Главная / Илм / ДИФИЛЛОБОТРИОЗ

ДИФИЛЛОБОТРИОЗ

difillobotriozДИФИЛЛОБОТРИОЗ (Diphyllobothriasis), беморихое, ки тасмакирмхо ва диг. киччаю кирмхои рудаи одам ва баъзе хайвонот ба вучуд меоранд. Дарозии тасмакирм 7 – 10 м буда, аз банд (бугум)-чахои сершумор иборат аст. Сараш ду сурохии чукур дорад, ки тавассути он кирм ба девораи руда часпида мегирад. Тухм ва бештар бандхои кирмхо бо начосати одамони бемор ва хайвонот (гурба, саг ва г.) хорич мешаванд. Хангоми ба оби кулу хавзхо афтодани тухмхо баъди 3 – 5 хафта аз онхо чанин мебарояд. Аз чанин харчангчахои белпо (сиклопхо) ва аз онхо мохихо ( сиклопхоро мехуранд) сироят меёбанд. Одам аз Д. дар аснои истеъмол кардани мохии нагз нопухта, инчунин аз тухми бенамаки мохихои шуртан ва налим сироят меёбад. Дар мавриди он дилбехузури, кай, баъзан дарди шикам ва камхунии вазнин пайдо мешавад. Д.-ро бо рохи аз начосати бемор ёфтани тухм ё бандхои кирм ташхис мекунанд.
Бемор дар касалхона табобат меёбад. Одатан дорухои киччарон ва рафъи камхуни таъин карда мешавад. Барои пешгирии Д. чуй ва кулу дарёхоро аз ифлоси (бо начосати одаму хайвонот) эхтиёт кардан зарур аст; танхо мохии нагз пухта, бирёншуда, дудхурда ё намакхурдаро бояд истеъмол кард. Мохи баъди 2 – 7 рузи намак кардан, безарар мегардад. Агар ба тухми шуртан 10% намак (нисбат ба вазни тухми мохи) илова карда шавад, кирминаи тасмакирмхо баъди 30 дак., аз 5% намак – баъди 6 соат ва аз 3% – факат баъди 2 шаборуз махв мегарданд. Мавриди дар 18ºС ях кунондани мохии вазнаш то 2500 г кирминаи тасмакирмхо баъди 2 – 4 руз, дар 6ºС – баъди 6 – 7 руз нобуд мешаванд. Ниг. низ Гелминтозхо.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …