Главная / Илм / ДАВРАИ КЛИМАКС

ДАВРАИ КЛИМАКС

klimaksДАВРАИ КЛИМАКС (Climax, climacterium), давраи гузариш аз балогати чинси ба пири. Дар Д. к. фаъолияти узвхои таносул тадричан суст мегардад. Д. к. дар занон бештар дар 45 – 50-солаги, дар мардон дар 50 – 55-солаги огоз меёбад. Д. к.-и занон шадиду зуд (дар 3 – 5 сол), Д. к.-и мардон бошад, тулони чараён мегирад. Зухуроти климакс ба ихтилоли муваккатии фаъолияти организм (аз сабаби суст шудани функсияи гадудхои чинси) вобаста аст.
Дар хояи мардхо адади хучайрахое, ки гормонхои чинси хосил мекунанд, кам мешавад. Дар натича микдори гормонхои чинси дар хун кам шуда, фаъолияти гадудхои усораи дохили халал меёбад. Бештар кори дилу рагхо вайрон мешавад: тез задани дил, чарх задани сар, хисси набазон дар сар, сарчархзани, баланд шудани фишори хун, суст гаштани хофиза ва кобилияти кори ва г. Чунин мардхо фарбех гашта, мумкин аст дар онхо беморихои диабети канди ва никрис ба вучуд оянд. Яке аз аломатхои Д. к. дар мардхо сусткамари аст.
Духтурон, одатан, баъд аз муоинаи мард ба хулосаи аник меоянд. Бо максади табобат аз дорухои рухнавоз ва таскинбахш, витаминхо, транквилизаторхо ва г. истифода мекунанд. Ихтилоли вазифави дар мардон муваккати буда, баъди муолича рафъ мешаванд.
Инкишофи климакси занхо ба тагйироти вазифавии гипоталамус, гипофиз ва тухмдон (ниг. Давраи хайз) вобаста буда, бо таназзули тадричии фаъолияти хайз зохир мегардад. Фосилаи рузхои байни хайз зиёд ва хайз тадричан катъ мешавад. Тафсири ин холат чунин аст: дар 45 – 50-солаги дар гипоталамус тагйироти синнусоли, аз чумла катъи ихрочи даврии нейрогормонхое, ки ангезандаи кори гипофизанд (гормонхои гипофиз дар навбати худ ба узвхои таносул таъсир мерасонанд) ба амал меоянд. Дар натича чараёни пухта расидани тухмхучайра катъ гардида, луобпардаи бачадон тунук, интиколи импулси асаб аз он ба тухмдон ва гипоталамус суст мешавад. Чунин тагйироти организм бо ихтилоли кори рагхою силсилаи асаб (дамидани рагхои хун, дарди сар, тундмичози, бесомонии хоб, сустии кобилияти кори, баланд гаштани фишори хун ва г.) чараён мегирад, ки онхо низ ба дигаргунихои синнусолии гипоталамус (аз чумла марказхое, ки кори дил, рагхои хун, шуш ва диг. узвхои дохилиро танзим мекунанд) вобастаанд. Чунин холат 1 – 2 сол давом карда, минбаъд тадричан бархам мехурад. Тагйири синнусоли бо менопауза (катъи хайз) ба охир расида, дар организм мувозанат баркарор ва саломатии зан бехтар мешавад. Аломатхои климакс дар синни чавони (ба истилох климакси бармахал) хам мушохида мешаванд. Ангина, грипп, тонзиллити музмин, гайморит ба пайдоиши климакси бармахал мусоидат мекунанд. Дар натича ихрочи нейрогормонхое, ки фаъолияти гипофиз ва кори узвхои таносулро танзим мекунанд, вайрон мешавад. Климакси бармахали бонувони чавон худ аз худ намегузарад (баръакс, бо мурури вакт он метавонад авч гирад). Агар табобатро сари вакт сар кунанд, мувозанати гормонхо баркарор хохад шуд.
Дарачаи ин ё он ночурие, ки дар Д. к. пайдо мешавад, ба холати организм вобаста аст. Д. к.-и шахсони асабашон ноустувор ё гирифтори ягон бемори метавонад оризахои гуногун ба бор орад: дар ин айём бемории кухна авч гирифта, беморихои нав пайдо мешаванд. Дар Д. к. ихтилоли кори гадуди сипаршакл (дилзани, ларзидани даст), мубодилаи моддахо (фарбехи ё хароби), диабет, галаёни хун (гипертония) мушохида мешавад. Аксаран ихтилоли асабию рухи руй медихад, ки бо хаячонпазири, зуд мутаассир гаштан (хашмгини, гирёнчаки), бехоби ва г. зохир мешавад. Баъзан ихтилоли эхсос рух менамояд: дар заминаи кайфияти бад (гаму гусса, норизоги, тундмизочи) хурсанди ба амал омада, сипас ба тарсу вахм иваз мешавад; ипохондрия (нисбат ба саломатии худ аз хад зиёд нобовар будан) ва невроз авч мегирад. Баъзан психози инволютсиони (ниг. Беморихои рухи) руй медихад. Ба ин холати ногувор тайёр будан лозим. Ба саломатии худ муносибати окилона мебояд. Худдори накардан, назорат карда натавонистани кайфияти худ, бекарории изтиробангез ва худмуоличаи бесару сомон метавонанд боиси он шаванд, ки ихтилоли муваккати ба бемории хакики табдил ёбад. Хангоми пайдо шудани нишонахои климакс ба духтур мурочиат кардан лозим аст.
Барои баркарор кардани мувозанати эхсоси дорухои гуногунро истифода мебаранд. Дар ин давра занхо бояд барои муоинаи профилактики (дар 6 мох 1 маротиба) ба духтури гинеколог мурочиат кунанд (дар ин давра беморихои гуногуни гинекологи инкишоф меёбанд). Риояи коидахои гигиена барои нигахдории саломати дар Д. к. ахамияти калон дорад

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …