Главная / Илм / ДЕРМАТИТХО

ДЕРМАТИТХО

dermatithoДЕРМАТИТХО (Dermatitis), газаки пуст, як навъ бемории пуст, ки аз таъсири ангезандахои беруни – моддахои химияви, омилхои физики, инчунин аз таъсири моддахои наботи ба вучуд меояд. Д. бештар хангоми дар рузгор ва истехсолот бо моддахои гуногуни химияви, яъне бо кислотахо, ишкорхо, сода, скипидар, рангхои анилини ва г. сарукор доштан, инчунин дар натичаи ба пуст молидани дорухои гуногун (хусусан аснои худмуолича) пайдо мешавад. Агар пуст ба таъсири йод, симоб, новокаин, синтомитсин, стрептосид ва г., ки дар намуди махлул, зимод, хамира ва эмулсия истифода мешаванд, нихоят хассос бошад, Д. инкишоф меёбад.
Д. аз ангезиши механики, мас., соиш хурдан ё пушидани пойафзоли танг низ ба вучуд меояд. Ба Д.-е, ки ангезандаи он харорат аст, сухтаги ва сармозани мансубанд. Нури офтоб, чараёни электр низ боиси Д. мегардад. Баъзан агар анчибар, юган, шакокул, геша ва баъзе растанихои диг. ба пусти одам расанд, Д. инкишоф меёбад.
Мучиби Д. шудани баъзе васоити ороиш (косметики)-ро низ набояд фаромуш кард. Туш ва ранг барои муй баъзан боиси варам кардан ва сурх шудани пусти руй ва пилки чашмон мегарданд. Кремхои ороиш ва лосйонхо дар сурати нодуруст нигох доштан ва вайрон шудан, метавонанд ангезиши сахти пустро ба вучуд оранд.
Шиддат ва давомоти чараёни газак нафакат ба таъсири ангезанда, балки ба холати умумии организм низ вобаста аст. Хассосии пусти одамон хар хел мебошад: ангезандае, ки ба пусти як кас тамоман таъсир намерасонад, дар пусти шахси дигар боиси Д. мегардад (ин аломати ба ангезанда нихоят хассос будан аст; ниг. Аллергия). Пусти кудакон нисбат ба пусти одами калон ба омилхои химиявию физики хассосияти бештар дорад. Хангоми Д. пуст сурх шуда метасфад, варам, хориш ва сузиш мекунад. Дар чои сурхшудаи пуст обила ба вучуд меояд, ки дар аснои кафидан, аз он об баромада, карахш мебандад.
Тавре ки кайд карда шуд, Д. афканишоти, электри, осеби, химияви, доруи ва наботи мешаванд.
Д.-и афканишоти зери таъсири нурхои офтоб, афканишоти ултрабунафш, ионнок ва г. рух менамоянд. Дарачаи осеб ёфтани пуст ба дарозии мавч ва давомоти таъсири он вобаста аст. Сабаби асосии Д. аз афканишоти ионнок таъсири зиёновари алфа-, бета- ва гамма-нурафкани, инчунин афканишоти нейтрони ё рентгени мебошанд. Хангоми зиёд будани хассосияти пуст ба афканишоти ултрабунафш, мас., дар аснои албинизм ва пеллагра хатто аз таъсири кутохмуддати ангезахо пуст сухта обила мекунад.
Д.-и электри дар натичаи ба пуст зарар расондани чараёни барк ба вучуд меоянд. Дар чойхои ба пуст даромада ва баромадаи чараёни электр «аломатхои барк» ба мушохида мерасанд. Онхо бедард буда, илтихоб пайдо намекунанд, муи чои осебдида намерезад (фарки он аз сухтаги дар хамин аст). Захм баъди 3 – 4 хафта шифо меёбад.
Д.-и осеби бинобар таъсироти механики пайдо мешаванд. Аломатхои онхо ба кувваи зарба, хусусияти пуст ва давомоти омили зиёновар вобаста мебошанд. Осеби андак метавонад боиси каме сурх шудани пуст гардад. Дар мавриди сахт лат хурдан пуст обила мекунад, захмдор мешавад.
Д.- и химияви бинобар таъсири кислотахо, ишкорхо, намакхои хром, калий, натрий ва г. инкишоф меёбанд. Онхо пустро сузонда, боиси дард ва захм мешаванд. Хангоми осеби андак пустро зуд бо оби гарм шустан лозим аст (бехтараш узвро дурудароз ба зери об гирифт). Д.-и аллерги бар асари моддахои гуногуни химияви ба вучуд меоянд; бисёр вакт онхо ба экзема монанд мешаванд. Пуст хориш мекунад. Фарчоми бемори нек аст.
Д.-и доруи дар баъзе одамон бинобар таъсири дорухо, мас., новокаин, антибиотикхо, аминазин, резортсин, клеол, скипидар ва г. пайдо мешаванд. Д. имкон доранд аз истифодаи ланолин, вазелин, мархамхои синтези ва г. низ сар зананд. Бештар дар панчахо, баъзан дар рухсора ва гардан падид меоянд. Д.-и йоди бинобар истифодаи нодурусти махлули спиртии йод ба вучуд омада, пуст обила мекунад. Дар мавриди катъи тамос бо дорувор Д.-и доруи пурра шифо меёбанд.
Сабаби Д.-и наботи растанихои аллергияовар мебошанд. Онхо, одатан, бо хоришу сузиш падид омада, баъзан пуст варам ва обила мекунад. Хатто мумкин аст дил бехузур шуда, бемор кай кунад, таб баланд ва гуддахли лимфави калон шаванд.
Д.-ро мувофики таъиноти духтур табобат мекунанд. Худмуолича мумкин аст боиси афзун гаштани Д. шавад. Зудтар бархам додани омилхои ангезандаи Д., яъне аз руи пуст дур кардани бакияи моддахои химияви, ангезандаи механики ва г. ахамияти калон дорад. Минбаъд дар аснои табобат пусти осебдидаро шустан (хусусан бо собун) мумкин нест, то ки газак авч нагирад.
Барои пешгирии Д. риояи коидахои гигиенаи шахси ахамияти калон дорад. Хангоми сару кор доштан бо моддахои ангезишовар, чараёни электр ва фаъолият дар мухити харораташ баланд ё паст аз воситахои мухофизат (зимод барои даст, дастпушак, либоси махсус ва г.) истифода бурдан лозим аст. Аз такроран молидани мархам, крем ва г., ки боиси ангезиши пуст мегардад, бояд худдори кард.
Ад.: Зоиров П. Т., Беморихои пуст, Д., 1999; Хамон муаллиф, Болезни кожи Д., 2002; Хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …