Главная / Илм / ДИАЛИЗ

ДИАЛИЗ

dializДИАЛИЗ (юн. diálysis – чудокуни), чудо кардани омехтаи моддахои хурдмолекула аз системаи коллоиди ва махлули пайвастхои калонмолекула бо ёрии мембранахои табии (пуфаки гов, пергаменти наботот) ва сунъи (селлофан, коллодий ва г.). Д. мувофики конунхои диффузия суст чараён мегирад. Аз ин ру, барои тезондани Д. гайр аз диализаторхо (асбобхо барои Д.) хамчунин электродиализаторхо истифода мешаванд. Дар электродиализатор ионхо дар майдони доимии электр, ки ба он махлули тозашаванда рехта шудааст, аз камераи мобайни ба воситаи мембрана ба камерахои пахлуии махлулгузари дорои халкунанда мегузаранд. Д. аз хисоби зиёд гаштани фишор (дар камерахо), харорати махлулу халкунанда, майдони мембранахо ва тозагии халкунанда суръат мегирад. Д. дар бештари амалиётхои технологи, тадкикоти физикию химияви, биологи, инчунин дар тиб истифода мешавад.
Баъзе усулхои муолича, ки дар мавриди захролуди ва нукси гурдахо кор фармуда мешаванд, ба Д. асос ёфтаанд. Гурдаи сунъи (гемодиализ) ва лимфодиализ хам мансуби Д. мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …