Главная / Чугрофия / ДАРЁ ВА КИСМХОИ ОН

ДАРЁ ВА КИСМХОИ ОН

Руд бо ду зарб (навъ) аст, яке табиат ва дигар санои. А,ммо руди санои нест, ки рудкадахои у бикандаанд аз бахри ободонии шахреро ё кишт ва барзи нохиятеро.
… руди табии on аст, ки обхое бувад бузург, ки аз гудози барф ва чатмахое, ки аз кух ва руи Замин бикшояд ва биравад ва хештанро рох биканад… то ба дарё (бахр) pacад ё ба батиха.
“Худуд-ул-олам ”

1. Дарё ва кисмхои он. Дарё оби равонест, ки ба мачрои муайян чорй мешавад ва ба ягон баххр, кул ва дарёи дигар меразад. Баъзе дарсхо ба ягон бахр ва кул намерезанд (Мисол оред)- Микдори дарёхо нихоят зиёд аст. Хамаи онхо бо кулхо шабакаи обии (гидрографии) материкхоро ташкил медиханд. Кисми зиёди онхо дарёхои хурд мсбошанд. Аз чумла дар Точикистон аз 500 дарё ва шохоб 4 дарё зиёда аз 500 километр ва 15 дарё аз 100 то 500 киломегр дарози доранд. Дарозии дарёхои бокимонда аз 10 километр бештар мебошад. Хар як дарё аз чое cap мешавад. Чои саршавии дарёро саргах, сари об меноманд.

daryo

Саргах чунин чоест, ки аз он дарс огоз меёбад. Дарёхои хамвори аз ботлок, чашма ва кулхо, дарёхои кухи асосан аз пиряххо cap мешаванд. Аз чумла дарёхои калони Точикистон аз пиряххо ибтидо мегиранд. Хангоми чори шудан онхо вобаста ба релефи махал (хамвори, теппа, адир, кух) печу тоб хурда, садхо километр масофаро тай менамоянд. Дар рафти харакати дарё ба он боз дарёчахо хамрох мешаванд, ки онхоро шохоб мегуянд ва тамоми онхо якчоя шабакаи дарёро ташкил медиханд. Дар дарёхои сероб агар монеахои зериобй набошанд, киштихо шино мекунанд. Агар шумо бо кишти ба Рафти чараёни дарё шино кунед, тарафи рости кишти сохили рост, тарафи чапи он сохили чап мсшевад. Сохил аз ибтидо (саршавй) то интихои дарё давом мекунад. Хамие, ки мувози ба сохил тул кашидааст. водии дарё номида мешавад. Кисми Чукуртари ЙОДЙ ки дар байми ду сохил вокеъ гардидаасту аз он чори мешавад. Мачрои дарё ном дорад. Вай аз саршавй то Резишгохи дарё давом мекунад. Он чое, ки дарё ба халич, кул, ва дарёи асоси рафта мерезад, резишгох, ном дорад. Дарёи Вахщ ба Амударё, дарёи Сир ба Бахри Арал мерезад.

2. Хавзаи дарё ва обтаксимкунак. Хар як дарё бо шохобхои аз масохати муайяни сатхи Замин об чамъ мекунад. Ин об
аз хисоби обшавии пирях, барф, боридани борон ва обхои
зеризамини хосил шуда, аз масохати васеъ ба дарёи асоси ва шохобхои он мерезад. Масалан, масохате, ки Амударё бо шохобхояш аз он об мегирад, кариб 470 хазор километри мураббаъро ташкил медихад. Дарёи пуробтарини руи Замий Амазонка бошад, аз масохаги 7 миллион километри мурабба об мегирад. Масохати хушкие, ки аз он тамоми оби чоришаванда ба дарёи асоси ва шохобхои он мсрсзад, хавзаа дарё ном дорад. Хавзаи дарёи асосй дар як вакт хавзаи шохобхои он хисоб мешавад.
Дар руи За.мин хавзахои дарёхои хурду калон нихоят зиёданд ва бо хам наздик чойгир шудаанд. Онхоро аз якдигар тегаи куххо, адиру теппахо ва кисми баланди хамворихо чудо мекунанд. Хале, ки хавзаи дарёхоро аз якдигар чудо мекуна обтаксимкунак ном дорад.

3. Boсита ва хусусияти чараёни дарёхо ба релеф, Ба назар чунин менамояд, ки бояд анбухи об (сели об) аз саргах то резишгох рост чори шавад.
Аммо, тавре ки мушохида мекунем, ягон дарё дар руи Замик чрост чори намешавад. Барои чй? Барон он ки реяефи руи Замин як хел нест. Аз хамин сабаб релефи махале, ки аз он дарё чори на факат ба самт, инчунин ба суръати чараёни оби дарё мерасонад. Масалан, дарёи Панч то ба дарёи Вахш хамрох, шудан чандин маротиба ба куххо бархурда, самти чараёни худро дигар мекунад (Аз харита он куххоро нишон дихед).
Суръати чараёни оби дарё хам ба релеф вобаста мебошад. Хар кадар нишебии мачрои дарё зиёд бошад, хамон кадар оби дарё босуръат чори мешавад. Ин хусусият ба кисми болооби дарёхои кухи хос аст. Дарёхои Точикистон, ки кухй мебошанд, нишебии онхо дар масофаи як километр даххо километрро ташкил мекунад. Аз хамин сабаб оби онхо дар болооб нуртугён, чараёнашон тез буда, каъри водиро бештар чукур мекунанд. Бинобар ин дар болооби он дарёхо водихо танг ва чукур мебошанд. Нишебии дарёхои хамвори он кадар зиёд нест.
Дарёхои хамворй аз дарёхои кухй инчунин бо хусусияги каъри водй фарк мекунанд. Каъри водии дарёхои хамворй аз чинсхои кухии сохташон гуногун иборат аст. Чинсхои кухии нармро чараёни оби дарё ба осони, чинсхои кухии сахтро ба душвори шуста мебарад. Дар натича дар баъзе китъахои каъри водии дарё чинсхои кухии сахт (санги хоро охаксанг, вараксанг) остонахоро хосил мекунанд. Баъзан остонахоро сангтудахои зериоби ба вучуд меоранд.

Хангоми аз остонахо гузаштани дарё оби он тугён карда, садо бароварда хар тараф пош мехурад. Ин ба чараёни дарёхои кухи шабохат дорад. Остонахо дар дарёхои кухи хам нихоят зиёданд. Онхо ба киштигарди халал мерасонанд. Аз хамии сабаб аксари дарёхои Точикистон киштигард нестанд, факат масофаи начандон калони дарёхои Аму ва Панч киштигард мебошанд (40-45 километри он ба каламрави Чумхурии Узбекистон тааллук дорад).

Дар минтакаи куххо оби дарё аз зинаи ростфаромада чори шуда. шаршара хосил мекунад (расми 58). Шаршара на факат дар минтакаи куххо, инчунин хангоми мавзеи теппаноки гузаштани дарё низ хосил мешавад. Дар Точикистон шаршараи аз хама баланд дар саргахи Искандардарё вокеъ гардидааст. Ин шаршара баробари аз Искандаркул чорй шудани дарё хосил шудааст. Дар назди шаршара стансияи электрики сохтан мумкии аст. Шаршараи Искандардарё хамагй якчанд метр баланди дорад. Аммо дар дарёхои олам шаршарахое мавчуданд, ки нихоят баланданд.

Шаршараи Виктория дар дарёи Замбезии Африкаи Чануби вокеъ гардида, баландии он 120 метр, бараш 1800 метр аст. Харчи об кариб 1400 метри мукааб дар як сония мебошаД. Дар он ислтохи баркии начандон калон сохта шудааст. Дар Америкаи Чануби дар хавзаи дарёи Ориноко шаршараи Ангел вокеъ гардидааст. Баландии он 1054 метрро ташкил медихад.

Шаршара хам бо мурури замон шуста ва вайрон мешавад. Шаршараи Ниагара, ки дар Америкаи Шимоли дар дарёи Хином воксъ гардидааст (баландии он 51 метр), солсто 1 метр шуста шуда, ба акиб меравад. Хисоб кардаанд, ки агар шусташавп бо хамин суръат идома ёбад. шаршара дар муддати нисбатан кутох аз байн меравад.
Остонахо кисмхои камоби санги ё харсангй дар мачрои дарё мебошанд, ки чинсхои сахти кухи хосил мекунанд . Аксар вакт дар назди остонахо истгоххои барки бунёд карда мешаванд. Масалан, истгохи баркии Норак дар дарёи Вахш, Днепрогэс дар дарёи Днепр, истгохи баркии Братск дар дарси Ангара ва гайра.

Савол ва супориш

  1. Чи гуна обро дарё мегуянд?
  2. Шабакаи дарё чист?
  3.  Кисмхои дарёро номбар карда, аз харита нишон дихед.
  4. Чй гуна чойро хавзаи даре меноманд?
  5. Обтаксимкунак чист?
  6. Самт ва суръати чараёни оби дарё ба чй вобаста аст?
  7. Дарёхои хамворй аз дарёхои кухи бо кадом хусусиятхояшон фарк мекунанд?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …