Главная / Гуногун / ДАР ОН ДУНЬЁ

ДАР ОН ДУНЬЁ

Як муллои бухорои дар хобаш ба он дуньё рафтааст. Мулло рузе ба пайгамбар вохурдааст, ки вай дар бистари бемори хобидаасту касе аз холаш хабар намегирад. Мулло ба зери пои пайгамбар сар монда, сачда кардаасту аз Бухорои Шариф будани худро фахмонда, дуо талабидааст. Пайгамбар баъди дуо ба мулло гуфтааст, ки Абуали Синои Бухороиро зуд ёфта биёрад, то ки шифое пайдо кунад.

Мулло гуфтааст:

– Э расули худо, Абуали Сино кофир буд-ку. Вай бояд дар дузах бошад. Ман кофирро чи тавр ба назди шумо биёрам?

Пайгамбар гуфтааст:

– Дар ин дуньё на кофир хасту на мусулмон. Тезтар рафта Абуали Синоро биёр, ки дар ду дуньё хам монанди вай хакими донишманд ёфт намешавад.

Мулло дав-давон рафта Абуали Синоро ёфтааст. Дар хакикат, Абуали Сино дар  як хонаи калон донишманду хакимхои тамоми мамлакатхоро чамъ карда, дарс мегуфтааст. Мулло хохиши пайгамбарро ба Абуали Сино расондааст. Абуали Сино дар чавоб гуфтааст:

-Ба он кас худо шифо дихад.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …