Главная / Илм / ДАСТАРБОШ

ДАСТАРБОШ

tanacetumДАСТАРБОШ (Tanacetum pseudoachillea), зарпоша, гиёхест бисёрсола. Буи хос дорад. Пояаш (як ё чандто) рост, сахти киррадор, бешох; аз 30 то 140 см кад мекашад. Баргаш дарозруя, дандонадор. Гулаш зард, моххои июн – авг. мешукуфад. Дар канори чангалзор, байни буттахо, сохили руду дарёхо, кад – кади чуйборхо, чойхои соя, маргзор, нишебихои санглох ва регзор меруяд.
Бо максади табобат аз сабадакхои гули Д. истифода мекунанд. Онро гундошта дар чои соя мехушконанд. То 3 сол нигох доштан мумкин аст.
Табибони халки накеъ ё чушоби барг ва «сабадаки» гулдори зарпошаро барои табобати дарди санги талхадон ва зардпарвин тавсия медиханд. Чойи гулу барги он хангоми беморихои меъдаю руда, дилзани, асабият, саръ, хори, никрис, иллатхои чигару гурда, сили шуш, обхура, бавосир ва чун давои киччакуш, аракрон, дарунбанд истифода мешавад. Бо чушоби гули Д. барои рафъи сабусак сарро мешуянд.
Дар амалияи тибби муосир низ накеъи гули Д. ё чушоби онро чун давои киччарон кор мефармоянд. Махсусан хангоми аскаридоз (якчумчаги 3 маротиба дар як руз) самарабахш аст. Бо накеъи гули он захми меъда ва рудаи дувоздахангуштаро табобат мекунанд. Хокаи гули Д. барои муоличаи газаки меъда тавсия шудааст. Доруи «Танатсин», ки аз хушагули Д. тайёр карда шудааст, давои дарди санги талхадон мебошад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственые растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …