Главная / Илм / ДАВРАИ ОГОЗИ БЕМОРи

ДАВРАИ ОГОЗИ БЕМОРи

nachalo-bolДАВРАИ ОГОЗИ БЕМОРи (Stadium prodromorum), давраи пешхабар, мархалаи аввали бемории сирояти, ки дар аснои он аломатхои аввалини бемори – беиштихои, бесомонии хоб, дарди сар, бекуввати ва г. пайдо мешаванд. Д. хангоми беморихои сирояти баъди давраи инкубатсия (давраи нихони) сар мешавад. Пас аз Д. аломатхои хоси ин ё он маризи (таб, дамидани доначахо, дарди хоса ва г.) падид меоянд. Д. хангоми диг. беморихо (иллатхои гайрисирояти), мас., сактаи дил низ мушохида мешавад. Дар назар бояд дошт, ки андаке бад шудани ахвол низ мумкин ибтидои ягон иллати чидди бошад. Дар ин сурат ба кори вазнини чисмони, хунук хурдан ва диг. холатхои ногувор рох набояд дод. Хар чи зудтар ба духтур мурочиат кардан барои ташхису табобати самарабахш мусоидат ва окибати бади бемориро пешгири мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …