Главная / Чамъият / ДАР БОРАИ РЕКЛАМА КОНУН

ДАР БОРАИ РЕКЛАМА КОНУН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ РЕКЛАМА

Мачлиси намояндагон кабул намуд – 28 майи соли 2003

Мачлиси милли чонибдори намуд – 16 июли соли 2003

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2003, №8, мод. 457; с. 2007, №6, мод. 432; с. 2008, №10, мод. 824; с. 2011, №12, мод. 843; с. 2012, №4, мод. 262; с. 2014, №11, мод. 672; с. 2015, №3, мод. 224; Конунхои ЧТ аз 18.07.2017 с., №1456; №1457)

reklama

 БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Конуни мазкур муносибатхои сохаи рекламаро (ба истиснои рекламаи сиёси) ба танзим дароварда, онро аз ракобати бевичдонона хифз менамояд ва рекламаи номуносиберо, ки метавонад истифодабарандагонро ба иштибох андозад ё ба саломатии онхо, молу мулки шахсони вокеи ва хукуки, тарзи хаёт, шаъну шараф ё эътибори кории шахсони мазкур зарар расонад, инчунин ба манфиатхои чамъияти, принсипхои башардусти ва ахлоки тахдид кунад, пешгири ва манъ менамояд. (КЧТ аз 16.04.12с., №812)

Моддаи 1. Доираи амали Конун

Конуни мазкур муносибатхоеро, ки дар раванди истехсол, чойгирони ва пахнкунии реклама дар бозорхои мол, кор ва хизматрасонии (минбаъд – мол) Чумхурии Точикистон, аз чумла бозорхои хизматрасонии бонки, сугуртави ва дигар хизматрасонихо, ки бо истифодабарии маблагхои шахсони вокеи ва хукуки алокаманд мебошанд, инчунин дар бозорхои когазхои киматнок ба вучуд меоянд, танзим менамояд. (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

Конун хамчунин дар холатхое, ки амалхои берун аз худуди Чумхурии Точикистон содиркардаи шахсони вокеи ё хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи реклама боиси махдудияти ракобат, ба иштибох андохтани шахсони вокеи ё хукуки дар худуди Чумхурии Точикистон мегарданд ё окибатхои дигари манфиро дар бозорхои моли Чумхурии Точикистон ба миён меоранд, татбик карда мешавад, агар муносибатхои байни давлатхо бо созишномахои байналмилали ба танзим дароварда шуда бошанд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1456)

Хамин Конун нисбат ба шахсони вокеи ва хукукии хоричи ва шахсони бешахрванд – сохибкорони инфиродие, ки бо тартиби мукарраргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудаанд ва дар худуди Чумхурии Точикистон рекламаро истехсол, чойгир ва пахн мекунанд, низ татбик мегардад.

Конуни мазкур ба эълонхои шахсони вокеи, аз чумла  дар воситахои ахбори омма, ки ба фаъолияти сохибкори машгул  нестанд, дахл надорад.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии  зерин истифода  мегарданд:

– реклама иттилооте, ки дар хар шакл, тавассути хар навъ воситахо оид ба шахси вокеи ва хукуки, молхо, гояхо ва ташаббусхо ( ахбори рекламави) пахн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбини шуда, чихати ташаккул  ё дастгирии шавкманди ба шахсони вокеи ва хукуки, молхо, гояхо, ташаббусхо таъин гардида, барои фурухтани молхо, гояхо ва ташаббусхо мусоидат менамояд;

объекти рекламашаванда – мол, воситахои фардикунонии он, истехсолкунанда ё фурушандаи мол, натичаи фаъолияти зехни ё чорабини (аз чумла мусобикаи варзиши, консерт, озмун), ки реклама барои чалби диккат ба онхо равона шудааст;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1457)

– рекламаи номуносиб рекламаи  бевичдонона,  нодуруст, беодобона, ошкоро бардуруг, пинхони ё дигар рекламае, ки дар он ба вайронкунии талабот нисбати мазмун, вакт, махал ва тарзи пахнкуни тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон рох дода шудааст;

– рекламаи мутакобилрад кардани рекламаи номуносиб, ки бо максади бархам додани окибатхои он пахн карда мешавад;

– рекламадихандашахси вокеи ё хукуки,  ки бо фармоиши он реклама тахия ва  пахн  карда мешавад; (КЧТ аз 16.04.12с., №812)

– истехсолкунандаи реклама шахси  вокеи ё хукукие, ки чойгир ё пахнкунии иттилооти рекламаро пурра ё кисман дар шакли тайёр барои пахнкуни омода месозад;

– пахнкунандаи реклама шахси вокеи ё хукукие, ки чойгир ё пахнкунии иттилооти  рекламаро бо рохи пешниход ё истифодаи молу мулк, аз чумла, воситахои техникии радио, телевизион, инчунин шабакахои алока, вакти намоиш  ва бо истифода аз дигар воситахо анчом медихад;

– истифодабарандагони реклама шахсони вокеи ё хукукие, ки реклама ба маълумоташон расонида мешавад;

– рекламаи беруна плакатхо, стендхо, овезахои  номалавхаи мунаввар ва воситахои дигари техники, чойгиронии устувори он дар худуди муайян;

– рекламаи дохили хар гуна рекламае, ки дар дохили хонахо, бинохо, иншоотхо чойгир карда шудааст;

– рекламаи ичтимоирекламаи гайритичорати, ки  дар он тарзи хаёти солим,  хифзи саломати, хифзи мухити зист, амнияти ахоли,  пешгирии хукуквайронкуни ва дигар масъалахои  ичтимои ифода шудааст; (КЧТ аз 16.04.12с., №812; аз 27.11.14г., №1163)

– оферта пешниход ба бастани шартнома буда, ба як ё якчанд шахсони мушаххас фиристода мешавад ва талабхои асосии шартномаро дар бар мегирад;

– аксепт чавоби шахсе, ки офертаи ба у пешниход кардашударо гирифтааст;

– вокеахои чори – раванди вокеахои бавукуъомада, ходисахои мухим, далелхо аз хаёти шахси ва ё чамъияти, инчунин натичахои тахкикоту икдомот;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1456)

– сарпарасти аз чониби шахси вокеи ва хукуки гузоштани сахм (дар шакли пешниходи молу мулк, натичахои фаъолияти зехни,  хизматрасони, анчом додани корхо) ба фаъолияти шахси дигари вокеи ва хукуки (кумакгиранда) бо шартхои пахн кардани рекламахои кумакгиранда оид ба сарпараст ва молхои у;

– сахми сарпарастипардохт барои реклама аз чониби сарпараст  (рекламадиханда) ба кумакгиранда (пахнкунандаи реклама). (КЧТ аз 16.04.12с., №812)

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи реклама

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи реклама ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукуки ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1456)

Моддаи 4. Хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он барои реклама

Реклама метавонад пурра ё кисман объекти хукуки муаллиф  ва хукукхои вобаста ба он бошад.

Дар ин холат хукукхои муаллиф ва хукукхои вобаста  ба он мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хифз карда мешаванд.

 БОБИ 2.

ТАЛАБОТИ УМУМИ ВА МАХСУС БА РЕКЛАМА

 Моддаи 5. Талаботи умуми ба реклама

Реклама  бояд бе донишхои махсус ё бе татбики воситахои техники, бевосита дар лахзаи пешниходи он сарфи назар аз шакл ё воситахои истифодашавандаи пахнкуни, махз хамчун реклама фахмида шавад.

Дар осори радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин дар махсулоти чопии дорои хусусияти гайрирекламави истифодаи максадноки таваччухи  истифодабарандагони реклама ба навъи (модел, артикул) мушаххаси мол ё ба тайёркунанда, ичрокунанда, фурушанда барои ташаккул ва дастгирии манфиати онхо бе маълумоти муносиби пешаки дар ин маврид (ба хусус, бо рохи кайд кардан “хамчун реклама”) ичозат дода намешавад.

Ба воситахои ахбори омма барои чойгиронии  реклама хамчун маводи иттилооти, тахрири ё таълифи  гирифтани маблаг манъ аст.

Реклама дар худуди Чумхурии Точикистон ба забони давлати ва бо салохдиди рекламадихандагон, инчунин ба дигар забонхо, пахн карда мешавад. Ин мукаррарот  ба радиошунавони, пахши телевизиони ва нашрияхои чопие, ки танхо ба забони давлати, забонхои дигар миллатхои дар Чумхурии Точикистон истикоматдошта ва забонхои хоричи сурат мегиранд, инчунин ба тамгахои молии (тамгахои хизматрасони) ба кайд гирифташуда дахл надоранд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1456)

Ба рекламаи мол, рекламаи худи рекламадиханда, хамчунин ба рекламаи молхое, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон истехсолу истифодаи онхо манъ карда шудааст ва инчунин ба рекламаи махсулот, кору хизматрасони, ки бояд хатман дар Чумхурии Точикистон сертификатсия карда шаванд, вале сертификати мутобикат надоранд, рох дода намешавад.

Рекламаи молхое, ки сертификатсияи хатмиро талаб менамоянд, бояд кайди “хатман сертификатсия кунонида шаванд” дошта бошанд.

Истифода намудани объектхои хукукхои истиснои (моликияти зехни) дар реклама бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад.

Реклама набояд дар шахрвандон хисси зуровари, тачовуз, вохима барангезад, инчунин набояд ба амалхои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони вокеи зарар расонанд ё ба бехатарии онхо тахдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.

Ба истехсол, чойгирони ва интишори рекламае, ки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро дар сохаи хифзи мухити зист риоя намекунад, ичозат дода намешавад. (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

Чой додани реклама дар адабиёти таълими, аз чумла асархои хатти ва чопи, ки хамчун воситахои таълими дар хамаи зинахои тахсилот, такмили ихтисос, бозомузи ва тахсилоти иловаги истифода мегарданд, манъ аст.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1457)

Моддаи 6. Рекламаи бевичдонона

Рекламаи бевичдонона рекламае мебошад, ки:

– шахсони вокеи ва хукукиро, ки аз молхои рекламашаванда  истифода намекунанд, беобру менамояд;

– дорои мукоисахои носахехи моли рекламашаванда бо моли (молхои)  дигар шахсони вокеи  ва хукуки буда, инчунин мулохизахо  ва тасвирхое дорад, ки иззат, шаъну шараф  ё эътибори кории ракибонро паст мезананд; (КЧТ аз 16.04.12с., №812)

– истеъмолкунандагонро нисбати моли рекламашаванда ба воситаи таклиди (нусхабардории ё таклидкории) лоихаи умуми, матн,  формулахои рекламави, тасвир, таъсироти мусики ва савтии дар рекламаи молхои дигар истифодашаванда ё тавассути суиистифодаи боварии шахсони вокеи  ё нокифоя будани тачрибаю дониши онхо, аз чумла бо сабаби дар реклама мавчуд набудани кисматхои мухими иттилооти ба иштибох меандозад.

Ба рекламаи бевичдонона рох дода намешавад.

Моддаи 7. Рекламаи нодуруст

Рекламаи нодуруст рекламае мебошад, ки дар он нисбати нишондихандахои зерин маълумоти ба хакикат номувофик мавчуд аст:

– тавсифи молхо хамчун асл, таркиб, тарз ва санаи тайёр намудани онхо, таъинот, хусусияти истеъмоли, шароитхои истеъмол, мавчудияти сертификати мутобикат, аломатхои сертификатсиони ва аломатхои мутобикат ба стандартхои давлати, теъдод, махалли истехсол;

– мавчудияти мол дар бозорхо, имкониятхои дар хачми мазкур харидори намудани он, вакт ва махал;

– арзиши (нархи) молхо дар лахзаи пахн кардани реклама;

шартхои иловагии пардохт, бурда расонидан, мубодила, баргардонидан, таъмир ва хизматрасонии мол;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1457)

(Сархати 5 хорич карда шуд бо КЧТ аз 18.07.17 с., №1457)

– ухдадорихои кафолати, мухлати хизмат, мухлати истифода;

– хукук барои истифодаи рамзхои давлати, инчунин рамзхои ташкилотхои байналмилали;

– эътирофи расми, гирифтани медалхо, чоизахо, дипломхо ва дигар мукофотхо;

– пешниходи маълумот доир ба тарзхои харидани силсилахои пурраи молхо, агар  мол як кисми силсила  бошад;

– натичаи тадкикот ва санчишхо, истилохоти илми, иктибосхо аз нашрияхои техники, илми ва дигар интишорот;

– маълумоти оморие, ки асоснокии онхо набояд дар шакли аз хад зиёд  нишон дода шавад;

– истинод ба ягон тавсияхо  ё эътирофи шахсони вокеи  ва хукуки, аз чумла ба тавсияву эътирофхои кухнашуда;

– истифодаи истилохот бо дарачаи баланд, аз чумла тавассути  истифодаи калимахои “бехамто”, “мутлако”, “ягона”, “раками 1”, “бехтарин”, “сифати оли” ва дигархо дар сурати имконнопазир будани тасдики онхо бо хуччат;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1457)

– истифодаи истилохоти мукоисавии объекти рекламашаванда бо дарачаи паст, аз чумла тавассути истифодаи калимахои «нархи пасттарин», «арзонтарин» ва дигархо дар сурати имконнопазир будани тасдики онхо бо хуччат;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1457)

– мукоиса бо дигар мол (молхо), инчунин бо хукук ва вазъи дигар шахсони вокеи ё хукуки;

– истинод ба ягон хел кафолат ба истифодабарандагони молхои рекламашаванда;

– хачми вокеии талабот ба мол;

– маълумот доир  ба худи рекламадиханда.

Ба рекламаи нодуруст рох дода намешавад.

Моддаи 8. Рекламаи беодобона

Рекламаи беодобона рекламае мебошад, ки :

– дорои маълумоти матни, тасвири ва савти буда, меъёрхои умумибашари ва ахлокиро бо рохи истифодаи калимахои тахкиромез, ташбех, симохо нисбати нажод, миллат, касб, табакахои ичтимои, гурухи синну соли, чинс, забон, эътикоди дини, фалсафи, сиёси ва дигар эътикоди шахсони вокеиро халалдор месозад;

– объектхои санъатро , ки дорои арзиши милли ё фарханги чахони хастанд, беобру  менамояд, рамзхои давлати,  пули миллии Чумхурии Точикистон ё асъори давлати дигар ва рамзхои мазхабиро бадном мекунад; (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

– ягон шахси вокеи ё хукуки, ягон хел фаъолият, касб, молро бадном мекунад.

Шахси вокеи  ё хукукие, ки аз истехсол ё пахн гардидани рекламаи дорои маълумоти бадномкунандаи шаъну шараф ё эътибори кории у огох шудааст, хукук дорад барои хифзи хукукхои поймолгардидааш бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд мурочиат намояд, инчунин агар рекламадиханда ин талаботро ихтиёри ичро накунад, хукук дорад аз рекламадиханда раддияи чунин рекламаро бо хамон тарзе ки пахн карда шуда буд, талаб намояд. (КЧТ аз 16.04.12с., №812; аз 27.11.14г., №1163)

Ба рекламаи беодобона рох дода намешавад.

Моддаи 9. Рекламаи бардуруг

Рекламаи бардуруг чунин рекламае мебошад, ки тавассути он рекламадиханда (истехсолкунандаи реклама, пахнкунандаи реклама) истифодабарандаи рекламаро касдан ба иштибох меандозад.

Ба рекламаи бардуруг рох дода намешавад.

Моддаи 10. Рекламаи пинхони

Дар асари радио, аудио, намоишномахои телевизиону видео, дар махсулоти кино, хамчунин дар маводи дигар истифода  кардан ва бо роху воситахои дигар интишор намудани рекламаи пинхони, яъне рекламае, ки ба хушу идроки истеъмолкунанда, аз чумла бо рохи истифодаи сабтхои махсуси видеои  (сабти овози дучура) таъсири беихтиёр  мерасонанд, ичозат дода намешавад.

Моддаи 11. Хусусиятхои реклама дар барномахои радио ва телевизион

Дар барномахои радио ва телевизион бо реклама буридани барномахои зерин рох дода намешавад:

– суханронии Президенти Чумхурии Точикистон, Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раиси  Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Сарвазири Чумхурии Точикистон, гузориш аз ичлосияхои Мачлиси  милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, чаласахои якчояи онхо, чорабинихои давлати, маросимхои мотам  ва дигар маросимхои расми;

– барномахои дини;

– барномахои таълими на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дакика  то 30 сония;

барномахои радио ва филмхои бадеи  бе розигии сохибхукукон;

– барномахое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дакика мебошад;

– барномахое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дакика мебошанд, на бештар аз ду маротиба.

Хангоми истифодаи реклама хамчун замима ба тасвири асоси, аз чумла ба таври “сатри мухаррик”, андозаи он бояд аз хафт фоизи масохати кадр ва понздах фоизи вакти пахш дар давоми соат зиёд набошад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1457)

Пахн кардани рекламаи як навъи мол, хамчунин пахн намудани реклама дар бораи худи рекламадиханда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дакика  дар муддати як соати вакти ба пахши барномахои радио ва телевизион чудошуда  дар як мавчи намоиш ба чо оварда шавад.

Дар барномахои радио ва телевизиони давлати, ки хамчун барномахои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламави махсусгардонидашуда  ба кайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи хачми намоиши шабонарузи ва дар барномахои радио ва телевизиони гайрихукумати ин хачм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.

Дар барномахои кудаконае, ки давомнокиаш то 30 дакика мебошад, пахши  реклама манъ аст.

Дар барномахои радио ва телевизион дар давоми тамоми гуфтор ва намоиш, дар байни барномахои радио ва телевизион як пахши рекламави набояд аз се дакика зиёд бошад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1457)

Моддаи 12. Хусусиятхои реклама дар матбуоти даври

Дар матбуоти даврии давлати, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламави дошта махсус гардонида нашудаанд, реклама  набояд аз 25 фоизи хачми як шумораи нашрияи матбуоти даври ва дар матбуоти даврии гайрихукумати  ин хачм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад.

Дар воситахои ахбори оммае, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, махдудият гузошта  намешавад. (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

Моддаи 13. Хусусиятхои реклама дар кино, видео ва хизматрасонии маълумоти

Дар таркиби асархои аудиовизуали бе ризоияти дорандагони хукукхои  молумулкии муаллиф ба  чунин асархо  чойгир намудани реклама манъ аст. (КЧТ аз 16.04.12с., №812)

Хангоми хизматрасонии маълумотдихии телефони, компютери реклама танхо баъди ба абонент додани маълумоти талабгардида пешниход  шуда метавонад.

Хангоми хизматрасонии пулакии маълумотдихии телефони, компютери ё дигар хизматрасони реклама танхо бо розигии абонент  пешниход карда мешавад.

Арзиши чунин реклама набояд ба арзиши маълумоти талабкардаи абонент дохил шавад.

Истифодаи ракамхои бепули телефонхои хадамоти ёрии таъчили, милитсия, сухторнишони ба максади пахнкунии  реклама манъ карда мешавад.

Моддаи 14. Хусусиятхои рекламаи беруни

Пахн кардани реклама дар шахрхо, нохияхо, шахракхо, дехот ва дигар мавзеъхо метавонад дар шакли плакатхо (овезахо), стендхо, номалавхахои мунаввар, дигар воситахои техникии устувори чойгиронии мавзеъи амали гардад.

Рекламаи беруни бояд бо аломатхои роххо ва нишонахо мушобех набуда, дидани онхоро халалдор насозад, инчунин ба бехатарии харакат дар рох халал  нарасонад, хамзамон реклама (овеза, номалавха, стендхо ва гайрахо) бояд дар болои  рохи автомобилгард  ё аз тарафи рости рох чойгир шавад. (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

Пахн намудани рекламаи беруни дар шахрхо, нохияхо, шахракхо, дехот ва дигар мавзеъхо хангоми мавчуд будани ичозати макомоти дахлдори махаллии хокимияти давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад: (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

– аз тарафи макомоти дахлдори раёсати истифодабарии роххои автомобилгард, инчунин вохидхои минтакавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон – дар хати чудокарда ва минтакаи наздирохии роххои автомобилгард – берун аз худуди шахрхо, нохияхо, шахракхо ва дехот;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1456)

– аз тарафи вохидхои минтакавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон – дар худуди шахрхо, шахракхо ва дехот;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1456)

– аз тарафи макомоти дахлдори идораи роххои охан – дар хати чудокардаи рохи  охан.

Барои додани ичозати пахн намудани рекламаи беруни бо назардошти талаботе, ки дар кисми якуми ин модда пешбини шудаанд, бо тартиб ва андозахои мукаррарнамудаи макомоти дахлдори махаллии хокимияти давлати ва бо мувофикаи макомоти дахлдоре, ки дар сархатхои якум ва дуюми кисми сеюми моддаи мазкур зикр гардидаанд, маблаг ситонида мешавад. (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

Хамзамон хачми пардохт бояд аз андозаи харочоти корхои анчомдодашуда барои додани ичозати  пахн намудани рекламахои беруни, муайян намудани чойи пахн кардани он ва назорати холати рекламахои беруни ва воситахои техникии чойгиронии устувори мавзеъии  он зиёд набошад.

Пахн намудани рекламаи беруни бо рохи чойгиркуни дар мавзеъ (аз чумла, дар мавзеъхои ёдгорихои фарханги, иншооти расму ойин, мачмуахои хифзшавандаи  табии), бино, иншоот ва дигар объектхо, инчунин муайян намудани хачм ва тартиби пардохти маблаг барои пахн намудани рекламаи мазкур дар асоси шартнома бо молик ё бо шахси ба амвол хукуки моликидошта анчом дода мешавад, агар мутобики конун ё шартнома нисбати шахси ба молу мулк хукуки моликидошта холати дигар пешбини нашуда бошад ва дар мавриди мавчуд будани ичозат кисми  сеюми пешбинишудаи ин модда амали мегардад. 

Моддаи 15. Хусусиятхои реклама дар воситахои наклиёт ва муросилоти почта

Пахн намудани реклама дар воситахои наклиёт дар асоси шартномахо бо сохибони воситахои наклиёт ё бо шахсони ба воситахои наклиёт хукуки моликидошта, агар мутобики конун ё шартнома  нисбати шахсоне, ки ба ин молу мулк хукуки молики доранд, холати дигар пешбини нашуда бошад, сурат мегирад.

Холатхои махдудият ва манъи пахн кардани рекламаро дар воситахои наклиёт бо максади таъмини бехатарии харакат дар рох макомоти ваколатдор, ки назорати бехатарии харакат ба зиммаашон гузошта шудааст, муайян мекунанд. (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

Пахн кардани реклама дар муросилоти почта танхо бо ичозати Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии  Точикистон ба чо оварда мешавад. (КЧТ аз 16.04.12с., №812)

Моддаи 16. Рекламаи дохили

Чойгиронии реклама дар бинохои макомоти хокимияти давлати, муассисахои таълими ба истиснои рекламаи ичтимои манъ аст. (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

Моддаи 17. Хусусиятхои рекламаи навъхои алохидаи молхо

 

Рекламаи спирти этили, машрубот, тамоку ва махсулоти тамоку, махсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фахшдошта, гизои кудакон ва шишачахои ширмаккони (шишачахои ширдуши), маккаку пистонак, воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо, силохи чанги, силохи хизмати, лавозимоти чанги ва техникаи харби, доруворие, ки бо дорухати (ретсепти) духтур дода мешавад, инчунин хангоми рекламаи дорувори мукоиса намудани он бо  дигар дорувори манъ аст.

Рекламаи маводи дорувори, техникаи тибби, тачхизоти таъйиноти тибби ва санитарию гигиени, махсулоти табобатию профилактики, иловагихои озукави ва воситахои косметики (ороиши), инчунин рекламаи усулхои табобат, профилактика, ташхис, солимгардони танхо дар сурати доштани ичозатномаи дахлдор ё хуччати ичозатдихии Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон,  аз чумла дар холати гирифтани патент барои ихтироот дар сохаи мазкур, амали карда мешавад.

Рекламаи силохи гайринизомии ичозатдошта, аз чумла силохи шикори ва варзиши, танхо дар нашрияхои матбуоти даври, ки барои пахн кардани реклама махсус гардонида шудаанд, дар дигар нашрияхои матбуоти даври, ки барои истифодабарандагони чунин силох пешбини  шудаанд, дар чойхои истифодаи силохи шикори ва варзиши, дар воситахои электронии иттилоотии умуми бошад, танхо баъди соати 22  вакти махалли  амали карда мешавад.

(КЧТ аз 18.03.15с., №1202)

Моддаи 18. Хусусиятхои рекламаи хизматрасонии молияви, сугуртави, сармоягузори ва когазхои киматнок

 

Хангоми истехсол, чойгир ва пахн кардани рекламаи хизматрасонихои молияви, аз чумла бонки, сугуртави, сармоягузори ва дигархо, ки бо истифодаи маблаги шахсони вокеи ва хукуки алокаманд мебошанд, инчунин когазхои киматнок ба амалхои зерин рох дода намешавад:

– дар реклама нишон додани маълумоти микдори, ки бевосита ба хизматрасонихои  рекламашаванда ё когазхои киматнок алокаманд нестанд;

– кафолат додани хачми даромадхо тибки сахмияхои номии одди;

– реклама кардани когазхои киматнок то ба кайд гирифтани эълони эмиссияи (барориши) онхо;

– пешниход намудани хама гуна кафолатхо, ваъдахо ё тахминхо оид ба даромаднокии минбаъдаи фаъолият, аз чумла бо рохи эълон намудани баландшавии курби когазхои киматнок;

– ном набурдани хатто яке аз шартхои шартнома, агар дар реклама дар хусуси шартхои шартнома иттилоъ дода шавад.

Моддаи 19. Рекламаи ичтимои

Рекламаи ичтимои манфиатхои чамъияти ва давлатиро ифода намуда, барои расидан ба максадхои хайрияви нигаронида шудааст.

Дар рекламаи ичтимои ташкилотхои тичорати, сохибкорони инфироди, навъхои мушаххаси (моделхои, артикулхои) молхои онхо, хамчунин навъхои молхое, ки натичаи фаъолияти сохибкории ташкилотхои гайритичорати мебошанд, набояд хотиррасон карда шаванд.

Фаъолияти  ба таври ройгон анчомдодашудаи шахсони вокеи  ва хукуки барои истехсол ва пахн кардани рекламаи  ичтимои, аз чумла тарзи солимии  хаёт  ва дастовардхои сохаи тандурусти, додани моликияти худ, аз чумла воситахои пули  ба дигар шахсони вокеи  ва хукуки, дар истехсол  ва пахн кардани рекламаи ичтимои, хамчун фаъолияти эхсонкори дониста шуда, аз имтиёзхои пешбининамудаи конунгузори бархурдор мебошанд.

Пахнкунандагони реклама – воситахои ахбори омма ухдадоранд, ки чойгиронии рекламахои ичтимоии пешниходкардаи рекламадихандагонро дар доираи 10 фоизи вакти намоиш (масохати асосии чопи ) дар як сол, ки конунгузори барои реклама мукаррар  кардааст, чойгир намоянд.

Пахнкунандагони рекламае, ки воситахои ахбори омма намебошанд, ухдадоранд рекламаи ичтимоиро дар доираи 10 фоизи арзиши солонаи хизматрасони чойгир намоянд.

Истехсолкунандагони реклама ухдадоранд хизматрасониро  оид ба истехсоли рекламаи ичтимои дар доираи 10 фоизи хачми солонаи рекламахое, ки истехсол мекунанд, пешниход намоянд.

Шартхои ба вакти чойгирони ва воситахои пахнкунии рекламаи ичтимои тааллукдошта, ки рекламадиханда пешниход мекунад, барои пахнкунандаи реклама хатми мебошад, агар рекламадиханда ба пахнкунандаи реклама на дертар аз як мохи мухлати дар назардоштаи пахни рекламаи ичтимои мурочиат намояд.

Пардохти маблаги истехсол, чойгир  ва пахн кардани рекламаи ичтимои дар асоси шартнома анчом дода мешавад.

Дар сурати зиёд будани хачми фармоишхо барои истехсол, чойгир ва пахн кардани рекламаи ичтимои назар ба меъёрхои вакти мукаррарнамудаи намоиши чунин рекламахо, масохати асосии чопи, хачми  истехсол, чойгирони, пахн кардан ва дар мавриди ба вучуд омадани бахсхо навбати истехсол, чойгир ва пахн кардани рекламаи ичтимои бо тартиби аз чониби истехсолкунандагон ва пахнкунандагони реклама  гирифтани офертаи рекламадиханда муайян карда мешавад.

Ба амалхои истехсолкунандагон ва пахнкунандагони реклама, ки ба истехсол, чойгир ва пахн кардани рекламаи ичтимои дар доираи мукаррарнамудаи конунгузори монеа ба вучуд меоранд, ичозат дода намешавад.

Дар сурати рох додан ба чунин амалхо рекламадихандагон метавонанд бо тартиби мукарраргардида  ба суд шикоят намоянд.

Моддаи 20. Махдудият  дар фаъолияти сарпарасти

Сарпараст хукук надорад, ки ба фаъолияти  кумакгиранда дахолат намояд.

Сарпарастии реклама аз чониби шахсони вокеию хукуки, ки машрубот, тамоку ва махсулоти тамоку истехсол мекунанд, манъ аст.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1456)

Сарпарасти ба барномахои ахбор оид ба вокеахои чори манъ аст. (КЧТ аз 16.04.12с., №812; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1456)

Моддаи 21. Хифзи ноболигон хангоми истехсол, чойгир ва пахн кардани рекламахо

Хангоми истехсол, чойгир ва пахн кардани реклама бо максади мухофизати ноболигон аз суиистифодаи зудбовари ва бетачрибаги ба амалиётхои зерин рох дода намешавад:

– паст задани шаъну шарафи падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) ва омузгорон, инчунин кохиш додани боварии ноболигон нисбат ба онхо; (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

– талкини бевоситаи ноболигон нисбати водор сохтани падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) ба харидани молхои рекламашаванда; (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

– чалб намудани диккати ноболигон ба ин ё он молхое, ки  ба даст оварданашон ба онхо нисбат  ба дигар ноболигон ягон бартари медихад, инчунин ба молхое, ки набуданашон натичаи баръакс медихад;

– дар реклама чойгир намудани маълумоти матни, бинои ё савти, ки ноболигонро дар чойхо  ва вазъиятхои  хатарнок нишон  медиханд;

– паст намудани сатхи зарурии малакахои истифодаи мол  аз чониби ноболигон, хамзамон дар сурате, ки агар тачрибаи истифодаи мол нишон  дода ё тавсиф шуда бошанд, реклама бояд дар хусуси он ки кадом чиз вокеан барои ноболигони гурухи муайяни синну сол, ки мол барояшон пешбини шудааст, маълумот дихад;

– ба ноболигон  талкин намудани хаёлоти гайривокеи  (тахрифшуда) оид ба арзиши (нархи) мол, аз чумла тавассути истифодаи калимахои “танхо”, “хамаги” ва ба хамин монанд, инчунин бо рохи бевосита нишон додани он ки моли рекламашаванда барои бучети тамоми оилахо дастрас мебошад.

Истифодаи тасвири матни, бинои ё савтии ноболигон дар рекламае, ки бевосита ба молхои барои ноболигон дахл надоранд, рох дода намешавад. 

БОБИ 3.

ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ РЕКЛАМАДИХАНДАГОН,

ИСТЕХСОЛКУНАНДАГОН ВА ПАХНКУНАНДАГОНИ РЕКЛАМА

Моддаи 22. Мухлати нигохдории маводе, ки рекламаро дар бар мегирад

Рекламадихандагон, истехсолкунандагон ва пахнкунандагони реклама ухдадоранд маводхо ё нусхахои  онхоро, ки рекламаро дар бар мегиранд, аз чумла хамаи тагйироти минбаъдаи ба онхо воридшавандаро дар муддати як сол аз рузи пахн шудани рекламаи охирин нигох доранд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1457)

 Моддаи 221. Хукукхои рекламадиханда, истехсолкунанда ва пахнкунандаи реклама

 

Рекламадиханда,  истехсолкунанда ва пахнкунандаи реклама хукук доранд бо ариза оид ба пурра ё кисман бекор кардани карори макоми ваколатдори давлати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд мурочиат намоянд. (КЧТ аз 16.04.12с., №812)

Моддаи 23. Пешниходи маълумот барои истехсол ва пахн кардани реклама

Истехсолкунанда ва пахнкунандаи реклама хукуки  талаб карданро дорад ва рекламадиханда дар ин холат ухдадор аст  тасдики дурустии  маълумоти рекламаро бо хуччат пешниход намояд.

Моддаи 24. Eхдадорихои истехсолкунандаи реклама дар мавриди хабардор кардани холатхои

                       вайронкунии конунгузории оид ба реклама

 

Истехсолкунандаи реклама ухдадор аст сари вакт ба рекламадиханда хабар дихад, ки риояи талаботи у хангоми истехсоли реклама метавонад ба вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи реклама оварда расонад.

Агар рекламадиханда сарфи назар аз огохонии саривакти ва асоснокшудаи истехсолкунандаи реклама талаботи худро ба реклама тагйир надихад ё мутобики талаботи истехсолкунандаи реклама тасдики хуччатии дурустии маълумоти барои истехсоли реклама  пешниходшавандаро пешкаш накунад ё дигар холатхоеро, ки рекламаро номуносиб мегардонанд, бартараф насозад, истехсолкунандаи реклама хукук дорад, бо тартиби мукарраргардида шартномаро катъ намояд ва мутобики конунгузории амалкунанда чуброни пурраи зарархоро талаб намояд.

 

Моддаи 25. Пешниходи маълумот ба макоми ваколатдори давлати

(КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

 

Рекламадихандагон, истехсолкунандагон ва пахнкунандагони реклама, инчунин макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот бо талаби макоми ваколатдори давлати (макомоти минтакавии онхо), ки назорати риояи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи реклама ба зиммаашон гузошта шудааст, ухдадоранд дар мухлати мукарраргардида хуччатхои дуруст  ва тавзехотро дар шакли шифохи ё хатти, сабтхои видеои ва овози,  инчунин дигар маълумоте, ки барои амали намудани ваколатхои пешбининамудаи конуни мазкур зарур мебошанд, пешниход намоянд. (КЧТ аз 27.11.14г., №1163; КЧТ аз 18.07.17 с., №1457)

 

Моддаи 26. Пешниходи оммави  оид ба бастани шартнома  дар реклама

 

Окибати эътирофи реклама даъват барои бастани шартнома (оферта) ё худ шартномаи оммави (офертаи оммави) (пешниходи оммави оид ба бастани шартнома барои реклама) буда, тибки Кодекси граждании Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Рекламадиханда вазифадор аст мухлати амали рекламаро, ки барои даъвати шартномакунони (оферта кардан) хизмат мекунад (агар дар реклама акаллан яке аз шартхои асоси  хабар дода шуда бошад), инчунин рекламахоеро, ки ба хайси шартномахои оммави (офертахои оммави) амал мекунанд, нишон дихад.

Агар  рекламадиханда баъди бо тартиби мукарраргардида гирифтани аксепти (розигии) шахс, ки офертаи оммави ба номи у  мебошад, аз бастани шартнома саркаши кунад, ин шахс  хукук дорад  бо талаби бастани шартнома  ва чуброни зараре, ки дар натичаи беасос рад намудани рекламадиханда аз бастани шартнома расонида шудааст, бо дархост ба суд мурочиат  намояд.

 

БОБИ 4.

НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ РЕКЛАМА

 

Моддаи 27. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи реклама

 

Назорати давлатии риояи конунгузории  Чумхурии Точикистон дар бораи реклама аз чониби макоми ваколатдори давлати амали карда мешавад.

Макоми ваколатдори давлати:

– сиёсати ягонаи давлатиро дар сохаи реклама ва фаъолияти рекламави, химояи хукуки истеъмолкунандагони реклама ва назорати фаъолияти рекламавиро амали менамояд;

– барномахои давлатии рушди реклама ва фаъолияти рекламавиро тахия ва ичрои онро ташкил менамояд;

– фаъолияти макомоти давлати ва худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин субъектхои хочагидори, аз чумла сохибкорони инфиродиро дар сохаи реклама ва фаъолияти рекламави хамоханг месозад ва мухити ракобатро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламави таъмин менамояд;

– мониторинги холати бозори реклама ва фаъолияти рекламавиро амали менамояд, махзани ягонаи иттилоотиро дар бораи реклама ва фаъолияти рекламави ташкил намуда, онро идора мекунад;

– ба  рекламадихандагон, истехсолкунандагон  ва пахнкунандагони реклама доир ба бартараф намудани вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи реклама амрнома медихад, аз чумла  карори анчом додани рекламаи мутакобилро равон мекунад ва ичрои онро назорат менамояд;

– дар сурати ба чиноят ё дигар хукуквайронкунихо алокаманд будани фаъолияти рекламавии рекламадихандагон, истехсолкунандагон  ва пахнкунандагони реклама маводхоро бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мутобикан ба макомоти хифзи хукук барои баррасии минбаъда ирсол менамояд;

– дар доираи ваколатхои худ вазифаи хифзи хукукхои истеъмолкунандагон ва пешгирии ракобати бевичдононаро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламави анчом дода, ба суд доир ба беэътибор донистани ахдхои марбут ба рекламаи номуносиб даъво пешниход менамояд;

– дигар ваколатхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

(КЧТ аз 18.03.15с., №1202)

 

Моддаи 28. Макомоти худидоракуни дар сохаи реклама

(КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

 

Иттиходияхои чамъияти, ассотсиатсияхо ва иттиходияхои шахсони хукуки метавонанд макомоти худидоракуни дар сохаи реклама таъсис диханд. (КЧТ аз 27.11.14г., №1163;  аз 18.03.15с., №1202)

Макомоти худидоракуни дар сохаи реклама: (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

– барои иштирок дар тахияи талаботи реклама, лоихахои конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукуки чалб карда мешаванд; (КЧТ аз 16.04.12с., №812)

– экспертизаи мустакили рекламаро чихати муайян кардани мутобикати он ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи реклама мегузаронанд ва тавсияхои дахлдорро  ба рекламадихандагон, истехсол ва пахнкунандагони реклама  мефиристанд;

– аз чониби макоми ваколатдори давлати хангоми амали намудани назорати риояи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи реклама чалб карда мешаванд.

 

БОБИ 5.

РЕКЛАМАИ МУТАКОБИЛ ВА ЧАВОБГАРИ БАРОИ РЕКЛАМАИ НОМУНОСИБ

 

Моддаи 29. Рекламаи мутакобил

 

Хангоми мукаррар намудани далели вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи реклама хукуквайронкунанда вазифадор аст дар мухлати мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати рекламаи мутакобилро анчом дихад. (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

Хамзамон хукуквайронкунанда харочоти рекламаи мутакобилро дар хачми пурра мепардозад.

Хангоми дар мухлати мукарраргардида аз чониби хукуквайронкунанда дода нашудани аксулреклама макоми ваколатдори давлати, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутакобил карор кабул намудааст, хукук дорад дар хусуси ба таври пурра ё кисман боздоштани рекламахои хукуквайронкунанда то рузи ба охир расонидани пахн кардани аксулреклама карор кабул намояд. (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

Хамзамон макоме, ки дар хусуси пурра ё кисман боздоштани рекламахои вайронкор карор кабул намудааст, ухдадор аст, ки аз хукуквайронкунанда  талаб намояд, то  ки  у тамоми тарафхои шартномаи бо хукуквайронкунанда нисбати истехсол, чойгир ва пахнкунии рекламахои басташударо фавран хабардор намояд.

Рекламаи мутакобил тавассути хамон воситахои пахнкунанда ва бо истифодаи хамон тавсияхои давомноки, фазо, чой ва тартибе, ки рекламаи номуносибро рад менамояд, ба анчом расонида мешавад.

Мазмуни рекламаи мутакобил бо макоми ваколатдори давлати, ки далели вайронкуниро мукаррар  ва дар хусуси ислохи он карори дахлдор кабул намудааст, мувофика  карда мешавад.

Дар холатхои алохида тибки карори макоми ваколатори давлати, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутакобил карор кабул намудааст, иваз намудани воситахои пахнкуни, таснифи давомноки, фазо, чой ва тартиби амали намудани аксулреклама  ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 16.04.12с., №812)

 

Моддаи 30. Чавобгарии рекламадихандагон, истехсолкунандагон ва пахнкунандагони реклама

 

Рекламадиханда барои вайрон кардани конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи реклама доир ба чойгир намудани маълумот барои ташкили рекламаи пешниходшаванда чавобгар мебошад, агар исбот нашуда бошад, ки хукуквайронкунии мазкур бо айби истехсолкунандаи реклама  ё пахнкунандаи реклама ба вучуд омадааст.

Истехсолкунандаи реклама барои вайрон кардани  конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи реклама доир ба расмиятдарори, истехсол ва тахияи реклама чавобгар  мебошад.

Пахнкунандаи реклама барои вайрон кардани конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи реклама доир ба вакт, махал ва воситахои чойгиронии реклама  чавобгар  мебошад.

Шахсоне, ки хукук ва манфиатхояшон дар натичаи рекламаи номуносиб вайрон карда шудааст, хукук доранд бо тартиби мукарраргардида чихати руёнидани зарар, чуброни зиёни маънави, раддияи расмии рекламаи номуносиб ба суд мурочиат намоянд. (КЧТ аз 16.04.12с., №812)

 

Моддаи 31. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ аз 16.04.12с., №812)

 

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор  дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                   Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 1 августи соли 2003

№34

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …