Главная / Илм / ДАРД

ДАРД

dardДАРД (Dolor, algos), эхсоси ногувор, баъзан токатфарсоест, ки аксаран хангоми таъсири нихоят шадид ё табохкор ба организм пайдо мешавад. Д. ифодаи фардии иллати организм ё ихтилоли баъзе вазифахои он мебошад. Д. дар чараёни тахаввулоти олами органики ба огохсозандаи хавфи бемори табдил ёфта, омили мухими биологие гардид, ки мавчудияти хаётро таъмин мекунад. Мувофики гуфти И. П. Павлов дард дар хифзи сохти томи организм хамаи он чиро, ки ба чараёни хаёт халал расонда мутобикати организмро бо мухит халалдор менамояд, рафъ месозад. Пайдоиши Д. неруи мухофизи организмро бахри рафъи ангезахои дардовар ва баркарор гардидани фаъолияти муътадили узвхо ва системахои физиологи сафарбар мекунад. Дар баробари ин Д. инсонро дар азоби сахт монда, уро аз ороми ва кобилияти кори махрум месозад, дар баъзе мавридхо боиси инкишофи холати ба хаёт хавфнок – шок мегардад.
Одатан, чи кадаре, ки иллати пуст, луобпарда ва устухонпарда вазнинтар (яъне шиддати ангезандахо хар кадар бештар) бошад, Д. хамоно кавитар мешавад. Хангоми халал ёфтани фаъолияти узвхои дарун эхсоси Д. хамеша ба он мувофикат намекунад. Мас., аз андак халал ёфтани кори рудахо дарди сахт пайдо мешавад, хол он ки иллати чиддии магзи сар, хун ва гурда метавонад бедард гузарад. Организм ба ангезиши Д. бо тагйироти гуногун чавоб мегардонад (мас., рагхои хунгузар танг, фишори хун баланд, дарачаи лахтабанди ва микдори канди хун меафзояд). Азбаски тарзу хусусияти эхсоси Д. нихоят гуногун аст, онро ба шадид, суст, халамонанд, сахт, фишоровар, сузишнок, сим-сим ва г. чудо мекунанд. Бемор Д.-ро бевосита дар чои осебдидаи бадан, наздик ва ё дуртар аз он (мас., хангоми амрози дил дар даст ё шонаи чап) эхсос менамояд. Д. аз манбаи пайдоиш ба чойхои муайяни организм пахн мешавад. Д.-и аз чихати хусусият ва тадбирхои пешгири мушобех баъзан якчоя бо беморихои гуногун, аз чумла бо чунин касалихое зухур меёбад, ки онхо ёрии тиббии фавриро талаб хоханд кард. Аксар вакт Д.-и дил, шикам ва сардард боиси холатхои барои хаёт хавфнок мешаванд.
Дарди дил нимаи чапи кафаси сина ё сари синаро фаро мегирад. Он сихзананда, сим-сим ё фишоровар буда, якбора пайдо мешавад ё тадричан авч гирифта, кутохмуддат ё бардавом аст; боиси иллат ёфтани нафакат худи дил, балки узвхои диг. низ мегардад. Д.-хои ногахонию тазйиковар ва шадиди сари сина, ки ба дасти чапу шона пахн шуда, хангоми харакати чисмони ё ороми пайдо мешаванд, хоси бемории зики дил буда, кумаки тиббии фавриро талаб мекунанд. Хисси Д. дар кисми чапи сандуки сина дар натичаи иллати узвхои ба дил наздик – пардаи шуш, хирной, решачахои асаб, худи дил (миокардит, нукси дил) ва беморихои диг. (мас., камхуни) пайдо мешавад. Аксар вакт Д.-и атрофи дил ба берабтии кори асаби дил хангоми невроз, ихтилоли узвхои эндокрини, захролуди (мас., дар тамокукашхо ва ашхоси майзада) вобаста аст. Муоличаи Д.-и дил ба сабабхое, ки боиси пайдоиши Д. гардидааст, алокаманд буда, онро факат духтур муайян карда метавонад. Дар мавриди сахт ба дард омадани дил фавран хоб кардан ё нишастан лозим; ба зери забон нитроглитсерин ва агар он набошад, валидол мегузоранд. Агар баъди 30 дак. Д. намонад, ба сари дил хардалкогаз гузошта, духтурро даъват мекунанд.
Дарди шикам низ дар аснои беморихои бисёр, аз чумла амрозе, ки муолича бо чаррохиро талаб мекунанд, пайдо мешавад. Ба чунин беморихо аппендитсити шадид, шикоф шудани танаи меъда ё руда (бештар хангоми захми меъда), печиши рудахо, хунравии зиёд ба батн (бештар дар мавриди хамли хоричи бачадони), панкреатити шадид ва г. мансубанд. Д.-и ногахони шикам ба беморихои зикршуда хос аст. Д. аз ибтидо метавонад чун зарбаи ханчар падид ояд, хусусан Д.-и захми шикофшудаи девораи меъда ё рудаи дувоздахангушта. Д. хангоми аппендитсит соат ба соат авч мегирад.
Хангоми печидани рудахо Д. хар замон шиддат ёфта, байни фосилахои хуручи он андаке суст мешавад. Кафидани тухмгузар (найча)-и бачадон дар аснои хомилагии хоричи бачадон он боиси Д.-и шадид мегардад (дард андак суст мешавад). Вале пайдоиши чунин хусусиятхои Д. чандон шарт нест, зеро онхо барои дуруст фарк кардани аппендитсити шадид аз хомилагии хоричи бачадон ё аз шикоф шудани захми танаи меъда имкон намедиханд. Д.-и сахттарини шикам хама вакт чаррохии фаврии узвхои дохили шикамро такозо намекунад. Мас., аз Д.-и гурда низ бемор нихоят бесаранчом шуда, худро ба чор тараф мезанад, аз кати хоб ба фарш мефарояд; дар аснои газаки шуш низ шиками кудак сахт дард мекунад ва г.
Ба дарди шикам, ки табобати фавриро мехохад, ихтилоли вазъи умумии организм – садама, холати табларза ва бехуши (аз хунравии даруни) хосанд. Вале чунин иллатхо хангоми беморихои дигар низ руй дода, факат аз вазнинии холати бемор дарак медиханд.
Духтур аломатхои гуногуни Д.-и шикамро мукоиса карда, сабаби пайдоиши онро муайян ва усули муоличаро интихоб менамояд. Агар худи бемор ё атрофиёни у барои фахмидани сабаби Д. ва табобати он кушиш намоянд, аксар вакт холати беморро вазнинтар мегардонанд ё зарурати чаррохиро ба таъхир меандозанд. Ин пеш аз хама ба беморихои кудакон дахл дорад, зеро ба волидон одат шудааст, ки Д.-и шикаму кай кардани кудаконро аксаран «гирифти меъда» мепиндоранд. Дар ин маврид аз васоити дастрас, мас., давохои исхоловар, имола, дорухои рафъи дард ё гармкунак (грелка) истифода мебаранд. Кушиши тоза кардани рудахо дар аснои хар кадом бемории шадиди узвхои дарун, ки чаррохиро талаб мекунад, багоят хавфнок аст. Дорухои мусхил ва имола тахрика (харакати мавчвор)-и рудахоро ангехта, ба илтихок (ба хам часпидани)-и рудахо монеъ мешаванд, ки окибат ба рехтани фасод ё мухтавои меъдаю руда ба чавфи шикам оварда мерасонад.
Хангоми печидани рудахо васоити мазкур иллати рудахоро бадтар карда, зимни хунрави аз батн ба бастани рагхои хунрав халал мерасонанд.
Дорухои рафъи Д. муваккатан сабуки оранд хам, айни замон зухуроти бемориро мураккаб, ташхиси дурусти онро мушкил мекунанд; гайр аз он, одатан дар чунин маврид даъвати духтур мавкуф гузошта мешавад. Истифодаи гармкунак ба шидат гирифтани чараёни илтихоб ё хунрави мусоидат мекунад.
Дар хотир доред: хангоми аппендитсити шадид, сурох шудани девораи меъда, баста шудани рудахо ва хомилагии хоричи бачадон хатто чанд соат ба таъхир мондани чаррохи боиси окибати нихоят бад мегардад. Дар хар мавриди Д.-и шадиди шикам ба тахмину худмуолича вакт сарф накарда, хамоно духтурро даъват кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …