Главная / Илм / ДЕЗИНФЕКСИЯ

ДЕЗИНФЕКСИЯ

dezinfeksiyaДЕЗИНФЕКСИЯ (Desinfectio; аз дез … ва лот. infectio – сироят), гандзудои, бесироятгардони, махви ангезандаи беморихои сирояти (бактерияхо, вирусхо ва г.). Ба маънои васеъаш мафхуми Д. дезинсексия (махви хашароту канахои барои одам зараррасон) ва дератизатсия (махви хояндахои зараррасон)-ро низ дарбар мегирад.
Д. се хел мешавад: чори, нихои ва чилавгир (профилактики). Д.-и чориро муттасил дар хонаи зисти бемор, Д.-и нихоиро баъди ба беморхона бурдан (аз дигарон чудо кардан) ё шифо ёфтани мариз ва Д.-и чилавгирро пай дар пай барои безарар гардондани гандаоб, партовгоххо, чойхои серодам (вокзал, хаммом, бозор ва магозахо), ки хавфи пахн гаштани амрози сирояти вучуд дорад, мегузаронанд.
Барои Д. воситахои механики, физики ва химиявиро истифода мебаранд. Бо латтаи нам тоза кардани хона, афшондани либос ва курпаву болин, бо чангкашак тоза кардани чанги хона ва либосхо, шамол додан, сафед ва ранг кардани хона, шустани даст воситахои механикии Д. махсуб мешаванд. Бо ин рох кариб 50 – 75%-и микробхо махв мегарданд. Хушконидан, нури офтоб, афканишоти ултрабунафш (лампаи симобию квартси), оташ (сузондани ахлот, партовхо, ашёи нодаркор, тафсондани чизхои филизи) ва оби чуш воситахои физикии Д. мебошанд. Дар камерахои гандзудои буги об ва хавои гарм, дар автоклавхо бошад, буги обро истифода мебаранд. Кислотахо, ишкорхо, охаки хлорнок, хлорамин, фенол, крезолхо (лизол, нафтализол), формалин, сулема ва г. васоити химиявии Д. буда, дар намуди махлулхои гуногун ба кор мераванд (формалин дар холати газ хам истифода мешавад).
Хангоми баъзе амрози сирояти Д.-ро дар хона мегузаронанд. Дар вакти беморихои сироятии руда (исхоли хунин, тифи хасбави ва баргарданда ва г.) косаву табаки беморро дар махлули 1%-и сода, либоси таг ва лавозимоти бистариро дар махлули 2%-и содаю собун ё махлули ягон воситаи шуянда 15 дак. мечушонанд. Ба пешобу начосати бемор охаки хлорноки хушк мепошанд, баъд омехта карда 1 соат нигох медоранд ва сипас ба канализатсия ё чохи ахлот мерезанд.
Ашёи нигохубини бемор (гармкунак, клеёнкаи таг, халтаи резинии ях)-ро бо латтае, ки дар махлули 0,5%-и хлорамин ё бензилхлорфенол тар карда шудааст, тоза мекунанд. Курпаву болин ва либоси руйро бо чуткае, ки ба ин махлул тар карда шудааст, тоза бояд кард. Ванна, хочатхона ва дастшуякро бо махлули 0,5%-и охаки хлорнок (ё хлорбетанафтол), фарши хонаи беморро бошад, бо латтаи ба махлули 1%-и хлорамин (ё 0,5%-и хлорбетанафтол ё бензилхлорфенол) таркарда пок мекунанд.
Дар аснои беморихои сирояти (тифи хасбави ва тифи баргарданда) бемор ва парасторон аз безараргардонии санитари мегузаранд; либосхо ва курпаву болини беморро ба камераи дезинфексиони мефиристанд. Хангоми грипп косаву табакро 2 – 3 маротиба бо оби чуш мешуянд (ё дар махлули ягон моддаи шуянда мечушонанд). Руймолча ва сачоки беморро чамъ карда, дар махлули ягон воситаи шуянда чушондан лозим аст. Хонаи зистро тез-тез шамол дода, фаршро рузе 2 – 3 маротиба бо латтаи дар махлули 0,2%-и хлорамин таркарда пок мекунанд.
Хангоми беморихои сурхча ва ханозир хонаро мунтазам шамол дода, фаршро бо латтаи нам пок кардан мухим мебошад.
Дар давраи бемории гулузиндонак ва махмалак бошад, косаву табак, бозичахои резини ва филизии берангро 15 дак. мечушонанд; либоси руй, чойпуш, румолча ва сачокро чамъ карда, дар махлули 2%-и содаву собун тар мекунанд (сипас 15 дак. мечушонанд). Хонаро мунтазам шамол дода, ба фарш махлулхои 0,5%-и хлорамин ё 3%-и пероксиди гидроген бо сулфонол мепошанд ё бо латтае, ки ба яке аз ин махлулхо тар карда шудааст, пок мекунанд. Асбобу анчоми хона, дастаки дар ва зертахтаи тиреза бо хамин латта пок карда мешавад.
Дар аснои бемории сил аз се як кисми туфдони беморро бо об пур ва 10 г охаки хлорноки хушк хамрох мекунанд (баъди як соат онро мепартоянд); ба туфдон то нисф махлули 3%-и хлорамин рехта, баъди бо балгам пур шудани он, соате нигох медоранд ва сипас ба канализатсия мерезанд. Косаву табакро дар махлули 2%-и содаю собун 15 дак. мечушонанд; либосхо ва чойпушро дар хамин махлул ё махлули ягон моддаи шуянда тар карда, сипас 15 дак. бояд чушонд. Хонаро мунтазам шамол дода, бо латтаи тар (оби чуши собундор) тоза мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …