Главная / Гуногун / ДАВЛАТИ ХУКУКБУНЁД

ДАВЛАТИ ХУКУКБУНЁД

Давлати хукукбунёд ва нишонахои он Барпо намудани давлати демократии хукукбунёд максад ва вазифаи чумхурии сохибистиклоли Точикистон мебошад. Максади аз чихати хукуки ба танзим даровардани хаёти чамъияти низ аз он иборат аст, ки хукук ва демократияро ба хам пайваста, давлати хукуки бунёд карда шавад. Ташкили чунин давлат орзуи деринаи бисёр мутафаккирони чахон мебошад.

Вале ин рох душвор буда, паймудани он вакти зиёдро металабад. Барои ин ба вучуд овардани заминахои муайяни сиёси, иктисоди, ичтимои ва хукуки зарур аст. Бе баланд бардоштани сатхи иктисодиву ичтимоии хаёти чамъият, мухайё намудани шароит барои ривочи хукуку озодихои шахрвандон ва кафолати риояи онхо, масъулияти давлат дар назди шахрванд ва шахрванд дар назди давлат барпо намудани давлати хукукбунёд аз имкон берун аст. Дар чамъияте, ки хукуки шахрвандон поймол карда мешавад, зуровари ва тахдид ба хаёти шахрвандон чой дорад, хеч гунна давлати хукукбунёд сохтан мумкин нест.

davlati-somoniyon

Барои бунёди давлати хукуки, пеш аз хама, ба вучуд овардани заминаи хукуки зарур аст. Дар кишвари мо Конститутсия (Сарконун) ва як катор конунхо кабул карда шудаанд, ки онхо барои инкишофи муносибатхои озодонаи шахрвандон ва ташкилотхо дар сохахои гуногуни хаёти чамъияти ва барпо намудани давлати хукукбунёд рох мекушоянд. Ба ин гурух, пеш аз хама, Кодекси граждани, Кодекси мехнати, Кодекси мурофиавии граждани, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои саххоми» ва монанди инхо дохил мешаванд. Асоси хукукии барпо намудани давлати хукукбунёд дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон гузошта шудааст. Дигар меъёрхои хукуки дар асоси он кабул карда шуда, бояд ба талаботи он мувофик бошанд.

Нишонахои асосии давлати хукукбунёд инхо мебошанд

  1. Бартарии хукук ва волоияти конун.
  2. Арзиши оли доштани хукуку озодихои инсон ва кафолати онхо нишонаи дуюми давлати хукукбунёд мебошад.
  3. Масъулияти байнихамдигарии давлат ва шахс.
  4. Нишонаи чахоруми давлати хукукбунёд тачзияи хокимият ба макомоти конунгузор, ичроия ва суди мебошад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …