Главная / Илм / ДАВИДАН

ДАВИДАН

davidanДАВИДАН, як тарзи харакати босуръат. Дар Мисри Кадим, Ошур ва Юнони Кадим чун воситаи тарбияи харбиён, бурдани маълумот ва г. истифода мешуд. Д. яке аз воситахои тарбияи чисмони буда, мушакхоро бокувват, дилро кави ва харакати хунро бехтар мегардонад. Д., махсусан баъди мехнати фикри, як навъ истирохати хуб аст.
Дар хар шароит (хона, куча, стадион, беша ва г.) бо Д. машгул метавон шуд. Хангоми дар хона машк кардан (3 – 5 дак.), ба зери по гилемча партофта, тирезаро кушода мемонанд. Дар хона машк кардан рагу пайхоро мустахкам карда, барои дар куча Д. имконият ба вучуд меорад. Вакти Д. дастхоро аз оринч кат карда, пешу кафо харакат бояд дод. Хангоми дар куча Д. зонухоро баланд набардошта, аввал нуги пой ва сони пошнаи пойро ба замин гузоштан лозим аст. Ба Д., катъи назар аз чинс ва синну сол, танхо ё хамрохи дигарон машгул метавон шуд. Пеш аз машгулият хатман бо духтур маслихат бояд кард. Бо либоси варзиши ва шиппак (ё кеди) Д. бехтар аст; пойафзор бояд як андоза калон бошад (барои патак кардан ё пушидани чуроби пашмин). Шитоб намудан лозим нест; аввал бештар рох рафтан, сони Д. даркор ва баръакс. Одатан, хафтае 3 – 5 маротиба (15 – 30 дакика) Д. тавсия мешавад.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …