Главная / Илм / ДИАТЕЗ

ДИАТЕЗ

diatez2ДИАТЕЗ (юн. diathesis – майл доштан), нукси модарзодии раванди мубодилаи моддахо. Д. бо аломатхои махсус ва беморихо зохир мешавад. Механизми такомули Д. ба системаи вегетативии асаб ва тарашшухи дохили алокаманд аст. Бештар намудхои зерини Д. вомехуранд: Д.-и экссудативи-назлави (аксар вакт дар синни кудаки ба вучуд омада, кудак ба саглес ва диг. беморихои пуст, илтихоби рохи нафас, барангезиши асаб ва г. дучор мешавад); Д.-и лимфаги-гипопластики (майл ба касалихои аллергии пуст); Д.-и асабию артрити (касалихои банд, чигар, гурда, ихтилоли мубодилаи моддахо, шакика ва г., ки ба синну сол вобастаги доранд); Д.-и аллерги (организмхои нисбат ба аллергенхо хасосияти баланд доштаро муттахид мекунад); Д.-и геморраги (хунрави аз рагхои пуст, пардахои луоби ва узвхои дохили).
Бемории ширинча як намуди Д. буда, баъди аз таъсири баъзе хурокворихо (бештар тухм, кулфинай, мевахои ситруси, асал, шоколад) халал ёфтани мубодилаи моддахо ба вучуд меояд. Дар банди зону ва болои абру баромадани ярачахои карахшдори зардтоб, сурх шудан ва пуст партофтани рухсорахо, карахш пайдо кардани сар, шалхидани пуст ва г. аломатхои асосии бемории ширинча мебошанд. Чунин кудакон гирифтори беморихои илтихоби, конъюнктивит, отит буда, тез-тез кабзият ва дарунрав мешаванд; бисёр вакт дар онхо беморихои пуст (кубоъ, нейродермит, хоришак), аъзои нафаскаши (бронхит, зики нафас)-ро низ мушохида мекунанд; беморихои сироятии онхо нисбатан тулони ва вазнин мегузаранд. Одатан зухуроти Д. баъди 3 – 5 сол суст ё паст мешавад.
Д.-ро бо тавсияи духтур муолича мекунанд. Истифодаи василахои хонаги, махсусан дорухо боиси вазнин шудани бемории кудак мешавад. Духтур, одатан, аз гизохои боднок пархез мефармояд. Хангоми илтихоб ё шалтокии пуст ванна (бо иловаи дорухо), хангоми нейродермитхо хамираю мархам (дар хар холат бо тавсияи духтур) фоиданок аст. Барои пешгирии Д.-и занони хомила ва модарони ширхорадор ба онхо истеъмоли хуроки нофорамро манъ мекунанд. Ба кудакони то 3-сола хам чунин хурокро додан лозим нест; барои баъзе кудакон номгуи хуроки хоса тартиб бояд дод. Ниг. низ Аллергия.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …