Главная / Илм / ДИАБЕТИ ГУРДА

ДИАБЕТИ ГУРДА

diabeti-gurdaДИАБЕТИ ГУРДА (Diabetes renalis), холати маризиест, ки хангоми он дар таркиби пешоб глюкоза пайдо мешавад (гликозурия), хол он ки микдори он дар хун муътадил аст. Сабаби Д. г. халал ёфтани чаббиши баръакс (реабсорбсия) – и глюкоза аз пешоби аввалин дар найчахои канории гурда мебошад. Д. г. дар натичаи ихтилоли полоиши пешоб дар калобачахои гурда низ ба мушохида мерасад. Яке аз сабабхои Д. г. нокисии генетикии ферменти фосфатаза мебошад. Холатхои якчоя бо нефропатия, ки бар асари захролуди аз сулема, уран ва диг. моддахо сар задааст, рух намудани Д. г. низ дучор омадаанд. Он баъзан дар моххои охири хомилаги хам ба мушохида мерасад. Хангоми Д. г. микдори глюкоза дар таркиби хун то 3%, баъзан 6 – 7% меафзояд.
Беморони гирифтори Д. г. хамеша гурусна мемонанд, зуд-зуд кай мекунанд, дарунрав мешаванд. Бо максади муоличаи Д. г. ихтилоли мубодилаи моддахоро ба сомон овардан лозим аст. Беморон бояд талафи карбогидратхоро баркарор намоянд, то ки захираи гликоген дар чигар ва мушакхо нест нашавад

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …