Главная / Илм / ДИАДИНАМОТЕРАПИЯ

ДИАДИНАМОТЕРАПИЯ

diadinamoterapiyaДИАДИНАМОТЕРАПИЯ, яке аз усулхои физиотерапия. Д. ба истифодаи чараёни диадинами асос ёфтааст. Асосгузори Д. духтури франсави П. Д. Бернар мебошад. Чараёни диадинами ба организм таъсири зиддиилтихоби, бедардгардони, ангезишовар ва г. мерасонад.
Чараёни диадинами ретсепторхои пуст ва асабу мушакхоро ба ангезиш оварда, харакати хун ва тагзияи бофтахоро бехтар месозад, махсули зарарноки мубодилаи моддахоро аз организм хорич менамояд, хуручи илтихобро боздошта, хисси дардро бартараф мекунад.
Чараёни диадинами басомади кам дошта, ба шакли импулсхо дода мешавад. Хафт навъи чунин чараён мавчуд аст. Д.-ро барои муоличаи невралгия, осебхои гуногун, иллати бандхо, артрити тарбодмонанд, эндартериити фарогир, дискинезияи руда, талхадон ва масона, захми меъда ва рудаи дувоздахангушта ва г. кор мефармоянд. Истифодаи Д. хангоми хомилаги, тромбофлебит, бемории санги пешоб ва талха, мавчудияти кардиостимулятор чоиз нест. Даври муолича аз 5 – 20 сеанс (рузе 1 – 2 маротиба) иборат аст. Муоличаи такрори баъди 15 – 20 руз ичозат дода мешавад. Давомоти табобат аз 2 то 10 дак аст.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …