Главная / Илм / ДАСТУРУ-Л-ИЛОЧ

ДАСТУРУ-Л-ИЛОЧ

asar«ДАСТУРУ-Л-ИЛОЧ», асари тиббии Султоналии Табиби Хуросони. С-хои 1526 – 27 таълиф ва с. 1899 дар ш. Лакхнави Хиндустон чоп шудааст. Муаллиф баъди чихил сол илми тиб омухтан ва тачриба андухтан, дар Самарканд ба таълифи ин китоб пардохта, матни асосии онро дар замони хокимияти Султон Абумансури Кучкунчихон ба анчом расондааст. Вале мукаддимаи онро, ки кариб як рисолаи мустакил аст, баъдтар тартиб дода китобро ба хокими вакт Султон Абулгози Абусаид (1530 – 1533) мебахшад. «Д.» аз мукаддима ва ду кисм иборат аст. Кисми якум 25 ва кисми дуюм 8 боби мукаммалро дарбар мегирад. Мукаддимаи асар («Хифзи сиххат») ба масъалахо ва воситахои гуногуни пешгирии беморихо бахшида шудааст. Муаллиф ба масоили бехдошти гизо, нушокихо, макони зиндаги, мавриди хоб, сару либос, машгулият ба варзиш, корхои чисмони, иклими дашту биёбон, бешазор ва баландкух диккати чидди додааст. Мас., дар тадбири хоб ва бедори у кайд мекунад, ки «Бехтарин вакт аз барои хоб он замон мебошад, ки таом аз даханаи меъда гузашта бошад. Бо меъдаи холи хуфтан баданро логар мекунад. Хоби руз бемори орад, мисли назла, хусусан дар зимистон. Зиёнкортарин чиз мизочи сардро хоби бисёр бувад. Кас бояд вакти хуфтан аввал ба пахлуи рост якзамон такя кунад, пас аз он ба пахлуи чап гардад. Ва шикамро ба пусте мисли самур гарм дорад. Агар кас бар шикам хуспад, гизо нек хазм шавад ва ба пушт такя намудан зиён дорад, ба сабаби он ки манфазхое, ки аз димог ба пушт меоянд, баста шаванд… бехобии шаб кувваи босираро кам ва кувватро заиф кунад. Хоби бомдод зиён дорад ба чихати он ки гизои шаб хазм шуда, меъда холи бошад. Овози хуш ва овози об ва дарахт ва молидани бисёр … хоб орад.»
Султонали хосияти сироятии ваборо ба назар гирифта (зиёда аз 300 сол то пайдоиши мафхуми микробхо), сиркоро чун омили гандзудоии гирду атроф ва дохили манзилхо тавсия медихад. Дар асар усули бо омехтаи пиёзу сирко безарар намудани оби нушоки низ кайд гаштааст.
Дар кисмхои 1 – 2 китоб маълумоти умумиву алохида оид ба беморихои гуногун, сабабхои пайдоиш, усулхои пешгириву муоличаи онхо гирд оварда шудааст. Муаллиф пайдоиши аксарияти беморихоро ба омилхои гуногуни табииву ичтимои, дигаргуниву хунукшавии мизоч, дигаргунии хилтхо ва г. вобаста менамояд. Аз боби «Дар тадбири аърози нафсони» (хиссиёти эмотсияви) маълум мешавад, ки муаллиф оризахои нафсониро ба монанди тибби хозира ба шодиовар – боандешаги, хушхоли, сафар ва гурухи зараровар – гаму андух, тарс, хашму газаб, ноумеди, хичили ва г. таксим намуда, пайдоиши як катор беморихои рухиву дохили, инчунин хунук шудани мизочи гармро ба хиссиёти эмотсиявии манфи вобаста менамояд. Дар баёни манфиати тиб кайд шудааст: «Табиб бояд, ки аввал мавзуи тиб бидонад ва тандурусти ва бемори хар ду бидонад ва сабаби хар як бидонад. Ин кисмро чузъи илми гуянд. Чузъи амали он аст, ки бидонад, ки тандурустиро чигуна нигох тавон дошт ва бемориро чигуна зоил тавон намуд. Хар шахсе, ки ин маониро бидонад, табиби комил бошад (агар амал кунад ва агар амал накунад), чихати он ки максад аз чузъи илми ва шарти табиби он нест, ки амал кунад, балки максад он аст, ки бидонад, ки чигуна амал бояд кард».
Муаллифи китоб синну соли одамро ба 4 давра – кудаки (то 15-сола), чавони (то 30 – 40-сола), миёнсоли (то 60-сола) ва пири (баъди 60-сола) таксим кардааст.

Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …