Главная / Биология / ДАВРАИ ТАШАККУЛИ ХУЧАЙРА

ДАВРАИ ТАШАККУЛИ ХУЧАЙРА

Дар ин давр хучайрахо шакл ва андозаи муайян мегиранд. Хучайрахои чинсии модина дар раванди расиш бо парда пушида шуда, баъди пурра хотима ёфтани мейоз ба бордоршави омода мегарданд.

Дар бисёр мавридхо, масалан, дар хазандагон ва паррандагон, аз хисоби хучайрахои хучайратухмро ихота карда, дар атрофи он пардачахо пайдо мешаванд (расми 6.9). Вазифаи онхо мухофизат кардани хучайратухм ва чанин аз таъсири шароити номусоиди беруна аст. Ба воситаи пардаи беруна хаво ба дарун дохил мешавад, аммо вирусхо ва бактерияхо аз пардаи тухми парранда гузашта наметавонанд.

davrai-tashakuli-hujayra

Вазифаи нутфа ба хучайратухм дохил кардани ахбори ирси ва барои инкишоф фаъол гардондани онхо аст. Аз хамин сабаб, баъди ба охир расидани мейоз хучайрахои чинси бозсозии васеъро аз сар мегузаронанд. Мачмаи Голчи дар кисми пеши канори сарак чойгир шуда, ба хиссачахои охирин, ки акросома ном доранд, табдил меёбад. Он ферментхоро чудо карда, пардаи (мембранаи) чанин (тухм)-ро хазм мекунад.

Митохондрия дар гирди камчинак пайдо мешавад ва болои хам зич чой гирифта, гарданакро ташкил мекунад. Нутфаи ташаккулёфта инчунин сентриола доранд (расми 6.10).

Нутфаи хайвоноте, ки бо дигар синфхо дохил мешаванд, бо баъзе кисмхои худ метавонанд хосияти сохтори дигарро дошта бошанд, вале принсипи сохторашон умуми аст. Махсули чинсии растани ба монанди нутфаи хайвонот ситоплазмаи кам дорад.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …