Главная / Гуногун / ДЕВОНИ МАЧЪУЛИ РУДАКИ

ДЕВОНИ МАЧЪУЛИ РУДАКИ

Чун номи Рудаки ва шеъри у вирди забонхо, аммо девони ашъору асархои у нопайдо буд, каме пештар, соли 1005 хичри, ки ба соли: 1596—97 мелоди баробар аст, дар Хиндустон бо номи «Девони Рудаки»  китоби кучаке тадвин гардид, ки нусхахои каламии мутаъаддиди он дар бисёр китобхонахои машхури дунё дида мешавад. Ховаршиноси англис Денисон Росс соли 1924 дар маколаи худ «Рудаки ва Рудакии дуругин» ин девонро, ки ба сабаби ба хам наздик будани номи мамдухи Катрон ва мамдухи Рудаки аз девони ашъори Катрон тартиб дода шудааст, «Девони мачъули Рудаки» номида буд. Сипас Саъид Нафиси ва баъдан Абдулгани  Мирзоев  дар  ин  масъала ба Денисон Росс хамфикр шуданд.

Соли 1925 рузноманигори точик Туракул Зехни дар рузномаи «Овози точик» (13 август) дар маколаи худ «Шоъири нахустини точикон Устод Абуабдуллохи Рудаки» навишта буд: «Намедонам оё рост бошад? Як-ду кас хабар дод, ки девони Рудаки аз Бухоро ёфт мешавад. Аммо ин хабар сазовори бовар кардан нест. Агар бошад, шарафи мо хохад буд». Шояд касе дар Бухоро нусхае аз хамин девони сохтаи Рудакиро дида бошад. Соли 1315 хичрии камари (1897) дар Техрон хамин китоб бо номи «Девони Рудаки» ба нашр расид, ки «1170 байтро фаро мегирад. Вале нусахи хатти ба тафовут аз 951 байт то 1121 байт аз Катрон ба номи Рудаки дорад».132

Андар «Девони Рудаки» 41 касида, чанд китъаву тагаззули Катрон чой дода шудаанд. Саъид Нафиси муайян кардааст, ки «хеч як аз ин 41 касидаву китъаву тагаззул, ки аз ашъори Катрон ба Рудаки нисбат дода шудаанд, аз сухани Рудаки нест ва катъан аз Катрон аст ва хар чо, ки байте аз он касоид ёфт шавад, ки ба исми Рудаки навишта бошанд, шакке нест, ки ба хатосту аз сабку сухани Рудаки бисёр дур аст ва, гузашта аз он, далойили таърихи мусаллам месозад, ки аз Устод Абуабдуллох Чаъфар бинни Мухаммад Рудаки нест».133

Дар маколаи Абдулгани Мирзоев «Боз    як нусхаи калбакии ашъори Рудаки» сухан аз нусхаи каламие меравад, ки тахти раками 322 дар Китобхонаи оммавии Ленинград ба номи Салтиков — Шедрин  тахти унвони   «Мачмуаи  шуъаро»  нигох дошта мешавад, ки он аз 336 барги калонхачм иборат буда, ашъори беш аз 30 нафар сухансаройи форсизабони асрхои чахор то дахи хичри-камариро фаро мегирад. Дар сахоифи авроки 2 то 11 ба исми Рудаки 38 касидаву китъа    оварда мешавад,    ки аз 1050 байт иборат буда, хама ба калами Катрони Табрези мутааллик аст. Аз он ашъор як сатр   хам моли   Рудаки намебошад. Абдулгани Мирзоев, хамчунин, кайд мекунад, ки «Мачмуаи шуъаро» нусхаи нахустин буда, дар ахди шох Аббоси Сони (солхои 1642 то 1666) мураттаб гардидааст.  Ризокулихони Хидоят,    Денисон Росс ва Саъид Нафиси дар вакташ ба ин нукта ишора кардаанд. Денисон Росс менависад,   ки «яке аз адибони Эрон чун дидааст, ки аз осори Рудаки чизе намондааст, карор додааст, ки ин камбудиро   баркарор намояд. Иттифокан, девони Катронро,    ки то    дарачае    гумном буд, ба даст оварда, бехтарин касидаи вайро, ки исми Абунаср дар он чо буд, интихоб намуда, ба ашъори   бокимондаи Рудаки махлут карда, девони Рудакиро   ба вучуд    овардааст».134 Ба кавли Саъид Нафиси, «то замони мо дар бештари  китобхо ашъори Катронро каму беш ба номи Рудаки овардаанд ва ба эхтимоми   кави ин хато    нахуст аз муаллифони хинди сар задааст ва шояд нусхаи «Девони мачъули Рудаки»-ро дар Хинд сохта бошанд  ва  мачмуъае  аз ашъори Катронро тартиб дода, ба номи Рудаки маъмул доштаанд. Сипас дигарон баъзе ашъори Рудакиро фарохам кардаанд, ки дар соли 1315 ба табъ расидааст».

Сабаби рух додани ин   хато дар он   аст, ки номхои мамдухони Рудаки    ва    Катрон    хеле ба хам монанд буда, Наср ибни Ахмади Сомони  мамдухи Рудаки   ва Абунаср мадхшавандаи Катрон мебошанд. Аввалин касони ба   хато   рохдиханда Абунасрро   Наср гумон кардаанд.  Бинобар   навиштаи  Абдулгани Мирзоев,   «ходисаи  як вактхо хамчун осори  Рудаки шинохта  шудани девони  Катрон  ва хамранг будани исмхои мамдухони Рудаки ва Катрон, ба эхтимоли кави, сабаб шудааст бар он ки тартибдихандаи «Мачмуаи шуъаро» ашъори зикршудаи    Катронро низ хамчун    ашъори Рудаки    овардааст».136

Охирин пажухишгаре, ки ба ин масъала ишора дорад, Саййид Зиёвиддини Саччодист, ки дар асари худ «Куйи Сурхоби Табрез ва макбарат-уш-шуъаро» кайд менамояд: «Катрон дар бораи Абунасри Мимлон    сию хафт  (37) касида дорад ва шабохати кунияи ин мамдух бо Наср ибни Ахмади Сомони —мамдухи Рудаки сабаб шуда, ки бисёре аз ашъори Катрон    дар девони Рудаки    ворид шавад».137

Бо кушиши Саъид Нафиси, мухаккикони точик ва чуяндагони аврупои мачмуъае аз ашъор ва абёти бокимондаи Устод Рудаки гирд оварда шудааст, ки намунахои газалу касоид, маснавихо, рубоъиёт, китъаот ва абёти парокандаи уро дар бар мегирад. Хамин ашъор аст, ки аз руйи онхо ва мукояса бо акволи ахли китоб мухтасар ва нокифоя хам бошад, мумкин аст, ки рочеъ ба лахзахои хаёт, чахонбини, диди фалсафи, андешахои ичтимои, афкори ахлоки ва панду андарзхои волою човидони Устод Рудаки сухан ронда шавад. Ин ашъор, ки дар китоби Саъид Нафиси «Мухити зиндаги ва ахволу ашъори Рудаки» чой дода шудаанд, иборат аз 1042 байт мебошад.138 Баъдан Асрори Рахмонфар аз манобеъи тоза боз ба он 18 байти дигар афзудааст, ки пояи хамаи тахкикот оид ба Устод Рудакиро ташкил мекунад. Аз хамин сабаб, мо дар ин рисола фикру андешаи худро асосан дар пояи абёту ашъори дар китоби Саъид Нафиси «Мухити зиндаги ва ахволу ашъори Рудаки» чамъомада баён кардаем.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …