Главная / Гуногун / ДАРИЧАЕ РУ БА МАВЗУЪ

ДАРИЧАЕ РУ БА МАВЗУЪ

«Илм болотар аз ибодат аст» /153/. Аз аходиси набавии Хазрати Расули Акрам /с/: Китоби «Панчсад ХАДИС». Москва: Комил, 1991; с. 28 /Аз тарчумаи форсии китоби «Ал-Мавоъизул-ъададия»-тахзиб ва танзими Алии Мушкини Ардабили ва кушиши олими эрони Мирзо Ахмади Чаннатии Исфахони/.

«Нахамда ва насло ъало Расулихил карим ва ъало олихи ва асхобихи зул-фазлил ъазим»- Аммо баъд, таърихи башарият худ гувохи бархаку, далели раднопазир ва бурхони котеъест бар ин нукта, ки порсиён /точикон ва ё форсиён, яъне, намояндагони бедормагз ва дарёдилу рушанравону Худододаи гуйишхои дари, точики ва форсии эронии забони нобу бихиштии форси/ хидмате арзандаву шоиста ба сомон расонидаанд, дар фурузонии машъали човидонии маърифат, дар руи Замин. Ва нахустин шуда, аз насли Одаму Хаво, эрониён, яъне, нажоди ориёи дарк ва эхсос кардаанд, ки донишу маърифат, ин хамон нури пурзиёи эзадист, ки махз тавассути он метавон дунёро ва Офаридгорро шинохт. Ва махз тавассути он метавон чахони торику пургавго ва пуршуру шари инсонхои хокиро мунаввар сохт…

Ва махз ин эрониёни аклбарсару нурбарчашму оташбакалбу дастпурэъчозу ободкор, нахустин шуда, суханро, яъне, хикматро, ки аз чонибу Эзиди мутаъол бахри тармими чомеъаи башар ва начоти инсоният ва боздошти инсоният аз шаррият ва шурият – дурдонавор ба вахй мерасид; яъне, пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек руйи кагид (лафзи сугдист, яъне, когаз) овардаанд ва аввалин бор дар таърих чамъи он муночот ва хикматхоро бо хуруфи заррин, ба сурати китоб даровардаанд.

Ва хамин аквоми эрони будаанд, ки бо амри дил, бахри афрухтани чароги маърифати Эзади, ба аксойи олам, хамчун косидони паёми Эзади баромадаанд ва омухтаанд мардумро илму дониш ва тадрис кардаанд башарро хунар ва мар аквоми бадавиро ва тамаддунхоро, дар даврони кадим усули ибодат ва ойини нигориш. Ва дар пахлуи арабхои муъмин ва муслим порсиён кавмиятеанд, ки бо хидояти Худованд Исломро кувват бахшида, ин дини мубин ва раббониро ба аксойи олам интишор додаанд…

…Аллома Мухаммад Икболи Лохури мегуянд: «Агар аз ман бипурсед, бузургтарин ходисаи таърихи Ислом кадом аст, бедаранг хохам гуфт: Фатхи Эрон… тамаддуни исломи махсули ихтилоти тафаккури ориёи ва сомист. Агар аъроб Эронро тасхир накарда буданд, тамаддуни исломи нокис мешуд. Бо фатхи Эрон, мусалмонон бо хамон андоза сероб шудаанд, ки румиён аз фатхи Юнон…»… Ба кавли устод Шахриёр, шоири бузург ва эрондусти муосир:

На ном аз дин, на аз дониш нишон буд,

Ки бунгохи тамаддун буд Эрон… 28.-28,32.

«Мабдаи фарханги хаттии Ховар, ки дар мулки Ачам /кавми гайриарабро, яъне, бахусус форсиён, яъне, эрониёнро арабхо ачами меномиданд, С. Б. Б./ сурат гирифтааст, минбаъд фарханги бадавиёни мурдарегхои ташналаби Арабро низ шодоб кардааст. Ахли сохибтамаддун ва сохибхати Ачам, ки хамчавори сокинони бодиярузгори мурдареги пахнои Араб буданд, дар нумуи фарханги китобдории Араб, макоми бунёдгузори доранд.

Забони араби соли 700 – и мелоди, забони давлати хилофати Араб эълон шуд… Ва махз инкишофи сарогозу минбаъдаи фарханги китобии арабхо, ба фаъолияти уламои рушанфикри ачамзод сурат гирифтааст, яъне, махз ачамзодагон дар ибтидо, ба китобати осори манкула /фолклор, яъне, эчодиёти шифохи/-и кабл аз исломии Араб шугл варзидаанд, Чаро? Аввал барои ин, ки ачамиён анъанаи бузурги фарханги китобии модарзабони доштанд. Дуюм, ба максади амик омухтани забони араби, ки барояшон бегоназабон буд, кироъатро ба китобат барбастанд (ва Хазрати Абуханифа Имоми Аъзам /р/-и точик, яъне форсиасл, ки ин мондагор, яъне, ин китоб саропо оиди рузгори уст, аз нахустин шахсест, дар олами Ислом ва таърихи тамаддуни Араб, ки китоби илми ва пажухиши нигоштааст, бо номи «Фикхал-акбар» ва гайра, ки баъдан унвонашонро дар мавзуъ хохед хонд С.Б.Б)… Сеюм, ачамзодагон илми тарчумаро андухта буданд (дар омади сухан, дар илми забоншиносии Араб низ форсиён пешдаст ва устоди касбанд. Ибни Халил, ки падари забоншиносии Араб аст, шогирди нахустин олими забардасти забони араби-Себуяи Форси аст, хамчунин бузургтарин грамматистхои забони араби, хаттотони варзидаи матнхо, яъне, сураву оёти шарифу мукаддаси Куръони Мачид ва устодони варзидаи тачвид ва тартили Куръони Карим низ махз форсиён буданд С.Б.Б). ва осори ниёгони худро тавассути тарчума дастраси фарханги Араб намуданд. Хамин тавр, ахли фазли Ачам асосгузори фарханги китобии Арабхо гаштанд.

Се рохи дигари фаъолияти уламои Ачам фарханги китобии Арабро хеле устувор кард: аввалан, тарчума аз забонхои юнони, санскрит /хиндии кадим/ ва забонхои гайриэронй», дуюм, иншои асархои илмии арабизабон/ ба мисли расойили каломии «Фикх-ал-акбар», «Муснад»-чамъи аходиси гирдовардаи Имоми Аъзам /р/. «Фикх-ал-абсат», «Ал-олим-вал мутаалим», «Рисолаи Абуханифа ба Абумуслим Ал-Батти -Имоми Басра», «Васиятнома» ва гайра С.Б.Б./-и эшон, сеюм, китобати аходиси Пайгамбар /с/ «Сахих-ал-Бухори» ва асархои мухталифи илми. Магар кобили таваччух нест, ки истилохоти фарханги китобии Араб хам   ачамбунёд аст. Калимахои точикии зиёде, мисли « девон», «когаз» – аз сугди – «кагид», яъне, «когаз», «тумор»ва гайра чун истилох вориди забони араби, гашт. Чаро? Зеро мафхумхое, ки ин калимот ифода мекарданд, барои ачамиён кайхо моддиёт гашта буд. Девон хануз дар давраи Сосониён мунташир буд, ки хулафои Аббоси онро мунташири дарбори Араб карданд. Когази сугдии Самарканд, туморхо чандин аср пеш аз Ислом дар Ачам мустаъмал буд». 102.-14,15-16.

Хулафои Аббоси /эшон баъди уммавиёни Араб, ки пойтахти хилофаташон ба чои Мадина, шахри Димишк, буд, ба сари кудрат омада буданд/, ки табааи форси доштанд, барои вуруди маданият, илму фарханг, меъмори ва, хунархои мухталифи халкии эрони ва густариши рохи тичорат /хамчун пайвастани риштаи муносиботи, фарханги/-и Арабу Ачам- «Рохи бузурги абрешим» заминаи мусоид мухайё намуданд. Дар замони хулафои номбурда ва пештар аз он ба маркази хилофат шахри Багдод ва дигар шахрхои Ироки хамонвакта гурух-гурух эрониён, яъне, точикон ва ё форсиёни ахли фархангу тичорат чамъ омада буданд, ки дар натича баъзе махаллахои точикнишин, яъне форснишин хам ба вучуд омада буданд, мисли махалхо ва гузархои кобулиён, балхиён, тирмизиён, бухориён ё худ бохарзиён, нисоиён, марвиён, самаркандиён, ва гайра мислухум.

«Бо заволи Уммавиёни араб зимоми хукумат аз дасти аъроб берун омад ва ба дасти тарафдорони бани Аббос /амаки Паёмбар /с/, яъне, давоми дудаи Бани Хошим/, яъне, эрониёне афтод ва эчоди Багдод («Боги дод» ва маънои номи Багдод аз нигохи решашиноси (этимология) ин тавр аст: аз форсии кадимаи Baga data «Худойи адлу дод», «Шахри Худованди адлу дод» мебошад, ки эрониён сохтаанд) низ ин тахаввулро нишондор кард. Забони кишвар хануз араби буд, аммо адабиёт ва русуми зиндагонии хама тахту таъсири ин тахаввул карор гирифт ва тамаддуни тозае огоз шуд. Чанги Зоб нуктаи мукобили чанги Кодисия буд ва эрониён кудратеро, ки дар он чо бохта буданд, дар ин чо ба даст оварданд».16; 204.

Ахди Хулафои Аббоси давраи тиллогини фарханг ва тамаддуни исломии Араб аст. Зеро, махз дар давраи хулафои араби эронитабор илму хунар ва маданияти шахрсозиву «шахрдори, ба авчи аъло расида буд, ки дар он аз Юнону Руму Византия, кишвархои Урупои Гарби, Чину Мочин ва Эрони Кабир уламову хакимон, табибон хунармандон, точирон, косибон, меъморон, наккошон, шахрсозон ва кулли намояндагони илму хунар чамъ омада буданд, яъне, ба хар восита хулафои Аббоси ахли илму хунарро ба Багдод чамъ меоварданд ва худи эшон, яъне, хулафои Аббоси/ -бахусус Хорун-ар-Рашид 789-809/ шавку хаваси беандоза нисбати илму хунар ва олами зебои доштанд. Чуноне ки яке аз халифахои Аббоси, факат барои он, ки хукумати Руми Шаркиро мачбур намояд, ки як нафар риёзидони машхурро барои дарсдихи, ба Багдод фиристад, ба ин мамлакат чанг эълон намуд.

«Ахли хар мазхабу миллате аз кабили араб, юнони, эрони, эронии мовароуннахри ва хуросони, яъне, точикон; калдони ва гайра, дар Багдод чамъ шуда, ин шахрро маркази илму фан, хунархои муфиди мухталифи дунё, тичорат ва девону девондори карор дода буданд. Абулфарачи Руни менависад, ки суханони дустдоштаи Халифа Маъмуни Аббоси ин буд, ки мегуфт /рахмати Худо бар у боду чояш чаннат, С.Б.Б./. «Олимон аз чумлаи бандагони хоси даргохи Худованданд, ки барои пешбурди фахму идроки волои инсони фиристода шудаанд. Онхо дар олам хамчун машъалхои фурузон ва рохнамойи инсоният мебошанд. Агар онхо намешуданд, олами инсони боз ба давраи бардаги ва вахшигариву чохилияи  аввалаи худ  бармегашт» 58,-62-63…

«Ислом дар миёни арабхо зухур кард, аммо дар аблоги паёму таъмини маорифи он густурдатарин ва умкитарин фаъолиятхоро эрониён ухдадор» шудаанд. Дар Чануби Осиё /маркази шимол ва гарбу чануби шибхи Кора, Андалузи ва гайра, дар Туркистон ва дигар манотики мусулмоннишини Чину Шурави, С.Б.Б./ Дар Осиёи Сагир ва навохии мучовири он дар Аврупо, дар Африкои Шарки ва Шимоли/ магриби Аксо ва… (ва хатто дар билоди Араб, дар чазоири Укёнуси Хинд ва дар савохили Медитарона / Бахри Миёназамин/ ва каронахои Укёнуси Атлас / бахшхое аз Андалуз…/ хар чо хатаре аз таблиготи исломи ва асаре аз маорифи ин ойини пок буда, мубаллигон ва донишварони Эрон муассиртарин хузурро доштанд ва билонатича, дар касире аз ин сарзаминхо тамаддун ва фарханги исломи чомаи эрони, дар бар кард ва масалан бо ин ки дар худи Эрон китобхои мухими илми ва дини голибан, ба араби нигориш меёфт, дар бисёри, аз нукоти номбурда форсиро забони дин ва илму маърифат/ ба чо овардани ниятхои намоз.,./ шинохтанд,/ ки ин икдоми фарзанди халки точик Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа рахамуллох аст С.Б.Б.,/ ва мероси фархангии азиме , ки бар чо ниходаанд, колбади форсии он, дар канори рухи исломи, комилан махсус ва машхуд аст ва луготи истилохоти дини ва гайридинии зиёде хам, ки аз форси, ба забонхои бумии онон рох ёфта ва порае хануз хаст таъйиди дигар аст, ба накши муштараки эрониён, дар ин маврид».80-8-9.

«Вазирони хилофати Бармакиёни Багдод, Аслан точикон, яъне форсхои балхи буданд. Бисёре аз уламои маъруфи Араб, ки тахаллуси «Балхи» доранд, порсиёни балхие мебошанд, ки мукими Багдод буданд… «34.-174

«Тохириён /821-8737 бошанд, нахустнамоянда ва сарогози сулолаи комилхукук, ва мусалмони форсзабон /яъне, точик/ буданд… Дар давраи Сомомиён/875-999/- давлати муктадири точикон, бори нахуст Куръони Мачид тарчума ва тафсир гардид, аз чониби Табари»…34.-17х7-178.

Ва дар ин давра ва баъдтар аз он даххо нафар олимони бузурги форснажод, яъне, аслан точик ба мисли Ибни Мукаффаъ /Рузбех/, Ибни Хурдодбех, Табари, Ал-Хоразми, Беруни, Башшор Ибни Бурда, Ал Хурайми, Саъолиби, Наршахи, Абуалии Балъами, Ибни Сино, Фороби ва гайра ба майдони илму маърифат омада, бо эчоди асархои камназир, ба забони араби фарханги арабро басо гани гардониданд.

«Баъзе аз рухониён хатто тасдик мекунанд, ки дар ахди кадим паёмбарони хомиву соми, ба форси харф мезаданд, яъне, то давраи Хазрати Исмоил /писари Хазрати Иброхим /ъ-с/ «Ва низ ин ду паёмбари гиромии Худо форсиро хуб медонистанд. Дар асри XII чунин акида байни аъроб чой дошт, ки Хазрати Иброхим /ъ-с/ таълимоти дини ва даъватхои паёмбарии худро дар дарбори шохони Форс, ба форси, ба самъи эшон мерасонд» 34-178.

Хазрати Паёмбари гиромии Ислом – муаллими башарият Хазрати Мухаммади Мустафо /с/, аз хидматхои шоёни дар рохи интишори дини мубини Ислом, ба сомон расонидаи аквоми арчманд ва тамаддуни пешкадами эрони, аз самими калби муборак басо миннатдор буданду рухи пурфутухашон низ розист.

Оре, ахли Форс /яъне, точикон ва эрониён/ тамаддунеанд, ки нахуст чароги пурфуруг ва човидонсузи Исломро, яъне, дини Мухаммад/с/-ро дар тамоми атрофу акнофи кураи арз интишор доданд ва ахли башарро даъват бад ин ойини поку човидона кардаанд. Аз кабили ёри Паёмбари гироми /с/- Салмони Форси /р/, Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа /р/ «Чароги уммат»/, Ибни Бобул-Али Абучаъфари Куми, Имом ал-Бухори, Имом ал-Тирмизи, Имом Фаргони, Шох Исмоили Сомони, Шайхурраис Буали Синои Бухори /сохиби тафсири «Куръон»-пири хакимони Машрикзамин/, Абурайхони Беруни, Абунасри Машкон, Абуисмоил Абдуллох ибни Мухаммади Ансори, Боязид ибни Абдуллохи Абумутеъи Балхи, Абулхасани Харакони, Абумукотили Самарканди, Мотаридии Самарканди, Амири Кулол, Баховадини Накшбанд, Шайх Начмиддини Кубро, Мир Сайид Алии Хамадони, Имом Аскари, Убайдуллох ибни Масъуди Тафтазони /точушшаръ/, Сайид Гавсул Аъзам – Шайх Абдулкодири Гелони, Айнулкуззоти Хамадони, Мавлоно Яъкуби Чархи, Хоча Ахрори Вали, Мавлоно Точиддин, Мавлоно Обиддин, Шайх Аттори Вали, Шайх Саъди, Хоча Хофиз, Шайх Камоли Хучанди, Мавлоно Чалолуддини Балхи, Ахмади Чоми, Мавлоно Абдуррахмони Чоми, Имом Мухаммади Газзоли, Ахмади Газзоли, Абухафси Факехи Бухори /Абухафси Кабир/, Абухафси Факехи Сагир /писари Абухафси Кабир, падар ва писар харду аз бузургфукахойи ахди Оли Сомонанд, аз точикони  махаллаи  «Нур»-и  Бухоро/  Бурхониддини   Маргиёни, Закариёи Рози, Чунайди Багдоди, Маъруфи Кархи, Хазрати Махдуми Аъзам –Хоча Ахмади Косони.

Абулайси Самарканди, Мир Сайид Ошики Бухори, Шарофиддини Бухори, Мавлоно Шайх Масъуд Ибни Махмуди Самарканди, Шайх Муслихиддини Хучанди (Бадеуддини Нури), Шайх Халифа Хасани Панчекати, Суфи Каландаршохи Вали (Мавлави Чунуни сохиби «Маъдан-ул-хол»), Боязиди Бастоми, Аллома Мухаммад Икбол, Аллома Сухраварди, Оятуллох Бихишти, Сайид Чамолиддини Афгони, Оятуллох Хумайни, Алии Шариати, Муртазо Мутаххари, Шох Валиюллохи Дехлавии Ханафи /Шайхулхинд/ – муассиси анчумани «Нуъмония» -и Хайдаробод ва муфассири «Куръони Мачид», Имом Раббони Мучаддад Ал-фи сони, Махдум Садри Зиё, Ахмади Дониш ва садхо дигар мучтахидони Ислом ва муршидони рохи хак, ки бурдаанду мебаранд дилдодагонро бо рохи сиротал – мустаким.

Оре, яке аз ёрони наздик, ба гуфтаи Хазрати Имом Чаъфари Содик/р/ «Ёру дусти чони ва гирехкушо» – и Хазрати Паёмбари гироми Мухаммади Мустафо/с/, Салмони Форси/р/ буд, ки то охири умр хамчун ёри содики Паёмбар /р/ ва хакими мушкилкушо бахри интишори дини мубини Ислом хидматхои арзандаеро ба чой овард. Бо васияту роххати Паёмбари гироми /с/ у, яъне, пири афзал ва устоди санъат /косибу хунари меъмори…/ Салмони Форси /р/ нахустин бор дини мубини Ислом ва тухми хикмати онро дар марзи пурбори Эрон кошт, ки кошт. У, яъне, Салмони Форсиро дар Тайсафун-пойтахти Империяи Сосониён, ки ахли аъроб Мадоин унвон кардаанд, бо фармони дуввумин халифаи рошиддин, Амиралмуъминин Хазрати Умар ибни Хаттоб/р/ яъне, пас аз фатхи Мадоин, аз чониби Хазрати Умар/ хокими шахр, яъне, ба хайси устундории шахри Мадоин тайин карда шуд, ки у то охири умр пешвои мардум дар он билоди Форс буд… Ва Салмон ./р/ хини сакароти мавт сар дар зонуи мубораки Хазрати Али /р/ монда буд ва хеле сабук ва осуда аз дунё чашм пушид…

«Хазрати Паёмбари гироми /с/ дар мавриди Салмони Форси /р/, ки уро як узви хонаводаи худ хондаанд, мефармояд: «Салмон дарёе аст, ки ба охир намерасад ва ганче аст, ки поён намеёбад. Салмон аз хонадони мост. Уст, ки хикматро ато мекунад ва бурхонхои хакро ошкор месозад. Бихишт хар руз панч бор муштоки Салмон аст» 17.34.

… Ва рузе Паёмбар /с/ нишаста будаанд. Хазрати Чабраил /ъ-с/ ояти шариферо ба эшон нозил кард, «Астаъизубиллох:- «Ва ин татаваллав ястабдил кавман г-айракум сумма лоякуну амсолакум» /Яъне, : «Агар руй бартобед, ба чои шумо мардуме дигар орад, ки харгиз хамсони шумо набошад» / Куръони Мачид, сураи Мухаммад /с/, ояти охир /38/, тарчумаи Абдулмухаммад Ояти/. 17-46.

Аз Паёмбари гироми /с/ пурсида шуд: «Эй расули Худо ва пешвои умматон /с/, чи касонеанд, ки агар мо эъроз кунем ононро ба чои мо бармегузини./яъне, интихоб мекуни/?

Паёмбар /с/ дар. чавоби эшон даст бар зонуи рости Солмон /с/ заданд ва гуфтанд: «- Ин ёр ва махрами ман аст». Ва сипас идома доданд: «Манзурам ин мард ва кавми уст». «-Ба Худо савганд, ки агар имон дар ситораи Сурайё бошад, гурухе аз мардони форс онро ба чанг меоваранд) тафсири намуна, зайли ояти охири сураи Мухаммад/с//. 17-46.

Бале, ин Хадиси сахехи Хазрати Мухаммад /с/ асоси дурусте аст, ки метавон дар башорат ба зухури «Чароги Уммат» Имоми Аъзам Абуханифа /р/ ва дар бораи фазилати эшон ба он эътимод кард ва бовари хосил кард. Ва шайхулислом, имоми шофеъимазхаб, Шайх Чалолуддини Суюти хам хадиси болоро, ки Паёмбари гироми /с/ баён доштаанд чунин маънидод ва шарх додаанд, ки: « Ин хадис асоси дурусте аст, ки метавон дар башорат ба Имом Абуханифа /р/ ва дар бораи фазилати вай ба он эътимод кард». 47-29.

Ва бисёре аз уламо ин-ривояти хадис /ва гуиё/ башорат ба Имоми Аъзам -/р/-ро, ки аз тарафи Суюти ривоят шудааст, дуруст медонанд: «3еро Шайх Чалолуддини Суютии Шофеъи бо ин, ки аз пайравони мазхаби Имоми Аъзам набуд, тасрех намуда, ки хадиси мазкур /ки Расули гироми /с/ баён намудаву гуфтаанд нисбати мардуми Форс, С. Б. Б./ мутазаммини „башорат ва пешгуи, ба Абуханифа аст ва низ бархе аз шогирдони Чалолуддини Суюти ибрози назар карда, ки акидаи Шайхи мо рочеъ ба ин, ки максад аз Хадиси сахехи мазкур Имоми Аъзам /р/ аст, як хакикати ошкоро буда, ки шакку шубхае дар он нест. Зеро дар асри, вай дар ахди Расули гироми /с/, С. Б. Б./ хеч касе аз фарзандони Форс, аз хайси савияи илми, ба пояи у, яъне, ба мартабаи Имоми Аъзам /р/ ва хатто ба пояи ёрону шогирдони у нарасида буд ва ин Хадис шомили муъчизае барои Паёмбар /с/ аст, зеро аз чизе хабар дода, ки дар ояндаи наздик вокеъ шудани буд ва мурод аз Форс бо васфи ин, ки чадди Имом худ мансуб ба Форс буд ва кишвари Форс набуда, балки мардуми Ачам аст». 47.-29

Дар ин бора «…Имом Бухори ва Имом Муслим аз Абухурайра ва хам Абунаъим аз Абухурайра ва Имом Шерози ва Табарони аз Кайс ибни Ибода ва Табарони аз Ибни Масъуд ривоят ва истинод овардаанд, ки Хазрати Паёмбар /с/ фармуда: «-Агар илм дар Сурайё мебуд, мардуме аз фарзандони Форс онро ба даст меоварданд». Ва он иборати Шерози за Абунаъим чунин аст: « Лав кона-ал-ъилма муъаллакан ъиндас-Сурайё латано ва лаху рачола мин абнои Форс». Ва дар иборати Табарони, ки Кайс Ибни Ибода ривоят намуда, чунин омадааст: «Ло тано лаху ал-Араб, лано лаху рачола мин абнои Форс». Яъне: «Араб онро ба даст нахохад овард, балки мардоне аз фарзандони Форс бад-он даст хоханд биёфт». Ва дар хадиси Имом Муслим оварда, ба чои вожа ё худ калимаи «илм» калимаи «имон» зикр шуда дар омади сухан, шояд ин хадиси сахехи Расули гироми /с/, ки имомон онро ба сахехи шаходат додаанду медиханд, сабаб ва асоси дар байни уламои Ислом ва дар олами Ислом интишор ёфтани гуё ин хадиси дигари Паёмбар салавотуллохи алайх гардида, ки аз руи эхтиром ба мардуми Форс нисбати Имоми Аъзам Абуханифа /р/ гуфта бошанд, ки: «Фахува сирочу уммати», яъне: – Абуханифа « Чароги уммати ман аст», ки то кунун байни мухаккикин сари ин масъала бахсхо доир гардидаву мегарданд. Ва иддае билкулл мухолифат мекунанд ба ин хадиси дар «Меъроч»-и шариф баёндоштаи он Хазрат саловатуллохи алайх ва ба бисёре аз вахю каромот ва башороти Паёмбари гироми ва ба пешгуихои эшон, аз чумла нисбати пешгуиву башорати он Хазрат нисбати Имом Абуханифа, ки ин сиррест басо гайби ва пешгуиву каромот ва башоратест набави, ки фахми ахли ом ба дарки мазомини ин маъони нарасад…С.Б./

…Чалолуддини Суюти гуфт: «Аввалин шахсе, ки дар илми фикх (дар партави Куръон ва Суннат) китоб тасниф намудааст Абуханифаи Куфи аст».

Ривоёте, ки аз Хазрати Расуллох (с) дар амри башорат ба зухури Абуханифа баён шудаву то ба мо омадааст, шаходат бар он медиханд, ки Имом Абуханифа яке аз бузургтарин ва басо маъруфтарин шахсияте будааст, ки садри Ислом, ба хусус пири шариати гуррои ин дини басо мубин Мухаммади Мустафо (с) нисбат ба у аз баракати вахю муъчизоту каромоти набави, башорат додаанд. Ва возехтарин ва комилтарин ва сахехтарини ин ривоёт, накли Имом Бухори, Имом Муслим, Абухурайра, Имом Шерози, Табарони, аз Кайс ибни Саъд ибни Ибод ибни Масъуд разиаллоху анхум аст, ки Расулуллох (с) фармудаанд: «Агар чунончи илм дар ситораи Сурайё хам бошад, катъан мардоне аз фарзандони Форс ба чанг меоранд».

Яъне, ба таври нисбатан возех омада: «-Ин мардро Абуханифа гуфтаанд». Асхоби манокиби Абуханифа боз чанд хадиси дигареро дар шаъни у матрах намудаанд: (Баъзе ин аходиси мазкурро мачхул гуфтаанд).

  1. «-Дар зумраи уммати ман марде меояд, ки уро Абуханифа Нуъмон мегуянд, у то рузи киёмат чароги уммати ман аст» .
  2. «-Баъд аз ман марде хохад омад, ки Нуъмон ибни Собит гуянд ва Абуханифа кунияти вай аст».
  3. «-Дар хар аср уммати манро пештозе аст ва Абуханифа пештози шоистаи уммати ман аст».
  4. Сухане аз Ибни Аббос накл шудааст бадин мазмун, ки: «-Баъд аз Расули Худо (с) бадре дар Хуросон тулуъ мекунад , ки кунияти у Абуханифа аст».
  5. Расулуллох (с) гуфтаанд: «Ба тахкик Одами Сафиуллох (ъ-м) бо ман фахр мекунад ва ман бо марде аз умматам ифтихор мекунам, ки номи у Нуъмон аст ва кунияти у Абуханифа мебошад ва у чароги умматони ман аст».
  6. «Ба тахкик чумлаи анбиёъ бо ман фахр мекунанд ва ман бо Абуханифа фахр мекунам. Касе уро дуст дорад, манро дуст доштааст. Касе уро душман дорад, манро душман доштааст».

Ин аходиси набави (с) аз китобхои «Чомеъ-ур-румуз», «Шархи Дуррул-Мухтор», « Таърихи Ханафия» ва «Манокиби Имоми Аъзам (р)» чамъ оварда шудаанд.

Расулуллох (с) гуфт: «Дар соли 150 зебу зиннати дунё аз Замин бардошта мешавад». Бале, дар ин сол донотарин ва факехтарин шахсияти руи Замин-Имоми Аъзам Абуханифа вафот кардааст…

Бале, мардум имруз зиёда ба «каромот»-и уламойи худ бовар доранд, нисбат ва ё назар ба муъчизоту карамоту башороти набави, аз чумла ба пешгуихо файласуфи яхуди Нострадамус ва гайра (аммо башорату муъчизоту каромоти анбиёву авлиёро носахех мешуморанду афсона, С.Б.Бузургмехр) ва мухаккик Чалолуддини Суютии шафеъимазхаб мегуянд: «-Ин хадис, ба такрор асоси дуруст аст, ки метавон дар башорат ба Имом Абуханифа ва дар бораи фазилати вай ба он эътимод кард ва бовари хосил кард, монанди хадисе, ки дар бораи Имом Молик ибни Анас ворид шуда, ки Паёмбар фармуда: «-Наздик аст, ки мардум уштурсавор мусофиратхо кунанд ва илмро ва олимро чустучу намоянд, аммо хеч донишмандеро сурог натавонанд кард, ки нисбат ба олими Мадина олимтар бошад». Ва хадисе, низ дар бораи Имом Шофеъи ривоят шуда, ки он Хазрат /с/ чунин фармудаанд: «-Мардуми Курайшро дашном нагуед, зеро олими он тамоми чахонро аз илм пур месозад». Ин хадис аз кисми хадиси хасан ва доройи тарик, ва истиноди мутааддид аст». 47. 29-30.

Ва дар зимни гуфтахои боло агар гунох набошад хаминро метавон илова кард, ки он хадиси Расули гироми /с/ танхо махсуси башорати зухури Имоми Аъзам Абуханифа /р/ набуда, балки башорате буду хаст, ба кулли уламойи баъдинаи форсиасл, ки баъди Имоми Аъзам (мисли Имом Газзоли, Закариёи Рози ва даххо дигар) омадаву меоянд. Таърихи Ислом худ гувохи он аст, ки баъди Имоми Аъзам /р/ то кунун уламойи ахли Форс чи хидматхое дар рохи Худо, яъне,- интишори дини мубини Ислом накардаанд.

…Азизон, сухан кутох, Хазрати Имом Абуханифа разиаллоху анху (699-767) нахустмучтахиди Ислом, /яъне, сохибкитоб/ ва «Чароги уммат», ки номи мубораки эшон дар боло зикр шуд, аз зумраи он шахсиятхои маъруфи точикзабонон, яъне форсиюласли дини мубини Исломи бархак ва шариати гурройи Мухаммадия /с/ аст, ки ин китоби кучак накл мекунад саропо оиди рузгор ва фаъолияти ибратбахши ин абармарди таърихи башарият ва афзалтарин олими танзимкунандаи илмушшариъат ва сиррул-хакикат ва «Чароги уммат», ки 1310 сол ин чониб номи неку кори неку рохи неки у рахматуллохи алайх, байни мусалмонони олам ва ахли тахкик вирди забонхосту шоистаи ибрат.

Пас аз Паёмбари гироми Хазрати Мухаммад /с/ ва ёрони гиромиашон  хазрати Абуханифа Нуъмон ибни Собит ибни Кайс ибни Мох ибни Марзбон ибни Завти ибни Хурмуз ибни Сосон ибни Анушервони Одил Ал-Форси, Ал-Кобули яке аз шахсиятхои маъруфест дар олами Ислом, ки таълимоту афкори пешкадам ва прогрессивиаш боиси дар дини мубини Ислом арзи вучуд кардани мазхаби ахли суннат ва чамоат ва давоми фиркаи Паёмбари гироми /с/ мазхаби ханафия гаштааст. Хулоса, шухрати ин абармард ва факехи кабиру имоми шахир ва донойи замон то бад-он расида, ки ахли Ислом уро «Имоми Аъзам» хондаанд, ки то ба рузгори у чунин унвони оли ба касе мушарраф нагардида буд.

Ва бархак Расули акрам /с/ перомуни мартабаву манзалати Имоми Аъзам Абуханифа /р/ дар шаби «Меъроч,» фармудаанд, ки «Фахува сирочу уммати» /Яъне,;. «Вай Имом Абуханифа /р/ чароги уммати ман аст».

Дар таърихи дини Ислом, Хаким Имоми Аъзам Абуханифа /р/ нахустин муаллифест, ки перомуни масоили шаръи, ахкоми шаръи/чамъи фаройиз, яъне, илми акоид, тарикат-ул-мубтадиин ва гайра Суннат ва аходиси Расули гироми /с/ ва фикхи исломи, асари илмие дар заминаи илми калом, такя ба Куръон ва аходиси Расул /с/ бо унвони «Фикх-ал-акбар/-ро, нигоштааст, хамчунин ба калами у асархои «Муснад» /Чамъи хадис/, «Китоб-ал-олим вал мутааллим», «Васиятнома» ва гайра низ марбутанд.

Мероси бокимондаи Хаким Имом Абуханифа /р/ дар шакли макола, гузориш, ахком оиди масоили бахсноки шаръи, эрод, масъала ва васият,дар асархои шогирдони номдораш, ки шохсутунхои асосии илму хикмати дини мубини Ислом ва шариъати гурройи Мухаммадия /с/ ба хисоб мераванд, яъне, Абуюсуф Яъкуб ибни Иброхим ал-Куфи-ал- Ансори /731-804/ «Китоб-ал-хироч» ва нигоштахои Абуабдуллох Мухаммад ибни Хасан аш-Шайбони /749-805/ пир ва устоди Абуабдуллох Мухаммад ибни Идриси Шофеъи/р/, /яъне, асосгузори мазхаби шофеъия/ «Ал-Мабсут», «Китоб-аз-зиёдат», «Китоб-ал-осор» ва гайра гирдовари ва чамъ карда шудаанд.

Зиндагии Хазрати Имом Абуханифа /р/ саропо оинаи ибрат аст барои хар муъмину мусалмон ва шахси дилогоху бедормагз. Зеро, ки зиндагии Имоми Аъзам /р/ саропо мубориза аст, яъне, муборизаи он Хазрат /р/ бо ахли бидъат ва чоху чалол ва фиркагароёну равиябозон.

Хазрати Имоми Аъзам /р/ шайхи хонакохи набуд, ки танхо ба ибодат, бахри тазкияи ботини хеш машгул бошад, балки у суфии шучоъ ва муборизе буд , ки хамчун муршиди шахир ва Имоми кабир, бахри таквияти ирода ва тазкияи калби хазорхо мусалмонон мубориза бурдааст ва мадрасаи ахли суннат ва чамоатро асос гузоштааст. Ва бархаки хадиси дар боло зикр шудаи Хазрати Паёмбар /с/ у, яъне, Хазрати Имоми Аъзам чароги худсуз буд, ки худ ба худ месухту рохи миллионхо мусалмонон ва муштокони чамолу сифоти хакро мунаввар мекард (ва хохад кард).

… Дар манокиби он Хазрат разиаллоху анху овардаанд: «-Хазрати Имоми Аъзами муаззами суфии Куфи рахматуллохи ъалайх, мулаккаб ба Абуханифа /р/ рузгоре ва хаёте дошт басо ибратомуз, ки аз ахли такво буду пуштибон ва хомии ахли бенавову бечора. Хазрати Имом /р/ рухан ба тамом ба Хак дода шуда буд ва ба хадде, ки дар як шабонаруз хазор ракаъат намоз мегузорид, ба гайр аз фароизи коим, ки мегузошт ба вакташ бо хатми «Куръони Мачид» ва дар авкоти фориг гохо ба фуруши матоъ ва зиёда ба хидмати ояндаву равандагон, ки барои хар мушкиле ба назди у меомаданд саргарм мешуд. Ва одати эшон ин буд, ки баъди хар  хичрат ва тичорат ахли бенавову бечора ва пирону ниёзмандонро як-як аёдат карда, ба хар яке маблаги рузгузарони ва матоъи пушидани такдим мекарданд…

Хазрати Имоми Аъзам /р/ ки дар хамсоягиашон як яхуд мезист, чунин буд, ки начосати мазбилааш /хочатхона/ ба хавлии Имоми Аъзам /р/ мегузашт ва эшон /чонамон фидояшон/ доим онро бо ташт бароварда мерехтанд, ба чое ки мебоист рехта шавад. Рузе он яхуди гуфт, ки чи шудааст, ки шумо ин пагохи ташти начосат дар даст доред?

Хазрати Имом /р/ гуфтанд: – Маро хар бомдоду хуфтан кор чунин аст. Он яхуди гуфт: – Пас ин начосат аз кучост, ки берун меояд?

Хазрати Имом /р/ гуфтанд: – Ин аз мазбили /хочатхона/ -и шумост. Гуфт: – Чанд вакт аст, ки шумо ин корро мекунед?

Хазрати Имом /р/ чавоб доданд: – Як сол бад-ин чониб.

Яхуди гуфт: – Чаро ба ман даъво накардед, /яъне, аз болои ман ба хокимон ва козиёт ва додгустарии яхудия/ ё ягон сухани сахт нагуфтед? Хазрати Имом /р/ посух доданд: – Ба мо Пайгамбарон (с) фармудаанд, ки «Акримуч-чора ин кона яхудиян» (Яъне: «-Икром кунед хамсояатонро, агарчи яхуди бошад») Ва боз Хазрати Имом /р/ ру ба суи яхуд, бо чехраи гулгун ва лабони пуртабассум гуфтанд, ки: Аз дилозор, Худо безор асту хамсоя ба хакки Худо баробар, пас бо кадом аклу тамиз банда туро, ки хамсояи ман хасти биранчонам!

Баъди ин суханон дили яхуди чун мурги нимбисмил битапиду дархол ба Хазрат /р/ гуфт:

– Дар хакикат дини бархак ва рохи ростин дини шумо будааст ва шумо мардуме будаед, вокеан Худошиносу ба Худо додашуда /яъне, ханафи С.Б.Б/ Ва илова намуд: – Ай имоми мусалмонон зуд ба банда калима арза намоед, то ман бадон, ба дини Шумо имон биоварам.

Хазрати Имом /р/ калима арза карданд ва он яхуди имон овард ва мусалмон шуд ва доим аз паси Хазрати Имом намоз мегузорид ва аз баракати дини мубини Ислом ахли байти он яхуд низ мусалмон шуданд ва файзу баракати беандоза бар молу манзили эшон расид. Ин вокеа дар замоне рух дода буд, ки Ислом дар нисфи дунё хоким буда ва интишор гардида буд. Хазрати Имоми Аъзам /р/ метавонистанд ба халифаи Ислом ва козиёт шикоят кунанд ва он яхудиро чазои сазовор ва чаримаи калон андозанд. Аммо он кас, ки инсони комил буданд, ин амалро раво надиданд. Хазрати Имоми Аъзам /р/ бо он хамсояи яхудии хеш дар шахраки Куфаи Багдод -пойтахти хилофати Аббосиёни исломи зиндаги мекарданд.

Аз баракати хамсоядори ва хулки волойи Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р) он яхуди, ба имон мушарраф гардид ва хонааш пурфайз. Барои хамин Пайгамбари гироми /с/ дар баъзе Хадисхо фармудаанд, ки: «-Ба пайравони динхои дигар (ки ба шумо аз онхо зулме нест) хушмуомила бошед. Агар онон карз хоханд, карзашон дихед. Аз хонаву мулкашон (хангоми набуданашон) посбони кунед, бемор шуда бошанд хабар гиред, яъне, ба аёдаташон биравед. Агар вафот карданд дар ташйиъи чанозаашон (маросими дафнашон) ширкат варзед, зеро онон хам мисли   шумо (мусулмонон) бандаи -худои ягонаанд».

Оре, ин аст мактаби одамият,ки дини Ислом, мадрасаи ахли суннат ва чамоат ва фиркаи Расули гироми (с) мазхаби ханафия бархак таълим медихад…

Ба рости, аз овони тифлият, яъне, хурдсолиам маро орзуву ормон (баъди он киссаву ривоёти маргубе, ки аз падари бузургворам эшони Бузургхоча, бобоям эшони Хаётхоча ибни Шайх Маллахочаи Вали (яъне, Эшонтура), модари фархангдусту бомаърифатам Хосият Расулзода ва бобои модариам Расули Шукур перомуни Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р) ва манокиби эшон мешунидам) ин буд, ки ба шахсияти нотакрори «Чароги уммат»-и Хазрати Паёмбар (с) Имоми Аъзам (р) аз наздик тавассути мутолиайи кутуби лозима, ошно биша-вам. Зеро дар калби банда оташи мехр ва ихлос нисбати ин абармарди басо нотакрори таърихи Ислом ва таърихи башар, дар аланга буду хаст. Омухтам кутубе чанд оиди Имоми Аъзам (р) ва нишастам дар сухбати уламову фузало ва ба иборае бигрифтам аз хар хирмане донае, ба рузи умед…

Ва нихоят дар дил нияте падид омад, ки навишта бошам харфе чанд перомуни Хазрати Имоми Аъзам (р), яъне, шаммае аз рузгору осор ва фаъолияти басо ибратбахши ин марди шариф, пири ахли калом, яъне, кутбулавлиёи вал фукахо, нахустмухаккик ва кофиласолори нигориши асархои илмии илохиётшиносии исломи, бахусус дар илми фикх (яъне, дар асос ё худ заминаи пургановати илми калом) Хазрати Имом Абуханифа разиаллоху анху. Ва бояд икрор бишавам, ки сабаби дигаре хам шуд, ки ба забони дусте ва устоде бедордил ва басо фозил яъне, нависандаи маъруфу навгарои точик устод Мухаммадзамони Солех, рачолул гайб лукмае дод, ки бандаро хидоят намуд, ба нигоштани чанд харфе шогирдона, оиди зиндагони, рузгори пурифтихор ва осори безаволи пири мазхаби мухаззаби сирочи умам, пешвои ханафиёни олам, яъне, рахнамои ахли суннат ва чамоъат-Хазрати Имоми Аъзам ибни Собит ибни Завти ибни Марзабон ибни Мох ибни Сосон ибни Хурмуз ибни Анушервон Ал-Форси Ал-Кобули (р), ки аз чониби эшон миннатпазирам, бахри хидояташон бад-ин кори савоб, ки дар натича навишта омад, ба микдоре ба чандин аврок, ки холо шумо чашми муборак ба он духтаед.

Каблан бояд тазаккур дод, ки ин китобе, ки холо дар дасти мубораки шумост, рисолаест илми – оммави ва тарчимаихоли, ки шуморо бо хаёту фаъолият ва зиндагонии басо ибратбахши Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р) ошно намуда, муфассалан аз таърихи пайдоиши мазхаби мухаззаби у рахматуллох накл мекунад.

Сухан кутох, кабл аз дидаи муборак бурдан ба авроки баъдинаи ин нигоштаи кучак, бандафакир узр ва маъзарат мехохам аз доварони сахтгиру мухаккикони мушикоф ва мунаккидону муаррихони нуктасанчу нуктафахму нуктадон, бузургони дину пирони калом, ки муаллифи ин навишта хануз дар чодаи нигориши китоб шогирд ва навкалам буда, дар фазои бекаронаи хикмати азалии Исломи бархак, ки мебарад муштоконро ба суи уфукхои пурнури илму маърифат, хануз тамоман навпарвоз аст ва бошад, ки бо фотихаи неки устодон, ба гуфтаи Аллома Икбол «дар чахон болу пари хеш кушодан» омузад ва рох суи ислохи сахву хатохоро пеш гирад…

Ва низ аз Худованди мутаъол таманно ва хам умеди онро дорам, ки ин хидмати холисона мавриди кабули хаммазхабону хаммиллатони азиз ва кулли мусалмонон, яъне, писанди табъу завки ахли Кибла карор гирад ва ба мо (яъне, бандаи факираш) хам тавфик иноят фармояд, то дар рох ва ахдофе, ки барои пешбурди фарханги ахлоки, яъне, исломии кишвари азизамон – Точикистони сохибистиклол дорем, моро ёри намояд. Ба хакки: «Ва хува хасби ва ниъмал вакил, ниъмал мавло ва ниъманнасир гуфронака Раббано ва илайкал масир ва саллаллоху ъало Сайидино Мухаммадин ва олихи ва асхобихи ва саллам».

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …