Главная / Илм / ДИБАЗОЛ

ДИБАЗОЛ

dibazolДИБАЗОЛ, як навъ дору. Д. тонуси мушакхои суфтаи узвхои рохи меъдаю рудахо, аъзои таносулу пешоб, рагхои хунгард ва г.-ро суст мекунад. Д. барои рафъ сохтани хуручи ногахонии дарди сар (хангоми гипертония), шикам (дар вакти халаи руда ё чигар), сандуки сина (дар вакти хуручи стенокардия) ё миён (хангоми дарди санги пешоб) таъин карда мешавад. Онро метавон ба зери забон гузошт ё истеъмол кард. Дар мавриди ба зери забон гузоштан, таъсири дору меафзояд. Бо максади афзун гардондани таъсири Д. якчоя бо он метавон аз дорухои дигар низ истифода бурд, мас., папаверин, но-шпа, дорухои талхарон, пешоброн ва г. Бахри идома додани таъсири муоличавии Д. онро баъди 4 – 6 соат такроран истеъмол менамоянд.
Д., одатан, таъсири номатлуб надорад, вале бо вучуди ин, хангоми истеъмоли он эхтиёт шудан лозим аст (хусусан пиронсолон). Дар аснои гипотензия (паст будани фишори артерия) истифодаи Д. чоиз нест, зеро он мумкин аст боиси аз хуш рафтани бемор шавад.
Таъсири Д. баъди 20 – 30 дак. фаро мерасад. Таъсири бештарини он баъди 1,5 – 2 соат мушохида мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …