Главная / Илм / ДАСТГОХИ ХАРОРАТ

ДАСТГОХИ ХАРОРАТ

termometrДАСТГОХИ ХАРОРАТ, дастгохе, ки харорати хавои хонаро дар фасли хунуки сол ба дарачаи муътадил нигох медорад. Ахамияти ин хеле зиёд аст, зеро гарми ё хунукии аз хад зиёди хона метавонад мувозанати харорати организмро халалдор созад. Дар хонаи хавояш сард, одам гармиро бисёр талаф дода, хунук мехурад ва ин холат ба пайдоиши амрози гуногун сабаб мешавад. Агар хавои хона бисёр гарм бошад, ихрочи гармии организм мушкил шуда, дар натича мубодилаи гарми халал меёбад, сар дард карда, кобилияти кори паст мегардад. Нами ва харорати хаво хам ба кайфияти одам таъсир мерасонанд. Барои гарм кардани бинохо аз Д. х.-и маркази ё чузъи истифода мебаранд. Ба сифати нокили гарми об, буг ва хаво кор фармуда мешавад.
Аз Д. х.- и чузъи бухори (печка) маъмул аст, ки барои он сузишвории сахт (хезум, ангишт, торф) истифода мешавад. Чунин усули гарм кардани хона дар дехот маъмул аст. Дар системахои Д. х.-и маркази аз чихати бехдошт гармидихи тавассути оби фишораш паст афзал дониста мешавад.
Талаботи асосии гигиени ба Д. х., сарфи назар аз системаи он, дар бино ба вучуд овардани микроиклими мусоид (мас., харор. 18 – 22°C., намнокии нисбии хаво 30 – 60%, суръати харакати хаво 0,1 – 0,3 м/ сон.) ва доимияти бетагйири харорати дохили мебошад. Дар давоми шаборуз тагйири харорат дар хонае, ки тавассути бухори гарм мешавад, то 6°C ва агар аз Д. х. маркази гарм шавад, то 3°C кобили кабул аст. Фарки харорат аз тиреза то девори мукобил бояд 2°C ва дар хар метр аз 1°C зиёд набошад. Барои ба дохили бино ворид шудани махсули зарарноки сузиш ва аз сузишворию хокистар олуда шудани хона рох набояд дод. Хангоми насби Д. х. тарзи рубучин ва тоза кардани онро пешбини бояд намуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …