! – дархол нидо зад Сорохон. – Сорохон, ин ман! Чи буд?

– Апаи Сорохон, Азизро як медидед, – боодабона гуфт духтар.

– Девона чи дидан дорад? – бо беэътинои гуфт Сорохон.

Духтарак хонандаи ба дарс нотайёр барин дасту по хурд. Беихтиёр гулу афшонд. Сипас ба як аломати суол табдил ёфт.

duxtaroni-tojik-101Лахзае бо хомуши гузашт.

Сорохон асаби гашта, ба сари духтарак дуг зад:

– Чи шах шуди?!

Духтарак як кад парид.

– Бубахшед, – хичолатмандона узр пурсид у ва суи дар рафт.

Вай дарро кушода, кафо гашт ва шубхаомез ба Сорохон нигарист.

– Пуш дара! – дагалонаю тундмичозона амр кард Сорохон. – Аз берун!

Духтарак чизе нагуфта, дарро пушонд.

Манижахон лаб газида, лахзае хомуш истод. Баъд охиста гуфт:

– Азиз раиси иттифоки касаба, ягон гапи мухим доштагист.

Сорохон тамасхуромез хандид.

– Фу, уя чиву гапаш чи. На путёвка, на мошин, на хона. Раис-а?! Ин хел раиса ба сарам мезанам, – гуфт Сорохон ва ба рангу бори руяш машгул шуд. Ба кошхояш сурма кашид. Ба руяш упо зад. Ба лабхояш сурхи давонд.

– Зан, ки худ офаридаи табиат аст, бояд саропо зебо бошад, – файласуфона гуфт Сорохон ва ба бехи гушхояшу сари синааш атр зад.

Ба машоми Манижахон буи атри аълосифат расид.

– Чи хел атри хушбуй, – бо лахни махину ширин гуфт Манижахон.

– Франсия! – бо худситои нидо зад Сорохон. – Бози не! Медони чанд меистад? – ба Манижахон ру овард Сорохон.

Манижахон бо ишораи «надонам» китф дар хам кашид.

– Панчох хазор!

– Охо!

– Охо! Охо! Чи “охо?”

– О, панчмоха маоши ман-ку!

Сорохон чун рангу борашро анчом дод, ба намоиши сузиши дилу чигараш шуруъ намуд. Хатто чанд катра ашки шурашро хам аз чашмони як пуд сурмадораш бароварда тавонист. Дили Манижахон сухту хадаха ба у як пиёла чой дароз кард.

– Не! – рад намуд Сорохон. – Наменушам!

– Як култакак нушед, – дилаш бештар сухта, гуфт Манижахон. – Як култ!

– Не, гуфтам, не! – кариб ки дод зада гуфт Сорохон. – Гулуям руст!

– Не нагуед-дия, – дилчуёна бо лахни махину ширин гуфт Манижахон.

– Оббо, одати маро медонию боз… Хамин хираги чи лозим? Гуфтам-ку: гулуям руст. Об хам намегузарад!

Баъд тег кашида, ба Манижахон нигох карду гуфт:

– Ё ту мана дилсард гумон мекуни?!

Нигохаш хам озмоишкор ва хам ким-чи хел карахт, сарду бемехр буд: ба дили бинанда хузн ва навмеди меандохт.

– Э, э, не-е, барои чи?.. – даступо хурда, бо овози ларзон гуфт Манижахон. – Хеч гох! Харгиз! Шумо бехуда гумони бад мебаред. Айби табиат-дия…

– Чи-и?!

– Ха, табиат берахми карда, шуморо нармдил тарбият додааст. Дар вазорат ду нармдил бошад, яктояш шумоед, агар якто хаст, хамон якто хам худатон. Бовар кунед. Ин хушомад не, хакикат.

Сорохон аз ин суханони Манижахон рухбаланд шуда:

– Ха, курбони ахли фахм шавам, сухан ба касе гуй ки рамузфахм бошад, – гуфт ва сарашро боло гирифта, сандуки синаашро як дамонда, ба суханаш давом кард:

– Хо, дилсард нестам! Ухо уча руи замин дар хавои кушод шинанду ман ича чой нушам? Не-не! Ин айб-а! Ба одами мадани намезебад. Ха, не. Не, наметавонам. Бовар кун, вичдонам рох намедихад. О, хафт пуштам одамони мадани гузаштаги.

– Хайр, Сорохон, ин кадар худатона хокистар накунед. Бо сухтани ману шумо мушкил осон намешавад…

– Аъ?! Чаро намешудааст?! Ман насузам, ту насузи, ки месузад? – хашмолуд лаб кач кард Сорохон. – Аъ?! Ки месузад?!

– Хуб, месузам, месузам, – дафъатан гуфт Манижахон. – Холо як култакак чой нушед.

– Оббо, намонди-дия, – гуён, Сорохон пиёлаи чойро аз дасти у гирифта, ба курси нишаст. Вай хаёломез чой менушид. Манижахон ёрои идома додани сухбатро надошт. Худо мегуфт, ки чойро нушаду аз паи хисобот шавад. Сорохон чойро нушиду аз чо бархост.

– Ох, рахмат Манижахон. Худамам сухта будам-е! Чой не, дору. Ха-ха! Гуё санги рохи гулуям гирифтаро тела дода, поён гелонд. Ку боз якта рез.

Манижахон пиёларо аз дасти у гирифта, пури чой карду гашта ба вай дод. Сорохон чои пиёларо як култ кард. Ва сухтану пухтанашро давом дод.

– Эх, бетолеъхое! Ки онхоро ба ин руз овард? Одамон. Ха, одамон. Эх, одамон, одамон. Хеч фикр намекунанд, ки хама катагии мо аз пушти хаминояй. Охи, уво мора мепушонанд, мехуронанд. Ё гапам нодуруст?

– Сад фоиз дуруст, – гуфт Манижахон.

Сорохон охе кашид.

– Чой хаст?

– Ха, хаст.

Сорохон боз ох кашид. Ва нидо намуд:

– Рез!

– Хуб, – гуфт Манижахон ва саросема пиёларо пури чой карда, ба у дод. Сорохон пиёлаи чойро нушиду боз ба гап даромад:

– Чойи нагз шудааст… Уболако намози шом омаданд…

 – Ки?

– Ки?! Ки?! Ки мешуд? Гурезахо-дия! Бо автобус не, акаллан бо мошини боркаш хам не. Медони, бо чи омаданд? Э, вое! Забонам намегардад. Бо дунболааробаи трактор. Боз чунон шалаку малаки аз дакёнус мондаги, ки илохо тоба.

– Эъ, не-е! Нахо-о-од?!

– Ха-ха! Агар дуруг гуям, фардо рузи киёмат парвардигор бандаам нагирад. Худат медони-ку: дар хуну пусти ман як зарра аз дуруг нест.

– Напурсидед, ки аз кучо бошанд?

– Чи?! Э, хой, ту хушёр-ми-а? О, ман холо аклама нахурдаам. Ба онхо наздик шудан мумкин не.

– Чиба? – дафъатан пурсид Манижахон.

– О, ин кадар ту хафтафахм-а. Ха, бехуда туя ходими хурд намондаанд. Ха, бо дунболааробаи трактор оварданд. Бо хамон аробае, ки дору, пору мекашонанд. Онхо гуё пору бошанд, ки руи хавлии бинои мо рехтанд. Уболако бо кудаконашон сари лучу пои луч. Ранги руяшон заъфарон. Оби дидаашон шаш катор. Набаромадум, натавонистум. Охир, медони-ку: дилам сабил бисёр нозукай. Мебаромадум, якин аз хуш рафта меафтидам. Аз тиреза ба холи зорашон менигаристуму месухтум, бирён мешудум. Чои нишаст намеёфтум. Аз хучра ба хучра мегаштум. Медони-ку: хонаам шашхучраги…

– Шашхучраги? – сухани уро бурид Манижахон. – Дар шахр ин хели хона нест-ку?

– Ачаб содда будаи! – истехзоомез хандид Сорохон. – О, ман балкона хам хона кардам. Ха, як сапанохе шуд, ки мехмонхона барин. Калон, бархаво.

– Холо хамту гуед?! – бо ачаб хайрате нидо намуд Манижахон.

Ба уток Заррина – зани чашмсиёхи хушкомати гесубурида ворид гашт. Ба Сорохон табассум карда гуфт:

– Соня!

– Чи?! Соня? Ман Соня не, худат Соня!

Дар руи Заррина тааччуб шуъла зад:

– Чи-и? Ту Соня не? Ту чи, шухи мекуни?

– Шухи-пухи не! Номи ман Сорохон! Ин нома падари бузургворам ба ман додаги. Ха, як гусфанди хисори кушта зиёфат додаги.

Заррина хайрон шуда, лахзае чи гуфтанашро надонист. Сипас оби дахонашро фуру бурда, канда-канда:

– Ха… холи… хамту гуй! – гуфту баромад ва дар фазои уток буи атрро ба ёдгор гузошт.

– Фу! Ин кадар бадбуй! Тирезаро кушо! Пфу аз буи атри арзонаш дамгир шудам-е! – бо нафрату адоват гуфт Сорохон.

Манижахон тирезаро кушода, ба у чашм духт. Вале чизе напурсид. Ачабо! Хар руз хамдигарро огуш карда, мусичавор лабони якдигарро мебусиданд. Камаш як соат сухбат мекарданд. Аз байнашон гурбаи сиёх гузашт, ки чун саг ба у дарафтод.

– Шавхараша аз кор гирифтанд, – сабаби чунин муносибаташро шарх дода, гуфт Сорохон. – Хама катагиш аз руи шавхараш буд. Ку акнун катаги кунад! Диди, бинг гуфта натавонист! Агар бинг мегуфт расвогиша мебаровардум!

Сипас як охе кашиду пурсид:

– Чой хаст?

– Ха, хаст.

Боз як охе кашиду амр кард:

– Рез!

– Хуб, – гуфт Манижахон ва саросема пиёларо пури чой карда, ба у дод. Сорохон пиёлаи чойро нушиду боз ба гап даромад:

– Ха, ана дар хамин хонаи шашхучраги худам танхо. Як сари кокам. Аз хона ба хона мегаштам. Яке аз дигаре зеботар. Вале ин зебои ба дилам намегунчид. Шодам намекард. Хонахо хуввас мезад. Чора надоштам. Нашавад, ки «Ох берузихо!» – гуфта фарёд бизани. Эха! Замин кучо, осмон кучо! Агар не, фарёд мезадам. Лекин фарёд задан хуб нест. Айб, беадабист. Ха, ман одами мадани, фарёд намезебад. Гуфтам-ку: хафт пуштам одамони мадани гузаштаги. Авторитети авлода догдор кардан хуб не. Ин чиноят-а! Уф-ф… Дилам мекафид. Дили рахмгин хамин-дия, як умр гамгин. Эх, ба дача мерафтам, намешуд! На медидаму на месухтам. Эх, медони он чо чи хел нагз. Ба гуш чирроси чир-чирак ва хониши кабкон мерасад. Шилдирроси об ва хишир-хишири алафхои зери по дар дил хиссиёти гувороеро бедор мекунад. Ох, буйхои хушу чоносояшро намегуи! Нафас мегири ва аз халоват дил дар сина гум мезанад. Бихишт гуям, бовар кун. Уф-ф… Лекин ман дар ин чо, дар шахр, аз хона ба хона мегаштам. Як кас набуд, ки дарди дилама холи кунам. Дилам бехуд мешуд, як хасрати сахте ба калбам чанг мезаду чанг мезад. Эх, чунон чанг мезад, ки мехостам аз хона барояму сарама гирифта, ба ягон чои дур гурезам. Набинаму насузам. Аммо ба кучо?

– Ха, ким-кадом шоире гуфтааст: чое равам, ки гардун болои сар набошад, аммо чи метавон кард, чои дигар набошад!

– Хай, хай, чи хуб гуфтааст!

Сорохон боз ох кашид.

– Чой дори?

– Ха, – гуфт Манижахон. – Резам?

Сорохон дубора ох кашид.

– Чи мепурси? О, рез!

– Хуб, – гуфт Манижахон ва саросема пиёларо пури чой карда, ба у дароз кард: – Мархамат!

Сорохон як култ чой нушиду руй турш карда «о, ин чоят ин кадар бемазза!» – гуён, пиёларо руи миз гузошт. Ва акнун халтаи гапро кушодани буд, ки телефон занг зад. Манижахон гушакро бардошт ва «хозир» – гуён, онро ба Сорохон дароз кард.

– Ки?

– Мачнун!

Хост лахни суханаш самими бошад, аммо бидуни ихтиёр оханги тамасхуре садо дод. Вале Сорохон ба ин заррае эътибор надода, тез пурсид:

– Кадомаш?

Манижахон китф дархам кашида, бо лабханд гуфт:

– Надонам.

Сорохон гушакро гирифт.

– Чон! – кох-кох хандид. – Э, мур ту, бешарм. О, ту бало. Чи? Рост? Аз дуст як ишора, аз мо ба сар давидан. О, ту бало. Кучо? Не, чое ки гардун болои сар набошад. Рост? О, ту бало. Ду мешавад? Чи? Кор гург нест, ки гурезад. Чанд? Хуб, майлаш. О, ту бало! Ман хам! Э, мур ту, бешарм.

Сорохон гушакро монду охангеро замзамакунон як дам дар уток аз ин су ба он су кадам зад. Сони ба Манижахон нигох накарда гуфт:

– Ха, ба кучо омада будем?

Манижахон аз фурсат истифода бурда, хисоботро хотиррасон кард. Вай гуё гунохи азиме карда бошад, якбора ба руяш тег кашид Сорохон. Баъд дар киёфааш хашму газаб падид омад. Сипас бо овози баланд тахдидомез гуфт:

– Фаромуш карди-а, ки ту ходими хурд!

Манижахон дам назад.

Сорохон пас аз каме таваккуф гулу афшонда, боз ба суханаш давом кард:

– Гуштбирён тайёр шуд. Ба табаки калоне бардошта овардам. Ох, ох! Кани дахон, ёбу хур! Вале як бурида хам хурда натавонистам. Бо дили пурхуну дидаи гирён боз назди тиреза омадам. Бечорахако, гарибако руи замини тар нишастаанд. Хатто як шолчахак тагашон нест-е! Ба колинхою тахти курпахоям нигох мекардаму оби чашмонам гура-гура мерехт. Гашта бинам, табаки гуштбирён кайхо ях бастааст. Яхдонро кушодам. Медони-ку: яхдони калони хоричи дорам. Ана даруни хамин яхдони калон пуропури хурданию нушидани. Лекин дилам чизе намекашид. Бо нафрат дари яхдонро пушидам. Бинам торик шудааст. Дар дилам тарсу вахм чой шуд. Чароги хамаи хонахоро даргирондам. Эъ, ана нав дуруг гуфтам. Хуш надораме. Кандилхоро даргирондам. Медони-ку: дар хамаи хонахо, хочатхона ва ванна кандилхои булурин. Хонахо руз барин равшан шуд. Лекин дилам шаб барин сиёх монд. Танхои диламро мефишурд. Назди тиреза рафтам ва худ ба худ такрор-такрор мегуфтам: «Гам нахуред. Пас аз шоми тира субхи босафо медамад».

Як замон аз ханг рафтам. Сарама як зум болои болишти пари ку монда, чашм пушидам, ки ганабам бурдааст. Ганаб бурдан замон аз кучое як марди пурпашми маймунбашара пайдо шуд. Ракскунон ба суям омад. Бо дастони дарози пурпашмаш аз гулуям дошт. Хафа кард. Нохунхояш ба гулуям халиданд. Ман бошам, нафас дар гулуям печида, дод задам. Дод задаму бедор шудам. Бедор шуда бинам, ки саропо зери обу арак мондаам! Давида назди тиреза рафтаму ба берун дида духтам. Худоё! Холо хам уболако руи замини тар нишастаанд.

Телевизор мондам. Консерт. Хофизе суруди шуху пурошуберо месуруд. Гумон карда будам, ки телевизор гамамро кам мекунад. Не, хато рафт фикрам. Як гамам сад гам шуд. «Муред маймунхо! – гуфтам дар дил. – Мардум мемураду шумо консерт медихед. О, як савти фирок, савти хазин, дилшикастаю нолишкунанда дихед, мемуред». Баъд аз гуфтаам пушаймон шудам. Эъ, неши забонам дар хок. О, онхо шояд инро махсус додаанд, ки халк дар гам гарк нашавад…

Сорохон дандонхои тилояшро гуё махсус нишон дода, гап мезад. Ва ин ба Манижахон хуш намеомад. Кахру газабаш чушид. Вале онро дар ботинаш кушт. Зохир накард. Дилтанг шуда, зуд-зуд ба тарафи дар нигох мекард, аммо касе ба имдодаш намерасид. Вай ба ин сухбат тамоман иштиёк надошт. Базур худро нигох медошт, ки аз дахонаш ягон гапи ночо набарояд. Бисёр нозук аст Сорохон. Агар мабодо ягон сухани ба у маъкул назанед, тамом, пустинашро чаппа мепушад. Ба бало мемонед. О, у як зина боло ва худро сардори Манижахон метарошад.

«Хайр бигузор, ки билаккад, – гуфт дар дил у. – Дахонаш, ки ба дард омад, бас мекунад».

Лекин хеч не, ки дахони Сорохон ба дард ояд.

Дили Манижахон тамоман танг шуд. Овози Сорохон ба гушаш намефорид. Суханхои пуртантани тумтарок. Дилгиру дилбазан ва хузнангез. Назди тиреза рафту ба берун назар кард. Хаво сарду нофорам, вале мухити уток барояш аз берун хам нофоромтар буд.

Овози Сорохон уро як кад паронд.

– Э, хой! Ман ба девор не, ба ту гап зада истодаам. Ту асаб надори! Кас дилашро обу адо карда гап занад, гуш ба кари меандози! Ба ту як тарафро об бараду як тарафро сел парвои фалак надори!..

Ин дам дари уток кушода шуду ба он сардори шуъба ворид гашт.

«Хайрият», – охи сабук кашид Манижахон. Пиндошт, ки сардор уро аз ин шиканча рахои мебахшад. Вале пеш аз туй дойра зада будааст.

Сардор авзои ходимашро дида, лахзае худдори намуду хомуширо афзал донист. Баъд, хеле орому ботамкин пурсид:

– Сорохон, хисобот чи шуд?

– Чи? Хисобот? Мо дар чи хаёл, фалак дар чи хаёл, – норозиёна абру гирех кард Сорохон.

– Боз чи хел фалак? Хисоботро дар боло интизоранд.

«Боло» гуфтани сардор гуё равган буд, ки ба оташи газаби Сорохон рехт. Чашмонаш бечо шуд, рагхои чаккааш барчастанд. Чанд кадам пеш гузошт.

– «Боло!.. Боло»! – тамасхуромез ва хашмолуд гуфт Сорохон. – Туф кардам ман ба «боло»-ят! Уча одамо сари лучу пои луч руи замини сард азоби гура мекашанду…

Ин дам хаячони Сорохон боло гирифта, шушаш дамид.

– Ором шавед. Худро ба даст гиред, – гуфт саросема сардори шуъба.

– Чи тавр ором шавам? Чи тавр?! – рангашро канонда, арбада бардошт Сорохон. – Оё ту медони, ки гуреза чист? А?!

Сардор даступо хурда, дархол сухане ёфта натавонист. Гуё аз пеши рохаш чарии бетаге баромад, ки хеч чашмдор набуд. Ба пешонааш араки сард нишаст. Дилаш гуё аз рохи дур дартоз омада бошад, гурс-гурс мезад.

– Вой, во-ой! Чи рузи шуме ба сарамон омад, а? – зиёдтар лаввас карда, аз пашша фил месохт Сорохон ва аз гиря утокро ба сараш мебардошт. – Э во-ой! Худоё, одамон сангдил шудаанд.

Аз шиддати хаячон дастони сардори шуъба меларзиданд.

– Ё тавба, ё тавба, ин чи замон шуд-а? Дунё пур аз сангдилон. Уча одамо руи замини сард нишастаанду ича хисобот мепурсанд. О, вакти хисоботай!? Э, дилсанг-е! Хай-хай! Аз банда шарм накуни, аз Худои тори сарат шарм дор!

Ва аз чашмони серсурмаи Сорохон ба сони ангури сагак ашк таровид. Ончунон мегирист, ки дили санг гуё дукафон мегашт. Мудири шуъба даспоча шуд.

– Хохар… Хохар… Хохиш мекунам. Худата обу адо насоз. О, ту холо ба мо лозим-а.

Не, ба гуши ки кисса мехони. Фарш, дару девор гуё тар шуд аз оби чашми Сорохон.

– Илтичо мекунам, ором шав. Ором шав, ман худам хамон хисоботи зормондая менависам. Ха, ха! Худам мекунам!

Сардори шуъба ба сузу гудози Сорохон тоб наоварда, саросема бадар рафт. Сорохон боз як култ чой нушид. Гулуяшро тар кард.

– Уф-ф-ф, – нафаси дароз кашид Сорохон. – Эх одамон, одамон! Дар кафаси сина дил не, санг доранд, санг! О, одам буду шуд як бор мезихад. Хамон хам хуб зихад шаст – хафтод сол. Э, хонасухтахо-е! Не, не, одам намондаги дунёба. Хама чуби мазор!

Вай боз як култ чой нушида, гулуяшро тар карду афсус хурда гуфт:

– Хах, хонаат сузад, душман! Эх, агар дасти дароз медоштам, рафта хамон душманоя гулучаф мекардаму мекуштам. Лекин чи кунам, ки як сари кокум.

Вай ох кашиду бо газаб гуфт:

– Ох, дастам агар ба гиребонашон мерасид, пора-пора мекардамашон.

Бад-ин минвол як култ чой нушида, афсус мехурду ох кашида, дилсузи мекард. Нохост дар кушода шуду сурмачашме сар халонд:

– Хой, Сорохон, лангар зада мешини-чи? О, тез бош. Вакт рафт. Соат дувоздах шуд. Вай бечора интизори мо.

– Ки?

– Вой мурам, ин кадар ту фаромушхотир. Ходими калонамон Усмахон. Ду руз пеш ба зиёфат таклиф карда буд-ку. Наравем, хафа мешавад.

– Касофати серкори хамин-дия. Одамро фаромушхотир мекунад, – гуфт Сорохон ва суи Манижахон гашта, афзуд:

– Ман баъди ношто намешавам. Рохбарият пурсад, худат ягон бахона ёб.

– Яке наёбам-чи?

– Ия! Ана гапу! Меёби, ту бало! – гуён, бо ноз сар тофта, бадар рафт Сорохон.

Манижахон гумон кард, ки аз шонахояш кухи азиме афтод. Сабук бархосту суи ошхона кадам зад, рухаш озод ва дилаш болида буд. Медонист, ки Сорохон то бегох намеояд, ягон дуруг бофтан лозим ва шояд навиштани хисобот хам ба зимаи у меафтад, аммо парво надошт.

 25 октябри соли 1992

 29 апрели соли 1995

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …