Главная / Илм / ДАСТУРУ-Т-ТИБ

ДАСТУРУ-Т-ТИБ

asar«ДАСТУРУ-Т-ТИБ», асари Мухаммад Закариёи Рози. Таърихи таълиф номаълум, аммо тахмин намудан мумкин аст, ки он с-хои 915 – 920 навишта шудааст. Китоб хулосаи назариёти тибби Розист, ки ба беморихои гуногун ва усулу воситахои муоличаи онхо бахшида шудааст. Рисоларо то а. 19 Мухаммад Хусайн ибни Карам Алии Исфахони аз араби ба точики тарчума кардааст. Асар аз 75 боб иборат буда, хар яке рочеъ ба шинохтани беморихо, мизоч, тарзи муолича ва г. бахс мекунад. Баъд аз шархи бобхои асар, муаллиф дар охири китоб оид ба гиёххои доруи, мевачот, тарзи тайёр намудани маъчунхо (киёмхо) таваккуф менамояд. Дар катори беморихои гуногун оид ба саратон ва пешгирии хамл, бехдошту муносибатхои зану шуй ба таври алохида маълумот медихад.
Рисола аз 209 варак иборат аст. Як нусхаи он дар китобхонаи Париж ва як нусхаи дигар тахти раками 1605 дар Захираи дастнависхои шаркии АИ ЧТ махфуз мебошад.

Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …