Главная / Илм / ДАРСОНВАЛИЗАТСИЯ

ДАРСОНВАЛИЗАТСИЯ

darsonavalizatsiyaДАРСОНВАЛИЗАТСИЯ, як тарзи муолича бо барк. Дар мавриди Д. ба тамоми организм ё ягон кисми он бо чараёни импулсии баладбасомад (110 – 400 кГтс), баландшиддат (20 – 40 кВ) ва куввааш паст (то чанд миллиампер) таъсир мерасонанд. Аз номи физиологи франсави д’Арсонвал гирифта шудааст. у с. 1892 бо максади табобат истифода бурдани чараёни импулсиро пешниход намуд.
Д. умуми ва чузъи мешавад. Асоси муоличавии Д.-и умуми (индуктотерапия) селаи чараёнхои суст мебошад. Зери таъсири Д.-и умуми мубодилаи моддахо ва фаъолияти силсилаи асаби нашви (вегетативи) бехтар шуда, галаёни хун ба низом медарояд. Бинобар баъзе сабабхои техники Д.-и умумиро кам кор мефармоянд (хангоми бемории гипертонияи дарачахои I ва II, неврозхо ва г.).
Дар аснои Д.-и чузъи аз разрядхои оташаки ва чараёни импулсие, ки аз бофтахои организм мегузаранд, истифода менамоянд. Бинобар Д.-и чузъи дар он мавзее, ки бо чараёни импулси таъсир мерасонанд, дарду хориш кам, мурагу артериолахо васеъ, тургори пуст ва тонуси артерияву венахо муътадил, гизогирии бофтахо бехтар мешавад; захм зуд шифо меёбад. Д.-и чузъиро хангоми атеросклерози рагхо (дарачаи I), бемории Рейнд, васеъшавии варикозии венахои по ва бавосир, неврити асаби сомеа, невралгия, нейродермитхо, пародонтит, гингивит, захмхои дершифо, кафидагии макъад, рехтани муй ва диг. беморихо кор мефармоянд. Дар пардозгари (косметика) ва стоматология Д.-и чузъи бо максади сузондани луобпарда истифода мешавад.
Д. дар вакти хассосияти баланд ба чараёни барк, омосхои саратони, табларза, хуручи стенокардия, бемории гипертонияи дарачаи III зиён дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …