Главная / Илм / ДЕЗИНСЕКСИЯ

ДЕЗИНСЕКСИЯ

dezinseksiyaДЕЗИНСЕКСИЯ (Desinsectio; аз дез … ва лот. insectum – хашарот), тадбирхои махв намудани бандпойхо (хашарот ва кана), ки пахнкунандаи ангезандагони беморихо, зараррасони хуроквори ва растанихо мебошанд. Дар хона Д.-ро барои нест кардани магас, нонхуракхо, кайк, шабушк, хамчунин мухофизат аз хомушаку канахо (ниг. Репеллентхо) истифода мебаранд.
Д. пешгирикунанда ва махвсозанда мешавад. Тадбирхои пешгирикунанда чунинанд: тозаву озода нигох доштани хонаву чой; бо латтаи нам тоза кардани ашё; ба дару тирезахо кашидани тур; дар зарфхои махсус нигох доштани хуроквори, пушондани сарпуши ахлотдон; риоя кардани коидахои гигиенаи шахси; мунтазам шустану иваз кардани чойпуш, либоси таг ва г. (пайдоиш ва афзоиши шабушкро пешгири мекунад); ба тартиб даровардан, мунтазам рубучин кардан ва шамол додани биною таххонахо бо максади пайдо нашудани пашшаву курпашша; тоза кардани чую хавз ва захбурхо; бо хок пур кардани хандакхо, чукурихо, кулмакхо; барои бочкаю чалак ва чоххои об сохтани сарпуш (бо ин рох афзоиши хомушакхо пешгири карда мешавад).
Тадбирхои махвсозандаро бо усулхои физики, химияви ва биологи мегузаронанд.
Усулхои физикии нест кардани хашарот чунинанд: такондану афшондани либос, курпаву болин, гилем, пардахои дару тиреза ва г.; истифодаи чангкашак барои тоза кардани хона ва махв сохтани баъзе хашарот (мас., нонхуракхо, кайк, куя); кор фармудани домхои гуногун (бар зидди магасу нонхуракхо), оби чуш (барои нобуд кардани тахтаканаю нонхурак), дарзмоли гарм ва хавои тафсони камераи дезинфексия (барои нобуд кардани шабушк).
Ба воситахои химиявии махви бандпойхо гексахлоран (гексахлорсиклогексан ё ГХСГ), ДДТ (дихлордифенилтрихлорэтан), дихлорпинен, полихлоркамфен, хлорофос, карбофос, севин, паретрум, диметрин, аллетрин ва г. мансуб мебошанд. Моддахои химиявиро дар намуди хока (дуст), махлул, аэрозол ва г. истифода мебаранд. Аз руи тарзи таъсир онхоро ба тамоси (асосан тавассути пусти хашарот таъсир мерасонанд), рудаи (ба организми хашарот бо гизо ворид мешавад) ва фумигантхо (дудкунандахо; тавассути рохи нафас дохил мегарданд) чудо мекунанд. Вобаста ба таъсирашон ба бандпойхо онхо ба захри зидди хашарот (инсектисидхо), зидди кана (акарисидхо), зидди кирмина (ларвисидхо), зидди тухми хашароту кана (овисидхо) таксим карда мешаванд.
Усулхои биологии Д. ба таъсири «зинда зидди зинда» асос ёфтаанд, яъне барои Д. ангезандаи касалихои хашарот ё душманони табиии онхоро кор мефармоянд (мас., мохичахо, ки кирминаи пашшахои варачаро махв месозанд). Бо рохи физики ва химияви бенасл гардондани наринахо низ ба усулхои биологии Д. дохил мешавад. Усулхои биологии Д.-ро бинобар мураккаб буданашон дар амал бисёр кор намефармоянд.
Ниг. низ Кайк, Шабуш, Шабушноки, Кана, Пашша, Магас.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …