Главная / Илм / ДАРОЗУМРи

ДАРОЗУМРи

darozumriДАРОЗУМРи (Longaevitas), зухуроти ичтимоию биологиест, ки одам нисбат ба давомоти миёнаи хаёт хеле зиёд умр мебинад. Холо одами синаш аз 90, дар баъзе тадкикоти геронтологи ва статистики бошад, аз 100 сол гузаштаро дарозумр мегуянд. Мухаккикони гуногун асосан мисолхои мавчудаи Д.-ро ба назар гирифта, хадди умри одамро такр. 100 – 150 сол мешуморанд. Вале бояд илова кард, ки синни аники дарозумронро муайян кардан мушкил аст, зеро онхо солашонро баъзан зиёд нишон дода, ба хато рох медиханд.
Дарачаи дарозумри мисли давомоти миёнаи хаёти инсон дар кишвархои мухталиф гуногун аст. Дар мамолике, ки дар натичаи мушкилоти чанг бисёр ахолиро талаф дода, зарари калони иктисоди дидаанду саломатии сокинон бад шудааст (Полша, Югославия, Булгория, Венгрия, Германия, Япония ва г.) нишондодхои Д., одатан, паст мебошад. Хамчунин дар чанде аз кишвархои ру ба тараккии Осиё ва Африка дарачаи Д. баланд нест.
Дарозумри дар заминаи механизмхои мутобикат, ки чараёни физиологии пир гаштанро таъмин мекунад, асос ёфтааст. Дар дарозумрон тагйироти фаъолияти физиологи баробари синну сол муназзам ба вучуд меояд, холати чанде аз узвхои организм (таркиби морфологи ва биохимиявии хун, баъзе аз нишондоди дилу рагхо, гадудхои эндокрини, асабияи маркази) аз руи бисёр нишона (параметр)-хо бо организми шахсони синнашон чавонтар мушобех мебошанд. Хамин тавр, пири дар ин гуна одамон суст чараён меёбад.
Дарозумрон рухан кави ва ботамкин мешаванд. Барои онхо солим нигох доштани неруи фикри ва чисмони, фаъолият ва кобилияти кори хос аст; онхо хамеша серхаракат буда, хофизаи хуб доранд, ба руйдоди атроф марок зохир мекунанд. Кобилияти харакати каноатбахши онхо боки монда, одамдусту хайрхоханд, ба хар навъ стресс устувор мебошанд. Ашхоси дарозумр ба беморихо, аз чумла ба амрози сирояти, камтар гирифтор мешаванд. Онхо инчунин серфарзанд буда, давраи фарзанд ёфтанашон тулонист. Такр. 44% мардхо ва 31% занхои дароузмр солиманд.
Бисёр геронтологхо бар онанд, ки умри дароз дида, кобилияти хаётии хешро нигох дошта тавонистани одамон хусусияти ирси дорад. Инро, чандон дакик набошад хам, таносуби байни бардавомии умри волидон ва авлоди онхо исбот мекунад. Барои давомоти умр омилхои ичтимои ва тарзи хаёти ахоли низ ахамияти калон доранд.
Аз руи тадкикот маълум гардид, ки ба одамони умри тулони дида нафакат нишонахои махсуси солими, балки тарзи хаёти хусуси низ хос аст. Ба онхо хаёти якранг, мубодилаи дурусти мехнат ва истирохат, тарки одатхои зарарнок (тамокукаши, масти ва г.), истеъмоли бомеъёри гизо, хаёти оилавии осудаю дорудароз хос мебошад. Аксари онхо тамоми хаёти худро дар дехот оромона, дар мухити одати гузарондаанд. Такр. аз 2/3 хиссаи дарозумрон дехкон буда, нисфи онхо бо ташаббуси худ дар пирсоли хам мехнат мекарданд, чунки аз руи одат мехнат кисми таркибии хаёти онхо гашта буд.
Тадкики масоили Д. аз омузиши омилхои мухити зист, гузарондани тадкикоти биологию генетики ва тахлили тарзи хаёти ахоли иборат аст. Сабаби тулони гардондани давраи кобилияти кори ва таъмини пирии фаъол, дар чавони пеши рохи бисёр беморихоро гирифтан ва дуруст табобат кардан аст. Дар як давраи нисбатан кутох ба вучуд омадани тагйироти чидди оид ба Д. шаходат медихад, ки бо рохи бехтар кардани шароити хаёт ва андешидани тадбирхои зарури давлати ба зухуроти мазкур метавон таъсир расонд. Хукумати чумхури дар бораи некуахволии мехнаткашон гамхори зохир намуда, барои баланд бардоштани бехбудии модди, савияи мадани, шароити маиши, такмили умури тибби ва ичтимои ба ахоли тадбирхои судманд меандешад. Ин ба пурра конеъ гардондани талаботи чисмонию маънавии одамони миёнсолу солхурда ва пешгирии пирии бармахал мусоидат мекунад.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …