Главная / Илм / ДЕЗОДОРАНТХО

ДЕЗОДОРАНТХО

dezodorantiДЕЗОДОРАНТХО, моддахоеро гуянд, ки барои кам ё нест кардани буи бад истифода мешаванд. Д. аз моддахои рафъи буй, хушбуй (одорантхо), бактериякуш ва г. иборат мебошанд.
Барои равондани буи ташноб, хочатхона, матбах ва г. моддахои аэрозолии «Ветерок», «Гвоздика», «Озодон», «Поляна» ва г. истехсол мешаванд. Дезодорантхои «Букет», «Сиреневый» хосияти зиддимикроби доранд; дезодорантхои «Тойлекс» барои хочатхона ва ташноб, «Кок» барои матбах ва «Эал» барои нест кардани буи тамоку истифода мегарданд.
Д. нисбат ба моддахои аэрозоли хаворо чандон тару тоза накунанд хам, таъсирашон муддати дароз мемонад. «Хвоинка» обаки буда, буи рутубат, магор, тамоку, хайвоноти хонагиро меравонад, хонаро бо буи дарахти чалгуза муаттар месозад. Дезодорантхои обакии «Лесной» ва «Травка» барои равондани буи хочатхонаю ташноб истифода шуда, хосияти бактерисиди (нобуд кардани бактерия) доранд. Барои шкафхои либосмони истифодаи «Дезантим», ки дар шакли курсхои 20 – 30 г истехсол мешавад, мувофик аст. Вай буи нофорами араки бадан, тамоку ва магорро равонда, либосхоро аз зарари куя мухофизат мекунад.
Барои равондани буи яхдон Д.-хои «Рута», «Поглотител запахов» ва «Запахопоглотител»-ро кор мефармоняд. Онхоро бо куттичаашон дар яхдон мегузоранд; муддати истифодаашон 6 мох аст.
Бо моддаи аэрозолии махсус буи бади порукуттиро бартараф кардан мумкин.
Дезодорантхои шахси барои рафъи буи араки бадан пешбини шудаанд. Онхо баръакси антиперспирантхо (модахое, ки ихрочи аракро кам менамоянд) ихрочи аракро кам намекунанд. Д.-хои аэрозоли буи гуногун дошта, либосро дог намезанонанд. «Одорин», «Флеорол», «Флеорол-экстра», «Элфин» (чанд хел буй дорад) низ Д.-хои шахси мебошанд. Барои равондани буи аъзои нихонии бадан препарати аэрозолии «Интимний» пешниход шудааст.
Барои рафъи буи арак препаратхои махсус, мас., «Гигея», «Илва» ва г. истифода мешаванд. Барои бартараф кардани сераракии пой препарати аэрозолии «Тюлпан» муфид аст. Бо «Футон» нафакат буи пойро меравонанд, балки беморихои занбуругиро низ пешгири ва муолича мекунанд.
Барои равондани буи пойафзор, пешгирии араки пойхо ва беморихои занбуруги низ Д.-хои махсус вучуд доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …