Главная / Илм / ДАСТГОХХОИ ОРТОПЕДи

ДАСТГОХХОИ ОРТОПЕДи

dastgohhoi-ortopediДАСТГОХХОИ ОРТОПЕДи, олоти шикастабанди, узвхои маснуъ, олоти махсус барои баркарор намудан ва сабук гардонидани вазифаи зоил (гумшуда) ё сустшудаи узвхои харакат. Хангоми иллатхои гуногуни аъзои такяву харакат ва оризахои онхо истифода мешаванд. Д. о.-ро духтури шикастабанд ё осебшинос таъин мекунад. Аз худ кардани тарики истифодаи дастгох низ тахти назорати у анчом меёбад.
Д. о. гуногун буда, дар мавридхои зарури истифода мешаванд. Чунончи, чихози устувори ба ин ё он узв мувофик, ки дасту по ё баданро зич ихота мекунад, яъне ба ном туторхо, як кисми бори устухону бугумро ба худ мегиранд. Аксари корсетхо (камзулчахои махсус)-е, ки барои муоличаи беморихои сутунмухра таъин шудаанд, ба хамин навъи Д. о. тааллук доранд. Протезхое, ки кисми набудаи поро иваз мекунанд, дар вакти рох рафтан, вазифаи такяро ба чо меоранд, протезхои даст бошанд, шакл ва баъзан вазифаи узвро адо менамоянд. Дастгоххои сабуксоз як кисми вазни баданро «мебардоранд». Яке аз онхо дастгохи ба гуррии сурин такякунанда мебошад, ки бори пойро сабук мегардонад. Барои пешгири ё худ ислохи навокиси шакли пой ё сутунмухра дастгоххои ислохкунанда (муслех) таъин шудаанд. Ин гуна дастгоххо барои ислохи тадричи ва доимии тагйири шакл кашакхои ёзанда (резини ё фанари) доранд.
Кисми асосии Д. о. гилза (пука)-и чармин ё пластмасси мебошад, ки дасту по ё кисми онро ихота мекунад. Дар як дастгох гилзахоро бо ёрии тахтачаи филизии дорои ошикмаъшук ё бе ошикмаъшук дар хадди бандхо ба якдигар пайваст кардан мумкин аст. Хангоми пайвасти ошикмаъшук банд (мас., банди зону)-ро чунбонидан мумкин мегардад.
Д. о.-ро дар корхонахои махсуси протезию ортопеди месозанд ва таъмир мекунанд. Хангоми кор фармудани Д. о. (алалхусус бори аввал) пуст абгор мешавад (ин иллатхоро сари вакт бартараф намудан лозим аст). Баъзан чунин иллатхо дар натичаи нодуруст чо ба чо кардани Д. о. ба миён меоянд. Дар ин гуна мавридхо бо духтури ортопед ё устои протезсоз маслихат кардан даркор. Барои пешгирии осеби пуст ба пой аз даруни дастгох чуроби мулоим мепушанд.
Бояд дар хотир дошт, ки истифодаи узви маснуъ ба мушакхо фишор оварда, онхоро андак нахиф месозад. Бинобар ин, хар руз пеш аз пушидан ва баъд аз кашидани дастгох узвро масх кардан ва мувофики фармоиши духтур бо варзиши шифоии махсус (мушакхоро кави мегардонад) машгул шудан лозим. Масх ва варзиш хусусан ба бачагон зарур аст. Ин тадбирхоро бояд волидон анчом диханд. Дар вакти абгор будани пуст масх мумкин нест. Нигохубини Д. о. аз равган кардани ошикмаъшук, эхтиёт намудани кисмхои чарми (аз намкаши) ва саривакт иваз кардани узвхои кухнашудаи дастгох иборат аст.
Ад.: Шенк Н.А., Лечебное протезирование в ортопедии, М., 1975; Корис А.А., Бердников В.А., Ампутация конечностей и экспресс – протезирование, Киев, 1977; Кондрашин Н.И., Санин В.Г., Ампутация конечностей и первичные протезирование, М., 1984.

Д. Урунбоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …